logo

иқтисод

ДАРВОЗ – МАКОНИ МЕВАҲОИ СУБТРОПИКӢ

Тибқи иттилои  Амиршоҳ Маҳрамов, сардори минтақаи илмӣ -  озмоишии дашти Роғаки Институти биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, қисматҳои поёнии ноҳия барои парвариши  меваҳои субтропикӣ, аз қабили лимӯ, норинҷ, афлесун,  анору анҷир ва ангур хеле мусоиданд. То давраи истиқлолияти  кишвар  деҳнишинон дар ин минтақаи хеле гарм ва пурфайзу баракати Бадахшон танҳо ба парвариши себу нок, зардолу, гелос, олу ва каму беш  токпарварӣ машғул мешуданду халос.

Дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо тавсияи олимони табиатшиноси ин минтақа  дар хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва хусусии қисматҳои поёнии  ноҳия  аҳли деҳот тадриҷан ба  парвариши  лимӯ, анору анҷир ва ангур ҷиддан машғул шуданд. Дар ин самт  барномаи махсуси рушди боғу токпарварӣ дар ноҳия низ таҳия гардид. Афзалияти ин барнома он аст, ки баҳри рушди  лимӯ, анору анҷир ва токпарварӣ  на аз ҳисоби киштзорҳои  обӣ, балки аз  заминҳои лалмӣ  истифода бурдан тавсия шудааст. Қаламча ва ниҳолҳои лимӯ, афлесун, норинҷ, анору анҷир ва ангур аз маркази  илмӣ - таҷрибавии дашти Роғак  ба деҳқонон ҳам  ройгон ва ҳам бо нархи арзон  дастрас шуданд.
Ҳоло бо гузашти камтар аз даҳ сол  ин соҳаҳои камхарҷу сердаромад  дар минтақаи  поёнии иқлимиаш субтропикии ноҳия  хеле рушд ёфтаанд. Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Додов, сардори идораи кишоварзии ноҳия, ҳоло Дарвоз аз минтақаи  воридкунандаи лимӯ, анору анҷир ва ангур ба содиркунандаи он табдил ёфтааст. Дар ин фасли тирамоҳи заррин  ҷамъоварии меваҳои субтропикӣ ва ангур хуб ҷараён дорад. Дар мағозаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва дуконҳои сарироҳӣ дар қуттиҳо ва зарфҳои  махсуси зебо маҳсулот бо навиштаҷоти «Лимӯи Дарвоз», «Асали Дарвоз», «Анори Дарвоз», инчунин, нӯшобаҳо ва шарбати мева фаровон аст. Маҳсулот дар  корхонаҳои хурди коркарди  мева тайёр карда мешавад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 1066
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед