logo

суханрониҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ, 22 сентябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад. Аз ин хотир, мо дар ҷараёни пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоли худ ҳарчи бештар ба арзишҳои таърихии миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузошта, ба масъалаи бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва ҳифзи фарҳанги пурғановати миллиамон афзалият медиҳем.
Бо ин мақсад мо дар баробари амалӣ кардани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябрро Рӯзи Рӯдакӣ эълон карда, наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлату давлатдорӣ буд, воқиф месозем ва онҳоро ба худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамоем.
Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад. 
Маҳз устод Рӯдакӣ буд, ки ҳамчун бунёдгузори кохи бегазанди андешаву орои олӣ дар хотири мардуми мо ва инсонияти фарҳангдӯсту адабпарвар ба ҳайси раҳнамову раҳкушои ҳазорон гӯяндагони бузург, аз қабили Фирдавсиву Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Шоҳину Аҳмади Дониш, Айниву Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон нақши ҷовидонӣ гузоштааст.
Вақте мегӯем, ки адабиёт оинаи зиндагӣ ва баёнгари орзуву омоли аҳли башар аст, пеш аз ҳама шеъри зиндагисозу рӯҳнавози устод Рӯдакӣ ба хотир мерасад.
Устод Рӯдакӣ дар олами шеъру шоирӣ ба мақоме даст ёфт, ки дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёт кам касоне ба он сатҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки ӯро бо номҳои “султони шоирон”, “соҳибқирони шоирӣ”, “устоди устодон” ва “нахустустод” ёд мекунанд.
Ба қавли донишманди маъруф Саид Нафисӣ, “Худои Эрони Бузург ба ӯ табъе чунон саршор ато карда буд, ки шеър гуфтан барои вай аз сухан гуфтани дигарон осонтар буд. Як милёну сесад ҳазор шеър гуфт ва ҳанӯз дар ҷаҳон  касе бад-ин появу моя дар ҳеҷ забоне нарасидааст”.
Эҷодиёти устод Рӯдакӣ барҳақ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ва гузашта аз ин, дар адабиёти ҷаҳон аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво, ҳамчунин аз нигоҳи содагиву равонӣ камназир аст.
Муҳаббати сухани ӯ дар қалби мардуми мо ҳанӯз аз хурдсолӣ ҷой гирифта, онҳоро ба дӯст доштани зиндагӣ, фаро гирифтани илму дониш ва инсондӯстиву хайрхоҳӣ раҳнамоӣ месозад.
Шеъри Рӯдакӣ, ки зиёда аз ҳазор сол инҷониб дар фазои зиндагии мардуми мо танинандоз аст ва паёми озодиву истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкориву ҷавонмардӣ ва зебоиву нафосатро мерасонад, барои наслҳои имрӯза низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад.
Панду андарзҳои безаволи Рӯдакӣ, ки ҷанбаи дигари муҳими эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд, аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба қавли худи устод ба хонанда «бо чашми дил дидани олам»-ро меомӯзонанд.
Мо, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ кору зиндагӣ дорем, дар баробари дигар паҳлуҳои пурқимати ашъори устод Рӯдакӣ бештар ба панду андарзҳои ҷовидонии ӯ, ки дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпараст аҳамияти муҳим доранд, ниёзмандем.
Аз ин рӯ, ба наслҳои имрӯзу ояндаи  миллатамон зарур аст, ки ҳамчун ворисони бевоситаи фарҳанги куҳанбунёди хеш фармудаҳои бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Рӯдакиро дастури зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Зеро ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ва шеъри ӯ имрӯз низ бо мост ва мо бо мутолиаву баҳрабардорӣ аз мактаби одамияти ӯ ба мақому манзалати устод дар рушди фарҳангу адаби  куҳанбунёди миллатамон ва кулли форсизабонони ҷаҳон беш аз пеш арҷ мегузорем.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз ва кулли тоҷикону форсизабонони оламро ба муносибаи Рӯзи Рӯдакӣ, ки рамзи ҷовидони шеъри Аҷам аст, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саодати зиндагӣ ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 854

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед