logo

сиёсат

ТАНЗИМ ГАРАВИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Мардуми мо баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва паси сар кардани мушкилоти дохилии солҳои аввали истиқлолият давраеро ба сар мебурданд, ки  ниҳоят ҳассос буд ва илова бар ин, ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявӣ фаро гирифта буд. Дар баробари ин, мушкили дигаре, ки зиндагии мардумро сангинтар ва вазъи иқтисодиашонро фалаҷ карда буд, одатҳои ба ном мардумӣ, вале дар асл сарфу хароҷоти беҳуда дар тӯй ва азодориҳо буданд. Ҳатто замоне ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, халқ ба буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ дучор омада буд, баргузор намудани чунин маросимҳо аз байн нарафт. Мардум бо мушкилиҳои хеле зиёд рӯзии худро ба даст меоварданд, аммо бо қарз гирифтани маблағҳои зиёд тӯю маросимҳои худро бодабдаба баргузор мекарданд, ки ин боиси солҳо зери қарз мондани онҳо мегардид.

Сарвари давлат ҳанӯз аз солҳои аввали интихоб шуданашон, сарфи назар аз мушкилоти зиёди дохилӣ, ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд ва ҳамеша аз доман паҳн кардани ин гуна одатҳо ва суннатҳои миёншикан изҳори нигаронӣ менамуданд.
Бо дарназардошти аҳамияти масъала, 9 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе машварати ҷумҳуриявӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид, ки дар заминаи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расид.
Соли 2007  баъди  гузарондани  назарсанҷиҳои  умумихалқӣ ва бо дарназардошти андеша, пешниҳод ва таклифҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъд аз қабули қонуни мазкур аз 70 номгӯй ҷашну маросимҳои миллӣ дар кишвар танҳо 15 номгӯй боқӣ монд. Ин қонун бо гузашти ҳамагӣ шаш моҳ тавонист натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.
Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои Дафтари барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид 870 миллион нафар дар ҷаҳон барои хӯрдан ғизои кофӣ надоранд, ки ин ҳамасола боиси марги 2,6 миллион нафар кӯдакони то панҷсола мешавад. 66 миллион нафар кӯдакон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гурусна ба мактаб мераванд, ки 23 миллион нафари онҳо дар қитъаи Африқо умр ба сар мебаранд.
Маросимҳои дафну азодорӣ аз замонҳои қадим то ба даврони мо бо шаклу усулҳои гуногун барпо мегарданд. Ва ҳар ҷомеае вобаста ба пайравӣ аз дину оини хеш онҳоро ба хотири хушнудии рӯҳи шахси фавтида баргузор менамояд.
Дар кишвари мо ва бисёре аз давлатҳои ҷаҳон маросими дафн ва ё азодориро наметавон бе омода намудани таом ва дигар навъҳои хӯрданӣ тасаввур кард. Баъд аз фавти шахс маросимҳои  сартахтагӣ, себегоҳӣ, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, чил, шашмоҳагӣ, сол ва ниҳоят хотирҷамъӣ соҳибони майитро сахт дар ташвиш мегузоштанд ва ба қавли мардум “болои мурда сад чӯб” мешуданд.
Бисёр анъанаҳои хурофотӣ, ки ба ягон оини мо - тоҷикон ва дигар мусулмонони рӯи дунё алоқамандӣ надоранд, солҳои зиёдест қомати шаҳрвандони моро хам намудаанд, ҳарчанд шариати ислом баргузории ин гуна маъракаҳоро ҳатмӣ намедонад. Тибқи пешниҳодҳои охир, минбаъд ҳама гуна маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотиҳа ва бе таом баргузор мегарданд. Шаҳрванд метавонад хайру эҳсон намояд, вале ба шакли дигар, ба монанди дастгирии ятимон, камбизоатон, пиронсолон ва ё обод намудани роҳҳо, кӯпрукҳо, таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва амсоли онҳо ва бо чунин корҳо метавонад соҳиби савоби бештар гардад.
Сарфи назар аз натиҷаҳои назаррас, мутаассифона, баъзан ҳолатҳои аз ҷониби мансабдорону соҳибкорон ва нафарони соҳибнуфуз вайрон шудани қонуни танзим ба назар мерасид.
Таъкиди Пешвои миллат дар мулоқоти охири хеш ба ин нукта, ки назорати қонун ва қонуншиканиҳо барои мансабдорону тоҷирон пурзӯр карда шавад ва мансабдор метавонад барои нақзи қонун аз вазифа сабукдӯш шавад, соҳибкор барои ин амалаш даҳ баробар бештар аз шаҳрванди одӣ ҷаримабандӣ гардад, механизми хубест барои пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт.
АҲМАДЗОДА Ҷамшед Ҷалол,
раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 798

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед