logo

фарҳанг

БА ФАЛАК РОҲ БУРДАЕМ?

Чӣ бояд кард, ки фалак бо он асолате, ки дорад, ҷамъоварӣ шаваду  бештару беҳтар дар кишвар  ва бурун аз он муаррифӣ бигардад? Рушду нумӯ ва густариши он оё ҷавобгӯи талабот аст? Оид ба ин ва дигар масъалаҳои марбути жанри мусиқӣ хабарнигори рӯзнома бо Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат шуд.

- Фалак аз жанрҳои маъмул ва маҳбуб маҳсуб мешавад. Фикр мекунам, ки  бо тавлиди инсонҳо ба рӯҳу вуҷуди онҳо роҳ меёбад. Махсус бояд зикр кард, ки суруди «Алла» низ фалак аст. Намунаи олии он имрӯз бо тамоми асолати худ дар Бадахшон боқӣ мондааст.
Мардум аз бахту саодат, хушҳолӣ, ранҷу дард, беватанӣ, гурезагӣ, оворагӣ ва садҳо мушкилоти дигар  суруд мехонданд. Суруд, албатта, тавъам ё худ иборат аз  мусиқиву матн буд.
 Агар рӯ ба таърихи қадимаи ин жанр биёрем, нахуст бояд аз фалаки «бунгак» зикр бикунем. Чаро? Чунки аввал, ки матн набуд, мусиқӣ буд, ҳамин фалак, ки зикраш рафт, пайдо шуда буд. Бо оҳангҳои махсус зам – зама мекарданд. Абурайҳони Берунӣ дар асараш бо номи «Осор – ул – боқия» аз ин навъи фалак ёд овардааст ва онро шарҳу тавзеҳи рӯшан додааст. Аммо ӯ таъкид менамояд: ҷое, ки матн дигар ёрову неруи изҳори ғаму андуҳи даруниро надорад, ин навъи фалак ба мадад мерасад. Албатта, дар ин гуфта ва шарҳи зебои муҳаққиқи асил ҳеҷ ҷои шакку тардид нест. Воқеан, на дар ҳар ҳолат матн қудрату тавоноии изҳори ғаму андуҳ, шодию масаррати инсонро  дорад ва ё ба он созгор меафтад.
Муроди мо он аст, ки матнҳо баъдҳо эҷод гардиданд. Ба ҷуз ин, матнҳо на ба ҳама дастрас буданд ё онҳоро мардум аз бар карда метавонистанд.
Воқеан, вақте аз жанри фалак ёд меорем, ҳатман ин суол пайдо мешавад, ки нахустин инсонҳо, он гоҳ, ки матнҳо набуданд, бо чӣ худро таскин мебахшиданду ҷисму рӯҳро аз бори ғамҳо озод менамуданд. Ва ё ҳолати шодию ваҷди худро чӣ гуна ифода мекарданд? Яъне зарурати пайдо шудани фалак бо мардум – якҷоя ба вуҷуд омад.
Мо ин навъи фалакро аз мӯйсафеде дар саҳрои Кангурт он замон, ки дар гурӯҳи ҳунарии "Ганҷина» фаъолият доштем, сабт карда будем. Аз Соҳиби Увал, ҳунарпешаи маъруф, қиссаи «Девона – Ҳусайнӣ ва Давлатхотун» - ро, ки ба жанри фалак иҷро мешавад, сабт намудем. Мақсади ду дилдода – ҳама бо рубоӣ ва оҳангҳои махсуси фалак баён мегарданд. Аз оғоз то ба анҷом он як саҳнаи драмавии ҷолибу диданию шуниданӣ аст. Таърих, рӯзгори мардум ва сатҳи иҷтимоии онҳоро дар баробари баёни розҳову дархостҳои ошиқона бозгӯ мекунад. Духтару писар бо оҳанг ва равишҳои худ, ки фарқкунанда ҳастанд, аммо дар як жанр, яъне фалаканд, суруд мехонанд.
Бояд ҳамаи мо сипосгузор бошем, ки барои фалак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи махсусро бахшиданду эълон карданд. Пас аз ин гурӯҳи ҳунарии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Ба омӯзиш, тарғибу ташвиқ ва густариши он дар кишвар дастурҳо дода шуду имконот фароҳам гардиданд. Мутаассифона, то ҳанӯз мо фалакро, ба он асолате, ки дорад, барқарор ё худ эҳё карда натавонистем. Беҳтарин фалаксароёнро ҷамъ наовардем.
Чанде пеш Сарвари давлат дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сафари корӣ ва бо мардуми он мулоқот анҷом доданд. Ба ин ҳангом чор нафар сокинони ин ноҳия фалак заданд, табиӣ, дар сатҳи бисёр баланд, бо овозҳои тозаву ширадор. Агар ман корманди масъули Вазорати фарҳанг ва ё гурӯҳи «Фалак» мебудам, ҳатман онҳоро бо чи роҳу талаботе набошад, ба пойтахти кишвар меовардам. Дар ноҳияи Хуросону Фархор низ ҳамин гуна фалаксароёни асилро дида будам. Боз мегӯям, ки онҳо ва чун онҳоро бояд ҷамъ биёрем, агар рушди фалакро, ҳунару мусиқии миллиро хоҳон бошем. Ва ҳам боз такрор мекунам, ки он чи аз фалак ба мардум пешниҳод месозанд, талаботи онҳоро қонеъ намуда наметавонад. Яъне он фалаке, ки мардум интизор доранду мехоҳанд бубинанд, алҳол нест. Беш аз сӣ навъи фалак аст. Бигузор бишуморанд, ки чандтои онро пешкаш карданд ва чӣ гуна. Фикр мекунам, ки нахуст ҳамаи фалаксароёни кишварро дар як ҷо, як гурӯҳ ҷамъ овардан лозим буд. Чаро дар ин гурӯҳ беҳтарин фалаксаро Гулчеҳра Содиқова ҷалб нашуд? Ва ё дигар фалаксароёни асил. Ба яқин, посухҳои зиёде ёфтану гуфтан мумкин аст, аммо бояд иҷрои мақсад, яъне эҳёву рушду густариши фалак бояд муҳимтар аз ин ҳама бошад. Дар дигар сурат на ба нимароҳ мерасему на ба манзили мақсуд.
Навъҳову равишҳои фалак дар манотиқи кӯҳистони кишвар гуногун мебошанд ва тарзи иҷроишашон низ.
Мехоҳам як руҷӯъ бинамоям. Давлатманд Холов дар даврони донишҷӯияш сурудеро ба тарзи фалак сароид. Матнаш ба мисраи «Лӯлак, лӯлаки боқӣ» оғоз мешуд. Дар сатҳи баланд ва бисёр самимию нишонрас онро иҷро карда буд. Суруд дар хотирам, зеҳнам нақш баст. Баъдҳо ин овозхони маҳбубу маъруф ин сурудро дар репертуари эҷодиаш ҷой накард, балки аз ёд бурду ҳеҷ намехонд. Барои барномаи ҳунарии бахшида ба Ҷашни 10 – солагии Истиқлолияти давлатӣ онро ба хотири ҳунарпеша овардему дархост намудем, ки сурудро эҳё намояд. Давлатманд дар се мусиқӣ, се гардиш ин фалакро сохт. Мақсад аз ин руҷӯъ он аст, ки фалаки асил ва ҳам аз ёдҳо рафтаро бояд ба мардум пешниҳод бинамоем. Дар ин сурат имкон фароҳам меояд, ки шукӯҳи фалакро дарёбанд ва бузургии миллатамон бо ғановати фарҳанги волояш бештару беҳтар шинохта шавад.
Решаи тамоми мусиқиҳои миллии мо фалак мебошад. Ин ки бархе бо дарки бисёр маҳдуд мегӯянд фалак танҳо муноҷот ба Худованд аст, қобили қабул нест. Он як ҷузъи мақсаду талаби ин жанр мебошад. Фалак дар асл тамоми мавзӯъҳои давру замон ва ҳолати мардумро, инчунин, ҷабҳаҳои мусиқии миллиро дар бар мегирад.
Ҳанӯз аз хотир нарафтааст, ки чанд сол пеш як мутрибу муҳаққиқ аз Шведсия омада буд. Фалак писандаш афтод ва бо ҳамроҳии оҳангсози машҳури кишварамон Толиб Шаҳидӣ навъҳои гуногуни онро сабт карда, бо худ бурда буд. Баъдҳо бо скрипка яке аз мақомҳои фалакро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда ва шунавандагонашро дар хориҷи кишвар низ мафтун сохт. Дар ҳақиқат, агар мо фалакро пурра ҷамъ оварда битавонем ва бо асолаташ ба ҷаҳониён муаррифӣ бинамоем, ба миллату фарҳангамон бештар бо муҳаббат таваҷҷуҳ мекунанд. Фалак ғановату тавонгариву шукӯҳи мусиқии тоҷикро нишон дода метавонад.
Чаро онҳо ба ганҷинаи миллии мо бо муҳаббат даст ёфта метавонанд, гавҳарҳои қиматро пешкаш менамоянду мо аз уҳдаи он, ки ҳам барои ин масъулем, намебароем? Масъулону ҳунармандон бояд бештар бо муҳаббат, дилсӯзӣ сари ин масъалаи муҳим биандешанд ва барои ҳалли он саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳанд.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 798

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед