logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНСОФ
Ҷавоне вориди автобус шуда, дар ҷойи холӣ нишаст. Дар муддати кӯтоҳ автобус пур аз одам шуду сафи занону пиронсолони беҷой афзудан гирифт. Ин вақт зани солхӯрдае  бо ишора ба ҷавони бепарво нишаста  мегӯяд:
- Ҳангоми ҷавон будан мо ба калонсолҳо ҷой медодем, то роҳат бошанд.
Ҷавон, ки мусиқӣ гӯш карда, аз оинаи нақлиёт ба берун нигоҳ мекард, гапи занро ҳатто нашунид.
- Шумо нишаставу калонсолҳо рост истодаанд, - бо афсӯс зани миёнсоле низ ба гап ҳамроҳ шуд.
Ин вақт як мард оҳиста ба китфи ҷавон зада гуфт:
- Эй беинсоф, ақли ба калонсолон ҷой додан надорӣ?
Ҷавон, ки акнун аз асли воқеа огоҳ шуд, хам гашта аз зери курсӣ асобағалашро гирифт. Ҳоли ӯро дида, автобуси пурғалоғула якбора хомӯш шуд. Ҷавон бе он ки чизе гӯяд, барои худ ҷойи мувофиқе ёфта, ба асобағал такя намуд ва рост истод.
Автобус то истгоҳи охир пур аз одам буд, вале касе дар он ҷойи холӣ майли нишастан накард.
Таҳияи Фаршед МАРДОН


ОЁ КАЛИД ПИР МЕШАВАД?
Ба ин пурсиш аксар посух медиҳанд: «Не»! На танҳо «не» мегӯянд, балки ба ин пурсиш эрод мегиранду чунин андешиданро ҳатто қобили қабул намедонанд. Фаразан, агар яке аз мо «пир шудани калид» - ро ин гуна ва ба дигар тобишҳои маъноӣ истифода бикунем, ҳатман ба сафсатагӯӣ айбдорамон месозанд. Аммо орифу шоири бузург Фаридуддини Аттор бисёр зебо ва бо мантиқи қавӣ собит намудааст, ки калид пир мешавад. Овардани як байти ӯ дар ин маврид кофист, ки ҳама андешаҳову тасмимҳои нодурустро рафъ бинамояд ва минбаъд эътироф бикунему бо боварӣ бигӯем: «Оре, калид пир мешавад»!
Қуфли ишқаш кай кушоӣ, гар калиде набвадат?
В – он калидат пир шуд, на чӯбу на дандонае.
Абдулқодири РАҲИМ


ФАРДО ШОЯД ДЕР МЕШАВАД
Марде пеши дукони гулфурӯш ногаҳон модарашро ба хотир овард. Хост гулдастае харида, ба ӯ фиристад. Баробари аз дукон берун шудан, духтареро дид хеле маҳзун. Таваққуф кард ва сабаб пурсид. Духтар гуфт:
- Ба модарам гулдастае бурдан мехостам, аммо пулам нарасид.
Мард табассум карду ба духтар низ гулдаста харид. Ва чун хушҳол буд, ба духтарча илтифот кард:
-  Мехоҳӣ то хона, то ба назди модарат бирасонам?
- Не, сипосгузорам. То мазори модарам роҳ он қадар дур нест, - ҷавоб дод духтар.
Марди воқеан серкор, ки мехост зуд рафта гулдастаро тавассути касе ба модараш равон кунад, якбора аз ин нияташ гашт. Суханҳои духтарак сахт таъсираш карданд, ки дилаш аз аламу хотираҳои ҳузнангез саршор гашт. Аз баҳри кору серкорияш гузашт ва зиёда аз дусад километр роҳро тай намуда, гулдастаро бо дасти худ ба модараш расонд. Оби чашмонашро касе надид, зеро сар дар кафи пойи модар дошт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ВАЙТОМО - ҒОРИ СИТОРАЗОР
Зеландияи Нав бо табиати афзункораш дар олам машҳур аст. Яке аз зебоиҳои он ғори Вайтомо ба шумор меравад, ки дар қисмати шимолии мамлакат ҷойгир мебошад. Дар он шумораи зиёди гамбусакҳои нурафкан  мавҷуданд.  Ба андешаи пажӯҳишгарон, ин навъи гамбусакҳоро танҳо дар ин ҷо метавон вохӯрд. Онҳо ҳар қадаре ки гурусна монанд, ҳамон андоза рӯшантар мешаванд. Хӯроки асосиашон занбӯруғ маҳсуб меёбад.
Гамбусакҳо бо ҷилои сабзу осмонӣ ва нуқрагиашон ғорро нурафшон карда, гӯиё дар қаъри Замин  осмони ситоразорро ба вуҷуд овардаанд. Онҳо аз овози баланд меҳаросанд ва аз ларзиш мемонанд, ки ин боиси ғорро  фаро гирифтани торикӣ мегардад.
Ин мавзеъ макони дӯстдоштаи сайёҳон аст. Дар фасли зимистон ба ҳисоби миёна ҳар соат 100 турист ба ин мавзеъ меояд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
2. Миллоу
Ин пули дар ҷаҳон калонтарини овезон дар баландии қариб 350 метр аз кӯли Карови Фаронса бунёд шудааст. Аснои гузар аз болои ин муъҷизаи меъморӣ эҳсосе фаро мегирад, ки гӯё парвоз мекунӣ.
Барои сохтани пул, ки аз манораи Эйфел баландтар аст, се сол рафт - Миллоу декабри соли 2004 кушода шуд. Аммо аз ин баландии ваҳмангез на ҳар кас ғайрати тамошои манзараҳои дилошӯби водӣ мекунад. Пул ба 7 поя такя карда, наздики 36000 тонна вазн дорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


"БОССИ РӮБУЧИН"
Миллионери куриётабор   Йо як одати ба худ хос дорад. Муддати 11 – соли охир соҳибкор дар Баҳрайн зиндагӣ  менамояд ва ҳар рӯз субҳи барвақт аз хоб хеста, ба кӯчарӯбии шаҳр машғул мешавад.
Ин мард ҳатто барои ҷудо ва коркарди партовҳои ҷамъовардааш низ вақт меёбад.  Ба саволи он, ки чаро тӯли 11 сол ин амалро анҷом медиҳад,  Йо посух дод: «Иҷрои ин корро мехоҳам».
Одати мазкур куриёиро шарафманду маъруф намуд. Акнун дар Баҳрайн мардро «Босси рӯбучин»  меноманд ва ба назар мерасад, ки вай, воқеан ба тоза нигоҳ доштани  кӯчаҳо ҳавасманд аст.
«Партовҳои зиёде дар хиёбону кӯчаҳо мавҷуданд, ки боиси сирояти   одамон ва  ҳамчунин, сабаби  пайдоиши  проблемаҳои бештари шаҳрдорӣ мегарданд. Ба гуфтаи шоҳидон Йо он қадар аз партовҳо нороҳат мегардад, ки ҳатто дидани хокистари сигор ҳам, барояш риққатовар аст.
«Ин ҳама пул аст»,  - ба ғарами партовҳо бо ишора таъкид карда мегӯяд, мард. Вай ҳар тӯдаи партовро алоҳида ҷудо карда, дар халтаҳои махсуси аз Куриё дарёфтнамудааш бастабандӣ менамояд.
«Имрӯз вай дар ин кишвар  намунаи инсони одӣ ва идеалест барои хоксорӣ. Бояд гуфт, ки Йо бо анҷоми як чунин амали барояш фавқулода  ба ҷавонони баҳрайнӣ намунаи олии  ибрат аст», -  менигорад сомонаи Mail Online гуфтаи яке аз дӯстони араби Йоро.
Таҳияи  Барноз  РАҲМОНШОЕВА


ЯК МАСЛИҲАТ!
Барои донистани рақами сериявии телефон *#06# - ро пахш намоед. Дар экрани телефони шумо 15 рақам пайдо мешавад. Рамзи додашуда барои ҳифзи ҳар як телефон беҳамто мебошад. Рамзро дар ҷои бехатар навишта, ё дар хотир гиред. Ҳангоми дуздидани телефон ба оператори худ занг зада барои қатъ намудани фаъолияти он ба воситаи IMEI рамзи додашударо равон намоед. Дар ин ҳолат оператор метавонад телефони шуморо муҳосира намояд. Агар дузд SIM - кортро иваз кунад ҳам, телефонро дигар истифода бурда наметавонад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
10. Ҷазираи Лисянский
Ин ҷазираи хурди уқёнуси Ором дар қисми шимолу ғарбии галаҷазираҳои Гавайа ҷойгир аст.  Ҷазираро ҳангоми саёҳати гирди олам, ки таҳти роҳбарии  дарёнаварди рус Иван Крузенштерн сурат гирифта буд, соли 1805 баҳрнавард ва муҳаққиқ Юрий Лисянский кашф менамояд ва  он номи ӯро мегирад. Соли 1909 бо ташаббуси президенти 26 - уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Теодор Рузвелт ҷазира ба мамнӯъгоҳи парандаҳои Гавайа ҳамроҳ карда мешавад.
Дар наздикии ҷазираи Лисянский дар майдони 979 километри мураббаъ обсанги марҷонӣ доман густурдааст. Маҳз дар ҳамин мавзеъ макони марҷонҳо, ки номи «Боғи марҷонҳо» - ро дорад, ҷойгир мебошад.  
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


СТАЛИН ВА ОГОҲИИ ВАЗИР
Тавре маълум, Сталин кашидани тамокуро дӯст медошт. Вазири вақти тандурустӣ хост ӯро аз зарари тамоку ба саломатӣ огоҳ намояд, вале аз «саломатӣ»-и худаш андеша карда, аз ин амал худдорӣ намуд.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


БОНУ МИЛЛИАРДЕРҲО
Жаклин Марс, чун бонуи пулдортарини олам ҳисоб шуда, дар радифи дигарон ӯ низ сарвати бебаҳои худро аз падар мерос гирифтааст. Вай давомдиҳандаи кори падар,  роҳбари маъруфтарин ширкати калони қаннодии амрикоии «Mars» мебошад. Маҷмӯи дороии ӯ ба 20 миллиард доллар баробар аст. Ин ширкат ғайр аз шоколади  «Mars» боз ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва нӯшокиҳо машғул мебошад.

Джина Райнхарт, зани пулдортарини Австралия, роҳбари ширкати оилавии Медиа- Холдинг «Fairfax Media»  ва  «BRW» (Business Review Weekly) – ро ба уҳда дошта, сарвати ӯ ба 17,7 миллиард доллари ИМА баробар аст.
Таҳияи Н. РАҲМОН


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
Намудҳои варзиши Бозиҳои олимпӣ
Дар олами антиқа Бозиҳои олимпӣ чун нуқтаи интиқолӣ хизмат мекарданд. Намудҳои варзиши ба барномаи мусобиқоти дар Олимп воридгардида аксаран бо баъзе тағйиротҳои ҷузъӣ ба барномаҳои мусобиқоти дар дигар майдонҳои Панэлли сурат мегирифта, ҳамроҳ ва ё бо тағйироти начандон калон дар зӯрозмоиҳои маҳаллӣ ворид мегардиданд.
Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ намудҳои инфиродии варзиш дохил мешуданд. Намудҳои варзиши обӣ низ шомили барнома буданд.
Ифтитоҳи бозиҳо бо қурбонӣ кардани чорво дар қурбонгоҳи Зевс таҷлил мешуд. Зӯрозмоиҳо, ки тақрибан муддати панҷ рӯз идома меёфтанд, дар варзишгоҳ ё ипподром сурат мегирифтанд. Замини варзишгоҳ шиббазадашуда ва шакли зовияи мустақимдоштаро монанд буд. Дар он балкон вуҷуд надошт ва тамошобинон рӯи нашимангоҳи зинадори махсус менишастанд. Ба шахсони расмӣ ва доварон минбари хос дода мешуд. Одамони озод, ғуломон ва духтарон ҳаққи тамошои бозиҳоро  доштанд. Танҳо ба занҳои шавҳардор  иҷозат дода намешуд, ки дар миёни издиҳоми тамошобинон бошанд.
Бозиҳо бо тантана ба ифтихори ғолибон ва қурбонӣ ба шарафи Зевс ба анҷом мерасиданд.
Зӯрозмоиҳо аз рӯи намудҳои зайл доир мегардиданд: навъҳои гуногуни давидан, дискпартоӣ, найзапартоӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, намудҳои муҳорибавии варзишӣ, гӯштигирӣ, панкратион, бокс, панҷҳарба ва аспсаворӣ.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Ҳамаи онҳоеро, ки ба бозор меоянд, Пифагор ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунад: қисмати аввал онҳое, ки чизе фурӯхтан мехоҳанд, қисмати дувум онҳое, ки нияти чизе харидан доранд. Ин ду гурӯҳ чун мушкил доранд, ҳамеша ғарқи фикру андешаанд ва табиист, ки наметавонанд хушҳолӣ кунанд. Танҳо қисмати сеюм, ки барои тамошо меоянд, воқеан озод ва хушбахтанд.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


РЕГЛАМЕНТ
Яке аз раисони Комиссариати халқӣ, ки ба Бюрои сиёсӣ даъват шуда буд, пеш аз баромад аз аъзои раёсат мепурсад:
- Чӣ хел маърӯза кунам, кӯтоҳ ё муфассал?
- Чӣ хеле, ки хоҳед, метавонед кӯтоҳ маърӯза кунед, метавонед муфассал. Фақат аз регламент набароед, ки ҳамагӣ се дақиқа аст,- мегӯяд Сталин.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ОБОРОТЕН ДАР РИВОЯТҲО ВА ДАР ҲАЁТИ МУҚАРРАРӢ
Оборотен (бадкор) – яке аз образҳои манфии мавҳумоти хурофотӣ. Бо ҳамроҳии вампир (мурдаи гӯиё аз гӯр баромада хуни одамонро мемакидагӣ), албастӣ, парии обӣ, шабаҳҳо ва ҷодугарон ҳазорҳо сол боз дар дили хурду калони шаҳру деҳаҳо ва ҳатто гӯшаҳои дурдасту хилват тарсу ҳарос мекорад.
Вожаи «ликантроп» (як намуди беморӣ), ки оборотен номашро аз ҳамин калима гирифтааст, маънои «одам - гург» - ро дорад ва баромадаш аз калимаи юнонии Likantropia аст. Баъзе фарҳангҳо ин калимаро чӣ тавр «ба гург табдил ёфтани албастиҳо» шарҳ додаанд.
Оборотенҳои  «ҳақиқӣ» дар ҷомеаи имрӯзаи мо онҳоеанд, ки ба сифати мариз дар беморхонаҳои клиникии рӯҳӣ табобат мегиранд. Ли-кантроп -  бемороне (ҳам зану ҳам мард), ки худро гург меҳисобанд.  Ҳарчанд фарқияти этимологии байни калимаҳои «оборотен» ва «ликантроп» зиёд нест (оборотен, лотинӣ: одам - гург; ликантроп lykanthropos, юнонӣ: гургодам), бо тарзи истифода аз ҳамдигар фарқ доранд: вожаи «ликантроп» истилоҳи тиббист барои муайян намудани ҳолати рӯҳии мариз, «оборотен» - истилоҳи тиббӣ набуда, барои ошкор сохтани тинату хислати ҷинояткорони филмҳои бадеӣ истифода мешавад. Аммо чӣ тавр ин муаммо то ба замони мо расид. Нақле, ки меорем, шояд ба ин масъала каме рӯшанӣ андозад. 
Дар охири асри XVI дар Оверн шахси дорое мезист бо насаби Санрош. Завҷаашро хеле дӯст медошт. Мулкаш дар доманакӯҳ буд. Боре дар нисфирӯзии тирамоҳи соли 1580 моҳигир ва шикорчии машҳур Ферол меҳмонаш шуд ва ӯро ба шикор даъват намуд. Санрош гуфт, ки адвокаташ меояд ва наметавонад ин даъватро бипазирад. Шикорчӣ рафт, баъди чанд дақиқае адвокат низ пайдо гашт ва зуд корашро анҷом доду қафо баргашт. Хӯроки шом хӯрду ногоҳ даъвати шикорчӣ ба ёдаш зад. Дар хона завҷааш нест, чаро ба шикор наравад? Бо ин андешаҳо ба пешвози дӯсташ Ферол баромад.
Вақте ки онҳо дар марғзори борики байни ду теппа вохӯрданд, заминдор дид, ки пироҳани шикорчӣ даридаву хунолуд. Ферол ба зӯр нафас мекашид ва хеле афсурдахотир менамуд. Баъди каме нафас рост намудану ба худ омадан, Ферол ҳаяҷономез гуфт: «Хеле гаштам, оҳуе надидам. Аз чакалакзор нохост наъраи ваҳмангезе ба гӯш расид. Чашм аз ҳамон тараф наканда, оҳиста қафонокӣ қадам гузоштам. Милтиқ барои паррондан омода буд. Гурги бадҳайбате сӯям давид. Паррондам, аммо аз сабаби он ки қафо лағжидам, тир хато хӯрд. Гург ба гулуям даҳон заданӣ шуд, бо дастаи камон ба сараш фаровардам, ки ба замин афтод. Зуд бархосту боз ба тарафам ҷаҳид. Бо корд ба дасташ задам, ки қафо рафту баъд гурехт, панҷаи дасташ ба ёдгорӣ монд, ана дар халта». Вай хам шуда халтаро кушод, вале дар ҷояш шах шуда монд. Дар рухсорааш ранг намонда буд. «Ҳеҷ чиро намефаҳмам, - пичиррос зад Ферол, - охир панҷаи гург буд».
Санрош нигарист, дар рӯи алаф банди панҷаи нав буридашудаи одам мехобид. Ӯро ваҳм пахш намуд, вақте ки чашмаш ба ангуштаринҳо бархӯрд, ҳаросаш боз ҳам афзуд, зеро ба ангуштаринҳои завҷааш монанд буданд. Вай ба хонааш омада, занашро беҳуш бо дасти бурида дарёфт. Табибро даъват намуд, духтур зуд расида омада маҷрӯҳро наҷот бахшид, аммо шавҳар он қадар содиқ набаромад, ба ҳукуматдорон хабар кашид. Муҳокимаи судӣ баргузор гашт, баъди шиканҷаҳои зиёд зан дар бораи ҷиноятҳояш иқрор шуд. Гуфт, ки ба гург табдил меёбад ва одамонро медарад. Ӯро албастӣ гӯён ба сутун баста сӯзонданд.
Дар фарқият аз вампир, ки аз гӯр баромада хуни одамони зиндаро мемакид, оборотен аз он дунё намеомад, балки махлуқи заминӣ буд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки сабаби ба гург табдил ёфтани одам шояд бемории гузарандаи ликантропия буд. Аз ин рӯ, бар зидди ин беморӣ бераҳмона мубориза мебурданд ва ба касалӣ гумонбаршудагонро месӯзонданд.
Гирифторони ликантропия зуд зоҳиран дигар мешуданд. Ларза ба табларза  мегузашт, дастон варамида дарозтар, пӯст ва ангуштон шахшӯлу баднамо мешуданд. Дар шабҳои маҳтобӣ дар ликантропҳо ҳисси хунхӯрӣ бар дигар эҳсосоти одамӣ ғолиб мебаромад. Рӯзона одам – гург боз ба одам табдил меёфт.  Ҳанӯз дар соли 125 то эраи нав шоири римӣ Мартселл Сидет дар бораи ликантропия нависта буд, ки шахси ба ин беморӣ печида, худро гург мепиндошту хунхорӣ мекард. Таърих гувоҳ аст, ки ликантропия дар ҳама замонҳо дар аксари кишварҳо будааст. Ривоятҳо низ зиёданд, танҳо аҷоиботаш дар он ки ҷузҳои афсонаҳо хеле ба ҳам шабоҳат доранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 867

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед