logo

иқтисод

"БЕОБӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК"

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мақолаи «Беобӣ дар ноҳияи Темурмалик» - ро, ки 25 августи соли 2017 (№181) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, дар машварати кории назди раиси ноҳия бо иштироки васеи роҳбарону  масъулони ҷамоатҳо, ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳақиқат, қариб як сол боз бинобар сабаби куҳнаю таъмирталаб гардидани пойгоҳҳои обкашӣ дар деҳаҳои Файзбахш, Қазоқ, Ҳасанбег ва Давдии Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов мушкилии оби нӯшокӣ ба миён омадааст. Ду пойгоҳи обкашии мавҷуда, ки тавассути онҳо сокинони ҷамоати мазкур аз чоҳҳои амудӣ бо об таъмин мешаванд, пуриқтидор буда, ба масофаи18 километр ба баландӣ барои сокинон об мебароварданд. Алҳол яктои онҳо аз кор монда, ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Новобаста ба мушкилоти молиявӣ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми соли 2017 пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ду маротиба таъмир карда шуданд. Мутаассифона, бинобар сабаби ба таъмири асосӣ ниёз доштан як пойгоҳи  таъмиргардида ба зудӣ аз кор баромад. Бар замми ин, пойгоҳи обкашӣ истеҳсоли даврони шӯравӣ буда, дарёфти қисмҳои он душвор ва нархи харидашон хеле  гарон мебошад.
Қарзи истифодабарандагони оби ноҳия бошад, дар назди корхонаи обрасон айни замон 78800 сомониро ташкил дода, аз он15 ҳазор сомонӣ ба истифодабарандагони оби Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов рост меояд.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти номбурда масъулини ин ҷамоати деҳот ва корхонаи обрасонии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, оид ба ҷамъоварии маблағи оби истифодагардида тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ба муассисаи давлатии «Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» - и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Довуд» - и ноҳия кашидани хати обро ба масофаи 16 километр - аз деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара ба Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов ба уҳда гирифтааст. Корҳои лоиҳакашию омодагии иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки то охири соли равон сохтмони иншооти мазкур оғоз карда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард, то сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин карда шаванд.
Э. АСЛЗОДА,
раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 720

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед