logo

иҷтимоиёт

МАСЪУЛОН 3 МОҲ МУҲЛАТ ГИРИФТАНД

Иҷрои  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  23  августи   соли  2016 “Дар  бораи Қоидаҳои гузаронидани  муоинаи  тиббии  ҳатмии шахсони никоҳшаванда” дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон дар  кадом  сатҳ  қарор  дорад?  Ин  масъала   дар  машварати  назди раиси  вилоят  мавриди  баррасӣ қарор гирифт.
Мувофиқи ин  қарор муоинаи  тиббии шахсони никоҳшаванда  ҳатмӣ  буда, он дар муассисаҳои табобативу профилактикии  ҷумҳурӣ  ройгон гузаронда  мешавад. Ҷиҳати  иҷрои  қарор  дар  вилоят корҳои  муайяне сомон  дода  шуданд. Аз  ҷумла  бо  иштироки  мутахассисони  Маркази  солимии  репродуктивии  вилоят, Маркази  ташаккули тарзи  ҳаёти  солим, Маркази  пешгириии  ВНМО - БПНМ, Маркази  мубориза  бар зидди  бемориҳои  сил  ва  мақомоти  сабти  асноди  ҳолати  шаҳрвандӣ  мизҳои  мудаввар доир  карда, мазмуну  муҳтавои  қарор фаҳмонда дода  шуд. Ҳамчунин, аз тарафи  Маркази  ташаккули  тарзи ҳаёти  солим дар ҳамкорӣ бо Хадамоти   тандурустии  Оғохон доир ба қоидаҳои он - муоинаи тиббии  ҳатмии  шахсони  никоҳшаванда барои  кормандони кумаки  аввалияи тиббӣ - санитарии  вилоят семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд. Аз тарафи  мутахассисони раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои масъули  вилоят, инчунин, моҳияти ҳатмияти муоинаи тиббии шахсони  никоҳшаванда  тариқи  расонаҳои  хабарӣ, рӯзномаҳо  ва  радиою  телевизиони  вилоят  ба  шаҳрвандон фаҳмонда  дода  шуд.
Вале   тавре   таҳлили   фаъолияти  муассисаҳои  кумаки  аввалияи  тиббӣ - санитарӣ дар 8 моҳи соли равон  оид ба гузарондани  муоинаи  тиббии  ҳатмии  шахсони  никоҳшаванда  нишон  дод, дар  ин самт нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Аз таҳлилҳо  бармеояд, ки дар ин давра аз 1090  нафар  шахсоне, ки  ба  мақомоти сабти  асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои  вилоят барои ақди  никоҳашон  муроҷиат  кардаанд,  фақат 145  нафар аз муоинаи тиббӣ  гузаштаанд. Аз  ин  шумора  60  нафарашон  ба  шаҳри  Хоруғ  ва  85  нафар  никоҳшаванда  ба  ноҳияҳои  вилоят  рост  меоянд.
Насрингул  Некушоева, сардори  раёсати  тандурустии  вилоят,   вазъи  ташвишовари  иҷрои  қарори  мазкурро   дар  шаҳри  Хоруғ  ва махсусан  ноҳияҳои  вилоят  ба  норасоии  техникӣ   дар  марказҳои  саломатӣ  ва   дар ҳамин  замина маҳдуд  будани  имконияти  ташхиси  пурраи   хун,  то  ҳол  роҳандозӣ  нагардидани  ташхисҳои  генетикӣ  дар  онҳо   марбут  маънидод  кард.  Ҳамчунин,   ба  гуфтаи  ӯ,   мақомоти  сабти   асноди  ҳолати  шаҳрвандӣ  низ  на  ҳамаи  шахсони  никоҳшавандаро барои  ташхис ба муассисаҳои  тиббӣ  мефиристонанд, ки  ин  ҳам  як  омили  паст   гардидани  сатҳи  иҷрои  қарор дар  шаҳру  деҳот  мегардад.
Зимни  муҳокимаи  масъала  Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,   ҷараёни  иҷрои  қарорро  дар  шаҳри  Хоруғ  ва   бахусус   ноҳияҳои  вилоят, ғайриқаноатбахш  баҳогузорӣ  карда, таъкид  намуд, ки  қабули  ин  қарор, ки  сар  то  по   ба  манфиати  солимии  миллат  ва  ҳар  як  оилаи   навбунёд  равона  шудааст, аз  ғамхории   Ҳукумати  кишвар, бахусус   Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон,  нисбати ҳар  як шаҳрванди   кишвар дарак  медиҳад. Солимии  оила  солимии  миллат  аст. Вале  агар яке аз навхонадорон  барандаи  ягон касалии  сироятӣ  бошад, аз  чунин  оила  кӯдаки   носолим   ба  дунё  меояд. Бинобар  ин, мақомоти  сабти асноди  ҳолати  шаҳрвандӣ  мувофиқи  қарори  мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуқуқ  надорад, ки шахсони  никоҳшавандаро  бе  пешниҳоди  маълумотнома  дар  бораи  вазъи  саломатӣ аз қайди никоҳ  гузаронад. Аммо тавре мушоҳида  мекунем,  ин  мақомот  дар  давоми  соли  равон  аз  1090  нафар шахсони никоҳшаванда 945 нафарашонро бе маълумотномаи муоинаи тиббӣ  никоҳ  кардааст.
Вале  ин  ҳоло  як  тарафи  масъала  аст.  Тарафи  дигари  масъала, ки  моро  ба  ташвиш   оварда, он  аст, ки  шояд  оилаҳои  навбунёде  ҳам  дар шаҳру деҳоти вилоят  бошанд, ки  тамоман  бе  бастани  ақди  никоҳ  ва  муроҷиат ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оила  бунёд  кардаанд. Вазъи саломатии ин никоҳшавандаҳоро кӣ муоина  кардааст?
Масъулин барои  саҳлангорӣ  ва  камташаббусӣ  дар иҷрои  қарори  Ҳукумати  мамлакат аз тарафи раиси вилоят “огоҳӣ”  ва  барои  ислоҳи  камбудиҳо  3  моҳ  муҳлат  гирифтанд. 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 886

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед