logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ АЙНӢ. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Айнӣ дар муассисаҳои ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, пурра баргардонда шуда, ягон нафар дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок надорад ва аъзои гурӯҳҳои террористӣ нест.

Ин матлабро Гулсара Зокирзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, дар як суҳбат перомуни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ноҳия баён дошт. - Ин далел баёнгари он аст, ки тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти корҳои таблиғотии зиддиифротгароӣ миёни сокинону ҷавонон, ки бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони соҳаи маориф пайваста ба роҳ монда мешавад, самаровар аст. Дар идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ дар байни аҳолӣ, ахиран дар маҷлиси васеи фаъолони ноҳия  мавзӯи «Терроризм ва экстремизми динӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои  ифротӣ» бо иштироки масъулони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ матраҳ гардид, ки дар он, ҳамзамон, наздик ба 300 нафар намояндагони ҷавонон, занон, муҳоҷирони корӣ ва ходимони дин иштирок намуданд, - гуфт Гулсара Зокирзода.
Ба андешаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ, тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори дигар ин амрро собит сохт, ки дар партави сиёсати иҷтимоиву мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори аз имрӯз ҳам шоистатари мардум ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Татбиқи босамари ин қонуни миллӣ ва пешгирӣ аз ҳар навъ қонуншиканиҳои вобаста ба он имкон дод, ки дар зарфи даҳ соли амали ин санади меъёрии ҳуқуқӣ сатҳи зиндагии мардуми ноҳия чун дигар сокинони мамлакат бамаротиб беҳтар гардад. Маҳз бо таъсири қонуни мавриди назар таассубу зиёдаравӣ аз байн рафта, дар доираи арзишҳои миллӣ низоми дурусти маъракаороӣ шакл гирифт.
Бар пояи гузориши бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, феълан дар ноҳия 9 комиссияи доимӣ, 94 комиссияи ҷамъиятӣ амал мекунад, ки зиёда аз 400 нафар аъзо доранд. Тарғибу ташвиқи манфиатҳои моливу иҷтимоии қонун, риояи ҳатмии муқаррароти он асоси фаъолияти комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Зимнан, дар зарфи ҳашт моҳи солӣ ҷорӣ дар ноҳия 630 маъракаву маросим бо хароҷоти умумии 1586850 сомонӣ баргузор гардидааст, ки ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 2519 сомонӣ рост меояд. Чунин натиҷа дар ҳолест, ки мардум моҳияти аслии қонунро дарк намуда, дар доираи талаботи он амал мекунанд ва дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ танҳо се ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба танзим сатб шудааст.
Ба манзури пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба равияҳои тундгароӣ, динӣ ва тавсеаи маърифати ҳуқуқии насли наврас иртиботи сохторҳои марбутаи давлатӣ бо мактабу маориф тақвият ёфта, вобаста ба баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон корҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият дар ин самт таҳким ёфта, дар ҳудуди ноҳия фаъолияти ғайриқонунии таблиғоти иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои таълимӣ, манзилу хонаҳои шахсӣ, ҷалби хонандагону омӯзгорон ба таҳсили фардии динӣ вуҷуд надорад.
- Маҳз ба шарофати қонуни мавриди назар, камхарҷ баргузор намудани тӯю маъракаҳо ва дигар суннатҳои мардумӣ воқеан ҳам сатҳи зиндагии мардум беҳбуд гардида, даҳҳо нафар навхонадорон дар ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда соҳиби манзилҳои навбунёдӣ истиқоматӣ гардидаанд. Ҳам-замон, имкон фароҳам омад, ки дар оилаҳо барои таҳсили фарзандон пасандоз ҷамъоварӣ  ва барои тадриси онҳо равона шавад. Гулсара Зокирзода бо таъкиди ҳамин нукта, изҳор дошт, ки мо бо тамоми ҳастӣ барои татбиқи муқаррароти ин қонуни миллӣ талош варзида, иқдомҳои маънависози роҳбарияти олии кишварро барои расидан ба фардои боз ҳам пурсаодат дастгириву амалӣ менамоем.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 985

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед