logo

фарҳанг

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ҶУЗЪИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

Дар замони муосир воситаҳои ахбори омма  яке аз  дастгоҳҳои пуриқтидори таъсиррасон ба афкори омма ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, баъзе мамлакатҳо барои пурзӯр намудани нуфузашон аз ин восита васеъ истифода менамоянд. Табиист, ки дар ин раванд ҳар як мамлакат мехоҳад иттилооти бештарро дар ихтиёр дошта бошад. Дар чунин шароит барои ҳар як кишвар таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, зеро амнияту суботи ҷомеа аз он вобастагии калон дорад.

Ба ақидаи коршиносони тоҷик, тайи солҳои охир  матбуот ва шабакаҳои телевизиону радио бо пешниҳоди матолиби таҳлилӣ  тавонистанд фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, талаботи аҳолиро то андозае бароварда гардонанд. Аммо, бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам муҳтавои маводи рӯзноманигорӣ ба завқи аудитория ҷавобгӯ нест. Зеро барномаҳои таҳлилии иқтисодию сиёсие, ки умдатарин мушкилоти ҷомеаро инъикос намоянд, каманд. Ба назар мерасад, ки расонаҳои дохилӣ дар инъикоси рӯйдодҳои олам аз ВАО-и хориҷӣ бештар истифода менамоянд, ки на ҳамеша ба манфиати мо созгор аст. Аз ин хотир, пурзӯр намудани базаи моддию техникии расонаҳо имкон фароҳам меорад, ки рӯйдодҳои муҳими ҷомеаро бевосита худашон шарҳ диҳанд. Дар баробари ин, зарурати ташкили расонаҳо ба забонҳои англисӣ ва русӣ ба миён меояд, ки бо пешниҳоди маводи рӯзмарра дар муборизаҳои иттилоотӣ  манфиатҳои моро ҳимоят кунанд. Зеро имрӯзҳо баъзе мамлакатҳо сомонаҳои махсусро бо забонҳои гуногун таъсис дода, тавассути онҳо фарҳанг, забону адабиёт ва арзишҳои маънавии худро тарғиб мекунанд. Ва ҷои шубҳа нест, ки ин ҳама ба хотири таъсир расондан ба мағзҳо роҳандозӣ мешаванд.  
Ба андешаи мутахассисони соҳа, яке аз роҳҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ тавсеа бахшидани ВАО - и маҳаллӣ мебошад. Зинатулло Исмоилзода, директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори омма», дар мақолаи хеш «Таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ ва масъалаҳои ҳифзи ваҳдати миллӣ» менависад: «Табиист, ки айни ҳол вазъи васоити ахбори омма дар минтақаҳо касеро қонеъ карда наметавонад. Имрӯз дар ҳамаи манотиқ нашрияҳо мураттаб фаъолият надоранд. Онҳо ба гоҳномаҳо табдил ёфта истодаанд, ки боиси нигаронист».
Ба ақидаи Сангин Гулов, устоди ДМТ, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ пурзӯр намудани фаъолияти ВАО - и дохилӣ ва бозомӯзии кормандони онҳо иқдоми саривақтист. Зеро қариб тамоми расонаҳои маҳаллӣ дар ҳоли ҳозир хусусияти тафреҳӣ доранд ва аз баррасӣ кардани масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, худдорӣ менамоянд.
- Бахусус дар масъалаҳои терроризм, экстремизм, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа, расонаҳои хабарии минтақавӣ хеле қафо мондаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки расонаҳои минтақавӣ ин масъалаҳоро ҷиддитар баррасӣ намоянд ва дар ин амр онҳо бояд аз ҷониби мақомоти маҳалливу марказӣ дастгирӣ ёбанд. Моро мебояд ба рӯйдодҳои олам аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ нигарем, - афзуд ӯ. 
Бино бар гуфтаи коршиносон, пахши барномаҳои телевизиону радиои Тоҷикистон дар Афғонистону Эрон ва қисмати тоҷикнишини Покистон ба манфиати кор аст. Ин раванд барои муаррифии маданияту фарҳанги халқи тоҷик замина фароҳам меорад. Дар баробари ин, мебояд ба рушди радиои «Овози тоҷик» диққати бештар дод, зеро он ягона расонаи миллиест, ки бо 8 забон пахш шуда, метавонад дар ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар саҳми бориз гузорад. Ташкили бахшҳо бо дигар забонҳо,  аз ҷумла хитоӣ, қирғизӣ, туркӣ ва паштуӣ аз манфиат холӣ нест, зеро таваҷҷуҳи ин кишварҳо ба Тоҷикистон рӯз ба рӯз зиёдтар мегардад. Ва ин имкони хубест барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаву  бойи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ. Боиси зикр аст, ки ҳимояи фазои иттилоотӣ на ба миқдори расонаҳо, балки ба муҳтавои барномаҳо вобаста аст, ки то чӣ андоза ба дарди ҷомеа мехӯранд ва ба арзишҳои ахлоқию маънавии мо созгоранд. Бо амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои ҳалталаби соҳа метавон гуфт, ки фазои иттилоотии мамлакат мавқеи қавитарро касб хоҳад кард. Бамаврид аст гуфтаҳои Пешвои миллатро дар ин бора ба ёд оварем: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа, хизмат кунанд».
Меҳрангез ҚОДИРОВА, Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 651

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед