logo

иқтисод

НАМОИШГОҲИ «HEIMTEXTIL RUSSIA - 2017». БА МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР АСТ

Дар шаҳри Маскав Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти нассоҷии ороиши дохили хона (интерйер) «Heimtextil Russia - 2017» баргузор гардид. Дар чорабинӣ Тоҷикистон бори аввал иштирок намуда, қолинҳои дастӣ ва маҳсулоти нассоҷиро барои хона зери бренди миллии «La’al Textiles» ба намоиш гузошта шуд.
Маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони иштирокчии лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истеҳсол гардидааст.
Ин чорабинӣ 19 - умин намоишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 218 ташкилоту корхона аз кишварҳои Мексика, Олмон, Фаронса, Чин, Ҷопон, Туркия, Покистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва давлатҳои дигар маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Дар гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни намоиш ба маҳсулоти соҳибкорони тоҷик бештар таваҷҷуҳ намуданд. Бо мутахассисони соҳаи дизайн, ороиши хона, масъулони фурӯши маҳсулоти эксклюзивӣ тариқи интернет мубодилаи афкор сурат гирифт. Баробари ин, ба воситаи экранҳо навор ва суратҳои коллексияи нав дар бораи маҳсулоти ватанӣ пай дар пай намоиш дода шуд.
Чорабинии «Heimtextil» дар ҷаҳон яке аз машҳуртарин намоишгоҳ дар самти намоиши маҳсулоти ороиши хона маҳсуб меёбад. Интизор меравад, ки ба ғайр аз Федератсияи Русия, он дар Олмон, ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон баргузор карда мешавад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 742

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед