logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. АЗ БАРАКАТ ТО ФАРОВОНӢ

Меҳргон дар баробари Наврӯз аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад, ки дар гузашта миёни мардумони ориёӣ нисбат ба дигар иду маросим мавқеъ ва манзалати воло дошт. Аз омадани он аз шоҳу вазир сар карда, то деҳқону косиб - ҳама хурсандӣ мекарданд. Шоирон васфу тасвири Меҳргонро дар шеърҳояшон тараннум менамуданд ва шаъну шукӯҳи ин ҷашни азизро дурахшонтар месохтанд. 
Чунончи, устод Рӯдакӣ гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад. 
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
 
Мунҷики Тирмизӣ яке аз шоирони дигари варзидаи тоҷик дар як қасидааш васфи зебоиҳои тирамоҳро пайванд бо Меҳргон ҷой додааст. Ӯ ишора ба таҳвили офтоб, яъне эътидоли тирамоҳии сол карда, аз дигаргуниҳои табиат низ хабар медиҳад.

Худойгоно, фархунда Меҳргон омад,
Зи боғ равон гашт ба таҳвили офтоб аҳвол.
Саропардаи суҳбат кашид себу турунҷ,
Ба табли реҳлат барзад гули бунафша дувол.
Ба сони моҳии заррин кунун фурӯ резад,
Зи бед барг ба як зилзила ба оби зулол.

Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва адабӣ, махсусан, дар ашъори шоирони классики форс - тоҷик ҳамчун тимсоли баракату фаровонӣ, файзи дастархони кишоварзону боғдорон ва ҳунармандону чорводорон намудор мешавад. Таҷлили Меҳргон дар тирамоҳ бо Наврӯзи баҳорӣ як навъ тавозунро ба вуҷуд овардааст. Аҷдоди тоҷикон дар айёми баҳор бо сад нияту умед ба корҳои кишоварзию боғпарварӣ ва ғайра шурӯъ карда, дар фасли тирамоҳ ҳосили заҳмати худро гирдоварӣ мекарданд. Дар ҳар амал онҳо аз худои худашон – Меҳри баракатбахш фаровонию афзунии самараи дастранҷи хешро дархост менамуданд. Баъд аз гирдовариҳо ба рамзи шукронаи неъмати худодод ҷашнҳо меоростанд, шодию хуррамӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, арзи сипос ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат ва меҳру илтифоти эзади Меҳр густаришу шукӯҳ пайдо карда, тадриҷан ба ҷашни бузурги минтақавӣ табдил ёфтааст.
Меҳргон ҷашни мардумист. Онро шоҳони сосонию амирони сомонӣ бо халқ ва барои халқ барпо менамуданд. Дар доираи таҷлили Меҳргон онҳо корҳои кишоварзию боғдорӣ ва касбу ҳунарҳоро таблиғ мекарданд, мардумро ба иттиҳоду дӯстӣ ва корҳои нек мехонданд. Ҳамин гуна арзишу ғояҳои судбахши Меҳргон буд, ки вусъату тамдиди онро таъмин кард ва то ба рӯзҳои мо дар шаклу суратҳои гуногун омада расид.
Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ Ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои сайр ва иди тирамоҳӣ дар байни тоҷикон таҷлил мегашт.
Чунин  сайрҳо, ки як навъ идомаи Ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳалҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то ба нимаҳои садаи ХХ барпо мешуданд. Чунончи, дар деҳаи Хуҷии Болои ноҳияи Ҳисор мазоре ҳаст, ки мардум ҳар тирамоҳ се маротиба рӯзҳои чоршанбе дар он сайр барпо мекарданд. Ин анъана ҳоло ҳам бо андаке тағйирот идома дорад. Тавре ки фолклоршиноси варзида Рӯзӣ Аҳмад дар асараш «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» навиштааст, тоҷикони деҳаи Саричашмаи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон баъди бардошти ҳосилоти деҳқонӣ, ки ба нимаи моҳи октябр рост меояд, «Сайри мазор» ном иде доштанд. Сокинони деҳаи мазкур гӯсфанд ё гов кушта аҳли деҳа ҷашни бузурге меоростанд ва рӯйи дастархон меваҳои гуногун тарбузу харбуза  ва нону шириниҳо ниҳода, дар сайргоҳ дафу сурнаю  дутор навохта, рақсу бозӣ мекарданд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёфт.
 Мардум ҷашни «Сайри мазор» - ро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола кишти деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон  осуда бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва молу ҳолашон  бегазанд бошанд ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳбон бошад.
Боиси шодмонист, ки Ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва тавассути он корҳои самарабахши кишоварзию боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва касбу ҳунарҳои дигар таблиғу ташвиқ мешаванд. Он, воқеан, таҷассумкунандаи суннатҳои неки ниёгони мост.
Дилшод РАҲИМӢ,
муовини директори
Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 845

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед