иҷтимоиёт
ЛИБОСИ МИЛЛӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ибтикори соҳибкорони ватанӣ ҳар сол дар мамлакат садҳо корхонаҳои хурду калони дӯзандагӣ таъсис меёбанд ва ҳазорҳо бонувон бо ҷои кор таъмин мегарданд. Ин ба рушди бештари иқтисодии кишвар ва барои беҳсозии вазъи молии ҳар як корманд мусоидат мекунад. Барои занону духтарон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ин иқдом боиси истиқбол аст.
Мутаассифона, ҳоло ҳам тарроҳони хуб намерасанд. Ба ғайр аз ин, нархгузориҳои баъзе коргоҳҳои дӯзандагӣ низ мардумро нороҳат намудааст. Кор то ҷое расида, ки аллакай занон кӯшиш мекунанд либосҳои арзони аврупоӣ ба бар намоянд.
Дар мамлакат шумораи дӯзандаҳо зиёд аст, вале онҳо дар омода намудани либоси мувофиқи табъу завқи мардум бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Яъне бештари тарроҳон масъулиятшинос нестанд. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки на бо беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ, балки тариқи боло бурдани нархи хизматрасонӣ маблағи зиёд ба даст оранд. Занон на танҳо аз нархгузориҳои онҳо, балки аз сифати бади пероҳанҳои дӯхташуда низ шикоят доранд.
Тавре аз мушоҳидаҳо маълум гашт, арзиши дӯхтани куртаҳои занона қариб дар ҳама нуқтаҳои дӯзандагӣ гарон аст. Дар нуқтаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе, хусусан дар нуқтаҳои назди бозори «Саховат», маҳаллаи Гулистон, маркази савдои «Садбарг», дӯхтани як курта аз 60 то 180 - 200 сомонӣ арзиш дошта, боз вобаста ба намуди матоъ нарх гаронтар мешавад. Вақте суол кардем, ки «чаро чунин нарх мегузоранд», онҳо иҷорапулӣ ва хароҷоти дӯхтани куртаҳоро баҳона пеш гузоштанд.
Ҷумъагули Холназар, сокини пойтахт, аз нархгузории дӯзандаҳо норозигӣ намуда, чунин иброз дошт: «Барои дӯхтани куртаҳоям ҳамеша сарсон мешавам, чунки пайдо намудани тарроҳи мувофиқ мушкил аст. Гарчанд дӯзандаҳо имрӯз ҳаққи корашонро зиёд талаб кунанд ҳам, куртаҳоямро мувофиқи хостам омода намесозанд. Баъди чанд вақт аллакай кӯкҳои дӯхтаашон кушода мешаванд ва аз истифода мебароянд ва мо наметавонем онро боз дубора ба дӯзанда баргардонем.
Мо, занҳо, маҷбурем, бо чӣ нархе бошад, барои худ курта дӯзонем, вале барои дӯзандаҳо низ бояд як меъёри муайяни нархгузорӣ муқаррар шавад».
Аксари мардум аз чунин тарзи нархгузорӣ дилгир шудаанду ба бар намудани куртаҳои дӯхтаи тарроҳони туркиро, ки ҳам арзонанду ҳам мувофиқи завқ (як куртае, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, дар маҷмӯъ тақрибан 100 - 150 сомонӣ нарх дорад), беҳ медонанд. Ин маънои онро дорад, ки аллакай занон рӯ ба либосҳои бегона оварда истодаанд ва ин вазъ, албатта, ба манфиати мардум, аз ҷумла дӯзандаҳо, нест.
Аҷиб аст, ки барои дӯхтани як куртаи занонаи одӣ аз нархи матоъ дида нархи дӯхтани он гаронтар меафтад. Ин нархро кӣ муқаррар мекунад? Албатта, дӯзандаҳое, ки ба қавле худро «моҳир» меҳисобанд. Чунин нархгузориҳо ҳоло дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадаанд. Зеро дӯзандаҳои шаҳрӣ бо каме дигаргун кардани усули дӯхтани либос нархҳоро мебардоранд.
Вобаста ба талаботи рӯзафзун завқи мардум низ тағйир меёбад, намудҳои нави матоъҳои ба талаботи айём мувофиқ ба вуҷуд меоянд.
Хусусан соҳибкороне, ки ба бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ машғуланд, ба андешаи мо, бояд сатҳи зиндагии мардумро ба инобат гирифта, ба дӯзандаҳо меъёри хизматрасонӣ ва нархгузориро ёд диҳанд. Агар соҳибкорони ватанӣ ба хотири беҳсозии шароити зиндагии мардум ва хизматрасонии одилона коргоҳҳои дӯзандагӣ ташкил карда бошанд, бояд нарх ва хизматрасониро, ки хеле гарон аст, арзон намоянд. Инчунин, мақомоти андоз ва идораҳои дигари назоратӣ низ бояд дар ин масъала бетараф набошанд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2017 №: 210 Мутолиа карданд: 755