logo

иҷтимоиёт

ДАР ҲИФЗИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди минбаъдаи суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва таҳкими  пояҳои давлатдории миллӣ бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид. Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути ВАО дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.
Бо таъсири чунин раванд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардонданд. Ҳол он ки дар ояти 141-уми сураи «Анъом» - и Қуръони карим таъкид шудааст, ки «Исроф макунед… Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад».
Бо гузашти айём маъракаҳо ба низом даромаданд, забҳи мол, хароҷоти зиёдатӣ аз байн рафт, дар тӯю маъракаҳо низоми вақт риоя мешавад. Яъне, қонун аз имтиҳони зиндагии мардум гузашт ва  марҳилаи нави амалӣ сохтани он шурӯъ  шуд. Тибқи таҳлили коршиносон, қонуни танзим барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму  ҷашнҳои миллиро ба шароити нав ва ниёзҳои фарҳангии мардуми тоҷик мутобиқ гардонд ва аксарияти масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ - фарҳангии мардуми кишварро танзим намуд. Гузашта аз ин, қонуни миллӣ дар самти ҳифзи беолоишии дини мубини Ислом аз таассубу хурофот ва  тарғиби урфу одат ва анъаноти миллӣ нақши арзанда гузошт.
Тӯли 10 соли сипаришуда қонуни мазкур дар қатори дастоварду беҳбудиҳо, ҳамчунин, камбудиву норасоиҳоро дар раванди риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ошкор намуда, дар зеҳни мардум нисбат ба  тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Мардум дарк кард, ки ин санад барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳар як оила ниҳоят зарур аст.
Табиист, ки ҳар як қонун бо мурури замон ва тақозои шароити бамиёномада ба тағйиру иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро пешниҳод намуданд. Дар қонуни мазкур як қатор тағйиру иловаҳои нав, аз ҷумла дар рӯзҳои иди Қурбон ва Рамазон оростани дастархони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, тартиби гузарондани хатнасур, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл, танзими тӯйи домодиву арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, ҳаҷ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдори давлатӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун пешниҳод ва қабул гардиданд, ки барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд.
Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи мақомот  оид ба  танзими  анъана ва ҷашну маросим - комиссияҳои доимии маҳаллӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонун ҳамаҷониба ба мардум фаҳмонанд, ҳар як моддаи онро бо забони сода шарҳу эзоҳ диҳанд, то шартҳои иҷрои он дар зеҳну тафаккури мардум ҷой гирад ва дар ин замина иҷрои бечунучарои онро таъмин намоянд.
Бозорбой ХОЛОВ,
декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 953

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед