logo

сиёсат

ТАНЗИМ. ИСТИҚБОЛИ МАРДУМ АЗ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  нуктаи басе муҳимро изҳор доштанд: «Қонуни мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд».
Аз рӯи адолат гӯем, чунин ҳаҷми манфиати иқтисодӣ, ки аз  баракати тасмими оқилонаи давлатӣ дар буҷаи оилавии сокинони мамлакатамон аз исрофкорӣ эмин мондааст, асло хурд нест. Ҳаҷми сарфа ба ибораи маъмули имрӯза, асло «виртуалӣ» нест, балки ифодаи манфиати комилан реалӣ мебошад. Барои тасдиқи ин мулоҳиза овардани рақами дигареро воҷиб мешуморам: соли 2007 пасандози сокинони кишварамон дар бонкҳои ватанӣ 2,4 миллиард сомонӣ буд ва тибқи шаҳодати маълумоти оморӣ дар соли 2016 ба 10 миллиард расидааст. Яъне дар бадали даҳ сол бозёфти барзиёди аҳли диёрамон бештар аз 4 карат афзудааст, ки ин аз нигоҳи иқтисодӣ натиҷаи баланд маҳсуб мешавад.  Дар партави чунин ҳаҷми пасандоз ба хулосае расидан табиист: мардуме, ки имкони захира кардани ба ин андоза маблағро доранд, албатта, бозёфтҳои аз ин бештарашонро барои ободии хонадон - бунёди манзилҳои муҷаҳҳази ҳозиразамон, хонишу касбазхудкунии фарзандон ва ба хотири боз ҳам беҳтар кардани хӯроку пӯшоки аҳли оилаҳояшон харҷ карда тавонистаанд. Тибқи муқаррароти илми иқтисод маҳз пасандозҳои чи ашхоси алоҳида ва чи корхонаю ширкатҳои бузург  ойинае ба шумор мераванд, ки дар онҳо сиҳатӣ ва тавоноии иқтисодиёташон инъикос мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо қаноатмандӣ хулоса кардан муносиб аст, ки дар даҳаи ҷории даврони Истиқлолияти давлатӣ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои хирадманди миллат мардуми саодатманди Ватани азизамон ба беш аз пеш ҷиҳати беҳбуд бахшидани дараҷаи некуҳолии зиндагониашон шарафёб гардидаанд.
Ба андешаи мо, тағйироту иловаҳо ба қонуни танзим басе ҷиддӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ муассир мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва фарогири буҳронҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва сиёсии дунё баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум яке аз масъалаҳои муҳим дар назди Ҳукумату давлат меистад. Санади мазкур, воқеан, дар таҳрири нав ба низомномаи ҳақиқии рӯзгори кишвар низ мубаддал гардидааст. Ба ҳаётӣ ва комилан амалкунанда будани қонун нуктае ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки минбаъд дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода хоҳанд шуд. Фаъолияти пурмаҳсули ин комиссияҳо барои роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.
Инҷониб ҳамроҳи гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Спитамен бо мардум вохӯрда, муҳтавои тағйиру иловаҳоро ба қонуни танзим шарҳ додем.
Мулоқотҳоямон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен далолат ба он мекунанд, ки тамоми қишрҳои ҷамъият, бахусус заҳматкашони одӣ, ибтикороти навбатии Ҳукумати кишварро дар бобати ихтисор намудан ва ё ба ҳадди имкон камхарҷ кардани расму оинҳо ва ҷашну маъракаҳо бо дилу ҷон мепазиранд. Онҳо бахубӣ дарк менамоянд, ки танзими анъанаҳои аҷдодӣ ва ҷашнҳои замонавӣ сад дарсад ба манфиати оммаи васеи мардум мебошад ва амалӣ гардондани талаботи қонун бо ҷумлаи тағйиру иловаҳояш боиси самарабахшии иқтисодиёти мамлакат ва мӯҷиби беҳбудии рӯзгори тоҷикистониён хоҳад буд.
ШАРИФЗОДА Мумин Машокир,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 794

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед