logo

иҷтимоиёт

ҲАҶ НАРАФТУ…

Корҳои хайрро бештар соҳибкорон  ба сомон мерасонанд. Аммо Абдулҳамид  Гулаҳмадов  соҳибкор нест, ӯ зиёӣ аст. Омӯзгор – тарбиятгар, нависандаю  муҳаққиқи  таърихи  диёрамон мебошад. Асарҳои  таълифнамудааш «Пайвандгари асрҳо», «Нафс», «Таърихи Хатлон» аз  зумраи  нигоштаҳое мебошанд, ки  дар такя  ба далелҳои  таърихӣ  иншо  гардида, ақидаҳои  носаҳеҳу  саҳлангоронаи  иддае  аз  қаламкашони  тасодуфиро  ислоҳ  ва  нақд  намудаанд. 
А. Гулаҳмадов аз пули нафақа ва ҳаққи қалами нигоштаҳояш бо нияти ҳаҷ рафтан 52  ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ менамояд. Аммо, вақте  мушкили вазнини сокинони маҳаллаи тозабунёди Кӯлобро мебинад, хоҳиш мекунад, ки номашро аз рӯйхат берун кунанд ва назди худ мақсад мегузорад, ки мушкилоти сокинони маҳаллаи навбунёдро вобаста ба гузарондани хати интиқоли барқ осон намояд.
Аз тасмими ӯ аҳли оила, хешу табор ва ҳамсояҳо огаҳӣ ёфтанд. Ҳар кас мувофиқ ба ҳимматаш ин иқдоми омӯзгорро шарҳ медод. Яке мегуфт: «Барои ҳалли  мушкили мардум  аз имкони мусоид рӯй тофтан хуб нест. Дар шароити имрӯза кӣ мушкилӣ надорад?  Дар ин роҳ тамоми дороиямонро  сарф кунем ҳам, мушкилоти мардумро ба тамом ҳал карда наметавонем. Фарзро адо кардан муҳимтар аст». Вале дар оилааш ҳама якдилона қарори  ӯро дастгирӣ намуданд. Розигии аҳли оила ба омӯзгор рӯҳу илҳом бахшид. Трансформатор, поя, симчӯб ва симҳои барқро харида, онҳоро насб намуданду зуд ба маҳаллаи навбунёд барқ гузаронданд. Шодии мардумро ҳадду канор набуд, охир онҳо соҳиби рӯшноӣ шуданд.
Ҳоло дар ин маҳалла зиёда аз 150 нафар зиндагӣ мекунад ва оянда  дар назар аст, ки шумораи онҳо чанд баробар афзояд. Даҳҳо оилаҳои дигар аз беҳ гардидани шароити зиндагӣ  дар ин мавзеъ истифода намуда, ба сохтмони манзил ва обод гардондани заминҳои наздиҳавлигӣ машғуланд.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 1034

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед