logo

иқтисод

ЧӢ БОЯД КАРД? ДАР БОРАИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ

Қариб ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо дар шаҳру навоҳӣ, хусусан дар деҳот, камбуди аз кор бозмонии истгоҳҳои барқӣ (трансформаторҳо) ба назар мерасад. Таҷҳизоти зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва симчӯбу ноқилҳо, ки аксаран аз даврони шӯравӣ мондаанд, корношоям гардида, боиси талафёбии табиии наздик ба 14 дарсади неруи барқ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи паст кардани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки истифодаи неруи барқро қатъӣ назорат намоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мавриди назорати ҷиддӣ қарор ёфтани истифодаи неруи барқ ба он хотир аст, ки дар натиҷаи зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ  талабот ба барқ афзуд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Душанбе аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 1,7 дарсад зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 2,2 дарсадро ташкил медиҳад, ки истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқро тақозо менамояд.
Ба андешаи коршиносон, кори боэътимоди воситаҳои интиқолдиҳандаи барқ, аз ҷумла хатҳои ҳавоии барқӣ, кабелӣ ва трансформатору таҷҳизоти дигари барқӣ, асоси бе талаф истифода намудани  неруи барқ, хусусан дар фасли зимистон, мебошад, зеро эҳтиёҷоти аҳолӣ дар ин вақт ба он бештар аст. Бо ин мақсад ШСХК «Барқи тоҷик» аз аввали соли ҷорӣ то 1 – уми октябри соли 2017 аз ҳисоби фонди таъмир дар ҳаҷми 56,8 миллион сомонӣ корҳоро иҷро кард.
Бино ба иттилои Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик», ширкат ҳамасола барои таъмини кори босифати иншооти барқӣ корҳои таъмир ва барқарорсозӣ анҷом медиҳад. Имсол низ аз ҷониби сохторҳои ширкат таъмири асосии 2 732 километр хати ҳавоии барқӣ, 76,6 километр хати кабелӣ ва як қатор трансформатору таҷҳизоти зеристгоҳҳои барқӣ гузаронда шудааст. Дар неругоҳҳо низ таъмири ҷории таҷҳизоти ёрирасон амалӣ шуда истодааст, - гуфт Н. Ёдгорӣ.
Бо вуҷуди иҷрои доимии корҳои таъмиру барқарорсозӣ, масъалаи боэътимод фаъолият кардани баъзе аз воситаҳои интиқолдиҳандаи барқ, аз ҷумла трансформаторҳо, ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар мавсими зимистон ба селу боришот ва раъду барқ, ҳамчунин, барфи аз меъёр зиёд тобовар нестанд. Вақти он расидааст, ки тамоми воситаҳои интиқолдиҳандаи барқ бо таҷҳизоти муосири барқӣ таъмин ва азнавсозӣ,  ҳамчунин ба истифодабарандагони неруи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳар чи бештар ташвиқ карда шавад.                     
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 653

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед