logo

фарҳанг

МЕҲРГОН - ОИНИ МЕҲРПАРАСТӢ

Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд. Баъди Меҳргон бо омадани фасли зимистон фурӯравии сол ба вуқӯъ мепайваст ва ҷашнҳои ҳошиявии Дайгону Шаби Ялдо ва Сада аз паси сар кардани фосилаҳои мавсимӣ, омодагӣ аз фарорасии ҷашни Наврӯз мужда медоданд. Ба ин маънӣ, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо ҳам робитаи узвӣ доранд. Ҳар ду дар ду таодул – баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷашн гирифта мешаванд. Аввалӣ ба эҳё ва растохези табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ ва дуюмӣ ба маъракаи ҳосилғундорию хирманкӯбӣ мансубанд. Меҳргон аслан ҷашни кишоварзон аст, ки дар он деҳқон ҳамчун пири корҳои кишоварзӣ мавқеи калидӣ ва меҳварӣ дорад.

Ҷашни Меҳргон дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон ҳанӯз дар аҳди қадим баргузор мегардид. Нишонаҳои зиёде аз ин ҷашн дар Осиёи Миёнаву Эрони бостон боқӣ мондаанд, ки ҳокӣ аз густариши фарҳанги кишоварзию чорводорӣ мавҷудияти гурӯҳи иҷтимоии барзгарону деҳқонон мебошанд.
Тибқи иттилои Анна Красноволская дар тадқиқоти худ ба номи «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ», фарҳангшиносон дар яке аз деворҳои Панҷакенти бостонӣ тасвиреро кашф кардаанд, ки ба асрҳои VI - VII тааллуқ дорад. Дар тасвир марди  ришдори нуроние кашида шудааст, ки бо рӯймоле пешониашро баста, дар рӯи суфа нишастааст. Дар пушти сараш хирмани бузурги гандум намудор аст, ки чанд нафар аз деҳқонон онро ба халтаҳо (қопчаҳо) ҷой дода, ба анбор медароранд. Як нафар ҳисобчӣ дар даст қаламу дафтар миқдори қопчаҳоро ба ҳисоб мегирад. Поинтари ин расм гурӯҳи деҳқонон аз самараи ҳосили бадастовардаашон болида, бо хушнудӣ зери садои асбобҳои мусиқии хунёгарон рақсу бозӣ мекунанд.
Аз ҷузъҳои тасвири мазкур асолату моҳияти ҷашни Меҳргонро дар таърихи гузаштаи ниёгонамон ба хубӣ тасаввур карда метавонем. Марди нуронӣ пири корҳои кишоварзӣ Бобои деҳқон мебошад. Хирмани ҷамъоваришуда дар суфаи бузурги Бобои деҳқон ҷой дода шудааст, ки дар он баракати ҳосил меафзояд ва он муқаддас дониста мешавад. Хирмангоҳ ҳамчун макони муқаддас русуму одоби худро дорад. Дар он бо садои баланд ҳарф задану суҳбат кардан, ғазаболуд шудану дашном додан ва ё таҳқир кардани якдигар, нигоҳ доштани саг ва дигар ҳайвонот мамнӯъ аст.
Дарвоқеъ, дар Дарвозу Язгулом ва Вахону Ишкошим аз замонҳои қадим Наврӯзро Шогун ва Бобои деҳқонро шогунӣ - ба маънои шахси хушқадаму муборак ва фархунда ном мебурданд. Агар дигар нишонаҳои боқимонда аз Меҳргон ва корҳои кишоварзӣ барои  рӯёндани ҳосил дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони бостонро ба ёд орем, ба хубӣ маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон дар давраҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ниёгони мо асари худро гузоштааст.
Ҷашни Меҳргонро Абурайҳони Берунӣ дар «Осор – ул – боқия» ба мисли Наврӯз ба Меҳргони омма (хурд) ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, оғози онро шонздаҳумин рӯз аз моҳи меҳр ба қалам додааст. Ин масъаларо муаллифи асари «Таърихи Табарӣ» ва Маҳмуди Гардезӣ дар «Зайн – ул – ахбор» низ зикр  намудаанд. Ҷашни Меҳргон дастархони идонаи худро дорад, он низ ба мисли «Хони наврӯзӣ» ороста мешавад, вале дар он меваҷоти гуногун бештар гузошта хоҳад шуд. Иттилооте, ки аз давраҳои қадим ба мо омада расидааст, ҳокӣ аз онанд, ки дар аҳди Ҳахоманишиён, хусусан Ашкониён, ки худро ягона вориси  асосии шаҳриёрони эронӣ баъди ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ва давраи Ҳеллинизм медонистанд, ҳамчунин, дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон ба шукӯҳу салобати хосса ва шодиву сурур баргузор мегардид. Чун маънои меҳр хуршед аст ва он ба инсон ва табиат гармиву рӯшноӣ мебахшад, шаҳриёрони эронӣ, аз ҷумла Анӯшервони Одил, дар рӯзи ҷашни Меҳргон маросими тоҷгузориро анҷом медоданд.
 Дар аҳли ислом нахуст мушкилиҳои зиёде барои ҷашн гирифтани идҳои миллии мардуми эронитабор ба вуҷуд омад, вале баъдтар, дар замони хилофати Аббосиён вазъ тағйир ёфт ва Наврӯзу Меҳргон дар давоми сол ҷашн гирифта мешуданд. Дар аҳди Сомониёну Ғазнавиён ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон шукӯҳу шаҳомати бештар пайдо намуданд. Ҳатто шоирони араб дар васфи Наврӯзу Меҳргон қасида ва шеъру таронаҳо эҷод намудаанд, ки онҳоро Ҳамзаи Исфаҳонӣ гирдоварӣ намудааст.
Ногуфта намонад, ки оини меҳрпарастӣ дар канораҳои рӯдҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада буд. Дар асрҳои баъдӣ ба Юнону Рум ва ба воситаи онҳо ба мамолики Ғарб интишор ёфт ва ҳар сол дар мамолики Ғарб низ бо номи Митракона ҷашн гирифта мешуд, вале ҷашни Митракона аз ҷашни Меҳргон аз бисёр ҷиҳат фарқ мекард. Олими англис Франк Кумон дар ин росто таҳқиқоти махсусе анҷом додааст ва оид ба оини меҳрпарастӣ ва маросими ҷашнҳои он дар Рум ва дигар мамолики Аврупо далелҳои фаровон ҷамъоварӣ намудааст.
Хушбахтона, баъди ба истиқлолият соҳиб шудани ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат идҳои асосии миллии мардуми орёинажод аз нав эҳё гардиданд. Боиси хурсандист, ки ҷашнгирии Меҳргон низ ба ҳукми анъана даромад ва саҳифаи тозае дар фарҳанги мардумии тоҷик боз шуд.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 899

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед