logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ПАХТАКОРӢ ДАР РУШДИ ОН

Деҳқонони ноҳияи калонтарини вилояти  Суғд - Бобоҷон Ғафуров дар мавсими имсола ҳам ҳосили фаровони пахта парвариш намуданд. Ба хотири сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани самари заҳмати  кишоварзон ҳар рӯз  8,5 - 9 ҳазор саҳмдорону одамони касбу корашон гуногун бо амри дил ба саҳро, ба кумаки пахтакорон мебароянд. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта хоҷагиҳои ноҳия ҳамагӣ зиёда аз 2 ҳазор тонна ҳосил  ҷамъоварӣ карда бошанд, имсол  хирмани оростаи пахтакорон аз шаш ҳазор тонна гузаштааст.
Деҳқонони ноҳия тасмими қатъӣ доранд, ки дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр дурнамои истеҳсоли пахтаро ба иҷро расонанд. Хоҷагиҳои деҳқонии Аббосҷон Қаюмов - аз Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача, «Хушбахт» - аз Ҷамоати деҳоти Хистеварз, Бобоҷон Мақсуд - аз Ҷамоати деҳоти Ғозиён аллакай бо гирифтани ҳосили фаровон аз чиниши аввал уҳдадориҳои худ-ро сарбаландона ба иҷро расонданд.
Мусаллам он аст, ки дар шароити иқлими ҷумҳурии мо пахтакорӣ  ҳамоно дар рушди иқтисодии мамлакат ва ҳаллу фасли бисёр масоили иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Ва соҳаест, ки воқеан, ҳам барои таъмини саноати ҷумҳурӣ бо ашёи хоми гаронбаҳою хушсифат шароит фароҳам меоварад,  ҳам баҳри таъмини мардуми деҳот бо ҷойҳои корӣ. Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст ва зиёда аз 2,6 ҳазораш бевосита дар самти парвариши пахта фаъолият дорад. Зиёда аз 15 ҳазор сокини ноҳия дар ин соҳа фаъолият мекунад ва ризқу рӯзӣ меёбад. Аз ҷониби дигар, пахтакорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хубӣ молиявӣ оварда, барои ғанӣ гаштани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Дар ҷараёни ҷамъоварии ҳосил баъзе оилаҳо дар даҳ рӯз то 3,5 - 4 ҳазор сомонӣ маблағи накд ба даст оварда, шароити рӯзгорашонро беҳбудӣ мебахшанд. Сокини Ҷамоати деҳоти Ғозиён Зулфӣ Ғаниева (аз хоҷагии деҳқонии Аҳмадбой Оқилов) ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 120 - килоӣ пахта чида, дар даҳ рӯз соҳиби 1260 сомонӣ шуд.
- Мавсими пахтачинӣ беҳтарин фурсат ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ мебошад, - мегӯяд Зулфӣ Ғаниева.
Аҳли оилаи Ӯғулой Холбоева - аз Ҷамоати деҳоти Зарзамин (дар ҳайати панҷ нафар) рӯзе то 0,5 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, дар даҳ рӯз соҳиби 3 ҳазору 180 сомонии нақд шуданд.
- Дар мавсими имсола майдони кишти пахтаро дар қиёс ба соли гузашта 1 ҳазору 491 гектар васеъ кардем. Аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои нави деҳқонӣ  боз садҳо сокини ноҳия соҳиби замин ва ҷойи кори доимӣ гардид. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия низ тамоили камшавӣ пайдо кардааст. Манфиати ҳарчи бештари иқтисодӣ аз пахта водор месозад, ки солҳои минбаъда майдони кишти пахта  боз зиёд карда шавад. Ба ин восита фаъолияти корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта низ таъмин шуда,  ҷойҳои нави  корӣ таъсис меёбанд, - иброз дошт Фаррухҷон Орифов, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ба андешаи Баҳодур Юлдошев, раиси ҶСК «Ба номи Абдураҳим Ҷумъаев» - и ноҳия интихоби тухмии хушсифат дар мавсими имсола барои парвариши ҳосили фаровон замина гузошт. Чиниши аввал аз он бозгӯйӣ дорад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 40 - сентнерӣ ва аз ин ҳам зиёд мешавад.
Ҳавасмандии чинакчиён қабл аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки ҳаққи чиниши пахтаро бевосита дар сари хирман пардохт мекунанд.
- Ҳамаи он нафароне, ки имрӯз дар чиниши пахта иштирок доранд, худашон бо таври ихтиёрӣ омада, вазъи молиявии худро беҳбудӣ мебахшанд, хӯрок ҳамарӯза ройгон аз ҳисоби хоҷагист, ки ин ҳам  боиси ҳавасмандии чинакчиён мебошад, - мегӯяд Баҳодур Юлдошев, раиси хоҷагӣ.
Хоҷагидорон боду ҳавои мусоидро дар ҷамъоварии ҳосил ғанимат медонанд. Ба хотири пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва зоеъ нарафтани вақт саҳмдорон ва ҳам ҳашарчиён дар бошишгоҳҳои саҳроӣ қарор гирифтаанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 653

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед