logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ИЛМИИ ТОҶИКӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ОН

Забони илмии тоҷикӣ таърихи бештар аз 1000 - сола дошта, хиштҳои нахустини пойдевори бинои он дар асрҳои миёна, дар замони ташаккули аввалин сохти давлатдории тоҷикон - давлати Сомониён гузошта шудааст.

Воқеан, баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён ва ташкил шудани давлати мутамаркази Мовароуннаҳр ва Хуросон гардиши куллие дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми ин сарзамин ба вуқӯъ пайваст. Муҳимтарин тағйирот ин забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ дар тамоми қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон буд. Дар баробари ин, давлати Сомониён дар доираи васеи қаламрави худ шароите фароҳам овард, ки боиси пешрафти пешаварӣ, илм ва адабиёт гардид. Хусусан дар ин солҳои нисбатан ором аз ҷангҳои дохиливу хориҷӣ қувваҳои дарун - дарун ҷӯшзанандаи илмӣ ба ҷунбиш меомаданд. Ин боиси пайдоиши муҳити донишпарваре гардид, ки дар он   саромадони илми тоҷик - Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафои Бузҷонӣ барин олимони ҷаҳоншумул ба воя расиданд.
Таҳлили  забонии «Донишнома» - и Ибни Сино  собит мекунад, ки он бо истифодаи  комил аз имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ дар он марҳилаи ташаккул иншо гардидааст. Масалан: «Аммо  бухор чун аз гармгоҳ  баландтар шавад, ҷунбиши вай гаронтар бувад ва чун ба он ҷойгоҳ расад аз ҳаво, ки сард бувад, сармои он ҷойгоҳ ӯро бубандад, зеро ки сармо бухорро зуд бибандад, чунон ки чун гармобаро дар боз кунанд, сармо аз берун ба ҳавои гармоба расад». Дар асар чаҳор қоидаи сохтани истилоҳоти илмӣ истифода шудааст, ки ин  афкори илмиро оммафаҳм мегардонад: 1) ба ҷойи калимаистилоҳи арабӣ гузоштани муодили тоҷикии он (ҳаракат- ҷунбиш, ашё – чиз, тағйирот – гардиш, мусаллас – сесӯ, мураббаъ – чорсӯ, илм – дониш ва ғайра); 2) дар заминаи имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ сохтани истилоҳоти илмӣ: барсӯ, фурӯсӯ, молиш, бисовиш, пӯшан, пазиро, оромиш, паҳно, миёнҷӣ, таркибпазир, созӣ, носозӣ, ҷойгоҳ, қисматпазир ва ғайра; 3) истилоҳ гардондани калимаи забони умум. Чунончи: калимаи «гирд», ки маънии луғавиаш «доирашакл будан» аст, чун истилоҳи илмӣ маънии нави «гарданда» гирифтааст: ҷунбиши гирд; 4) иқтибосу истеъмоли истилоҳоти арабӣ: ҷисм, тӯл, арз, сабаб, макон, замон ва ғайра.
Абурайҳони Берунӣ низ дар эҷод ва мураттаб сохтани истилоҳоти илмҳои риёзӣ (математика), ҳандаса (геометрия), ҳайат (астрономия) ва ҷуғрофия  (география) хизмати босазо  кардааст.  Ӯ дар асари «Китоб-ут-тафҳим», ки соли 1029 ба забони тоҷикӣ таълиф гардида, мафҳумҳои зиёди илмиро гирд овардааст. Аз лиҳози мазмуну мандариҷа ин асари Беруниро «қомуси илмҳои дақиқ дар аҳди Сомониён» гуфтан мумкин аст.  Асар ба тариқи пурсишу посух таълиф гардида, дар он на танҳо номи мафҳумҳои илмӣ, балки мазмуни ин мафҳумҳо низ оварда шудааст.  Чунончи: «Доира чист? Шаклест бар сатҳе, ки гирд бар гирди ӯ хате бувад, ки номи ӯ муҳит аст ва давр низ хонанд ва ба миёни ӯ нуқтаест, ки ӯро марказ гӯянд ва ҳамаи хатҳои росте, ки аз марказ берун оянд ва ба муҳит расанд, ҳамчанди якдигар бошанд» ва ғайра.  Ӯ зимни истифодаи калимаи арабӣ маънии тоҷикии онро низ меорад, чунончи: «Иртифоъ - баландӣ бошад» ва ғайра.
Мутаассифона, дар ин давра ва минбаъд дар ҷомеа тафаккури илмию техникӣ ба вуҷуд наомад ва ҳол он ки ин раванд  метавонист ба рушди минбаъдаи илму техника ва ташаккули забони илмии тоҷикӣ такони ҷиддӣ бахшад. Сабабҳо ба назари мо инҳоанд: якум,  фароҳам оварда нашудани шароити комил барои саводнок кардани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, яъне ташкил карда нашудани мактабҳои таҳсилот;   дуюм, таъсис наёфтани марказу мактабҳои илмие  чун «Академияи Маъмун» ва дар онҳо муттаҳид карда нашудани олимони давр,  ки ба таҳқиқу омӯзиши илмҳои замона ба таври самарабахш сафарбар гардонда шаванд;  сеюм, ба забони тоҷикӣ тарҷума нагардидани асарҳои илмие, ки бо забонҳои классикии илм – лотинӣ ва юнонӣ ва бо забони арабӣ таълиф шуда буданд;   чорум, набудани имкониятҳои зарурӣ  барои ба  миқдори зиёд китобат кардан ва дастраси аксарият  гардондани асарҳои илмии олимони давр, ки ба забони тоҷикӣ таълиф  гардида буданд. Ҳамин аст, ки ин асарҳоро шумораи ками аҳолӣ, танҳо касоне хонда метавонистанд, ки ашрофзодаҳо буданд ва хату савод доштанд.
Бо вуҷуди  ин, дар асрҳои X – XII донишмандони дигари тоҷик кӯшиш намуданд, ки  анъанаҳои Ибни Сино ва Беруниро дар ифода кардани афкори илмӣ ва сохтани истилоҳоти тоҷикии соҳаҳои дигари илм, мисли фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, тиб ва ғайра  идома диҳанд. Масалан, Носир Хусрави Қубодиёнӣ дар асарҳои худ «Зод-ул - мусофирин» ва «Ҷомеъ - ул - ҳикматайн» дар баробари нигаҳдорӣ намудани истилоҳоти ҷоринамудаи Ибни Сино, истилоҳоти зиёди  арабии фалсафиро бо забони тоҷикӣ ифода намуд. Масалан, танҳо бо истифода аз пасвандгунаи «пазир» чунин истилоҳҳо сохтааст: амрпазир, илмпазир, суратпазир, корпазир ва ғайра. Дар сохтани истилоҳоти тоҷикии фалсафӣ саҳми олимон ва файласуфони дигар – Насириддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ ва дигарон низ хеле арзанда аст.  Исмоили Ҷурҷонӣ дар асари худ «Хазинаи Хоразмшоҳӣ» дар баробари ифода кардани афкори олимони табиби давр, дар сохтани истилоҳоти тоҷикии тиббӣ хизмати арзанда намудааст. Дар «Сиёсатнома» - и Низомулмулк истилоҳҳои соҳаи ҳуқуқ, сиёсатмадорӣ ва ҳарбӣ аз захираи луғавии забони тоҷикӣ гирифта ва ё бо истифода аз имкониятҳои забони тоҷикӣ хеле зебо  сохта шудаанд: сипаҳсолор, хазинадор, додгар, додгустар, дарбон, посбон, тиркаш, доварӣ ва ғайра.  
Таҳлили асарҳои «Наводир - ул - вақоеъ» - и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро» - и Мирзосироҷи Ҳаким ва асарҳои асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ нишон медиҳад, онҳо нисбат ба сохтани ҳамтои тоҷикии истилоҳоти русиву аврупоӣ бисёр таваҷҷуҳ доштаанд. Ин донишмандон кӯшидаанд, ки ҳамтои тоҷикии баъзе аз ин гуна истилоҳотро биёбанд ё бисозанд.
Масъалаи рушди забони илмии техникии тоҷикӣ ва истилоҳоти он дар замони Истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб мешаванд. Сардори давлат борҳо таъкид доштанд ва ҳам дастур доданд, ки он эҳёву роиҷ гардад.
Нурзода Пирмаҳмади ГУЛПУР,
доктори илми  филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 784

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед