logo

иқтисод

ТУРСУНЗОДА ШАҲРИ САНОАТИЮ АГРАРИСТ

Соли равон кишоварзони шаҳри Турсунзода  дар майдони 1936 гектар пиёзу помидор, бодирингу карам, сабзию қаланфур кошта, ҳосили фаровон парвариш карданд. Самараи меҳнати нуҳмоҳаи кишоварзон боиси фаровонии бозорҳо гашта, худи онҳо аз натиҷаи заҳматашон қаноатманданд.

Муовини аввали раиси шаҳр  Ҳамдамқул  Долизода натиҷаҳои 9 - моҳаи кишоварзонро чунин шарҳ дод:
- Сабзавоткорони шаҳри мо аз рӯйи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, то ин дам зиёда аз 53 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол карданд, ки 8 ҳазор тоннаи он аз кишти такрорӣ мебошад. Қариб 22,5 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Кишоварзон имсол ба кишти шолӣ бештар диққат доданд. Соли ҷорӣ дар 218 гектар кишти асосӣ ва 1760 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд. Хоҷагиҳои алоҳида ба ҷамъоварии  шолӣ шурӯъ карданд. Шоликорон мақсад доранд аз ду кишт 10 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ оранд. Ҷамъоварии ангур низ муташаккилона идома дорад. Токпарварон аз 3088 гектар қариб 11 ҳазор тонна ангур ғундоштанд, ки нисфи он  ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.  То 30 сентябр ҳосили 1072 гектар боғ ҷамъоварӣ ва  қариб 1900 тонна меваи донакдору тухмдор пешкаши харидорон карда шудааст.
Ғаллакорӣ  соҳаи асосии кишоварзони шаҳр буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас дорад. Имсол ғаллакорон аз 15175 гектар зиёда аз 35 ҳазор тонна ҳосил рӯёнданд, ки 30747 тоннааш гандум мебошад. Ҳосили умумӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна  23,1 - сентнериро ташкил додааст.
 Бо вуҷуди шароити якхела натиҷаи кори картошкакорон қаноатбахш нест. Хоҷагиҳо аз 387 гектар ҳамагӣ 5057 тонна ҳосил бардоштанд, ки ба ҳар гектар 130 – сентнерӣ рост омада, аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ кам аст.
Аз ҳар гектар зироатҳои полизӣ аз кишти асосӣ ва такрорӣ қариб 2500 тонна ҳосил ба даст омад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Натиҷаи бадастовардаи пахтакорон низ дар соли ҷорӣ гуногун  мебошад. Дар аксар хоҷагиҳо чигити навъҳои “Дӯстӣ – ИЗ”, “Флора”, “Флеш”, “ДП 51 – 11”, “Зуҳал” ва “Ирам” кошта, нигоҳубини онро  дар асоси қоидаҳои агротехникӣ роҳандозӣ намуданд. Аз рӯйи маълумоти то 30 сентябр расида, аз 1737 гектар 2227 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна 17,7 – сентнерӣ рост меояд. Хоҷагии “Шуҳрат” – и Ҷамоати деҳоти Навобод  аз ҳар як гектар 35 – сентнерӣ ҳосил бардоштааст. Даҳҳо хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ аллакай аз ҳар гектар 25 – 30 - сентнерӣ пахта ғундошта, иҷрои нақшаи солонаро таъмин карда бошанд, хоҷагиҳое низ ҳастанд, ки аз ҳар гектар андаке зиёда аз 10 - сентнерӣ ҳосил рӯёндаанд. Ё ин ки  рафти ҳосилғундорӣ дар ҶДММ «Агросаноат», хоҷагиҳои «Намуна», «Дӯстӣ» ва чанде дигар беҳтар бошад ҳам, хоҷагиҳои ба номи А. Мирзоев, «Экспресс» ва «Ҳақиқат»  ҷамъоварии пахтаро кашол дода истодаанд. Хоҷагиҳои қафомонда дар мавсими парвариши ниҳолҳо аз насосҳои обкашӣ дуруст истифода набурда, ба беоб мондани қитъаҳо  ва паҳн гардидани ҳашарот дар пахтазор роҳ додаанд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 883

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед