иҷтимоиёт
ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! ДАР БОРАИ ОМОДАГИҲОИ НОҲИЯИ СИНО БА ФАСЛИ САРМО
Баъди ба фаъолият пардохтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи гармӣ дар ин ноҳияи пойтахт рӯ ба беҳбудӣ овард.
Эраҷ Рамазонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино иброз дошт, ки мувофиқи нақша - чорабиниҳо дар беш аз 800 иншоот, ки аксаран иҷтимоиянд, корҳои пайвастсозӣ ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» ва насби таҷҳизоти гармидиҳанда дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Имсол сокинони шаҳракҳои 11, 12, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, маҳаллаҳои Испечак - 1, Испечак - 2 - и шаҳраки 114 ва маҳаллаҳои Зарафшон, Зарафшон -1, Бобо Ҳамдамов (собиқ Зарафшон -2 ) аз неруи гармии аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳравар мешаванд.
Дар ин замина дар ҳудуди ноҳия иловатан боз 14 иншоот берун аз нақша барои қабули неруи гармӣ пурра омода шудаанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо шумули бақияи соли гузашта ба миқдори 72,4 тонна ангишт мавҷуд мебошад. Дар 10 муассисаи соҳаи тандурустии ноҳия 26 генератор, 310 гармкунаки барқӣ, 110 равшандиҳанда, 25,9 тонна ангишт, 31,2 метри кубӣ ҳезум, 1240 литр сӯзишворӣ, 1750 кг қум ва 500 кг намак, дар муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия ба андозаи зарурӣ қум, намак, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум захира гардидааст. Инчунин, 46 мошин, аз ҷумла техникаҳои барфтозакунӣ, қумпошак ва борбардор, барои хизматрасонӣ дар мавсими зимистон пурра омодаанд.
Мутахассисони шабакаҳои барқии ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ (дар маҷмӯъ 13 километр), 10 истгоҳи трансформатор, ҳамчунин, иваз намудани трансформаторҳои камиқтидор ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд ва иваз намудани 113 симчӯби фарсудашуда дар хатҳои барқии ҳавоиро ба анҷом расондаанд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2017 №: 212 Мутолиа карданд: 965