logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ТАҶРИБА СОБИТ СОХТ, КИ...

Дар таъриху маданияти тоҷикон ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ бо урфу одатҳои гуногун тафсил дода шудаанд, ки аксарияти онҳо ба давраҳои асосии ҳаёти инсон - таваллуд, балоғат, тӯй, инчунин фавт рост меоянд.

Таваллуди кӯдак яке  аз  лаҳзаҳои хуштарину беҳтарин дар оила ба шумор меравад. Дар ин давра, пеш аз қабули қонун, маъракаҳои номгузорон, гаҳворабандон ва чиллагурезон бо додани чанд намуди таом ва иштироки меҳмонони зиёд доир мегаштанд. Баъдан, ба муносибати мӯйсаргирон ва хатна маъракаҳои махсус баргузор мегардиданд. Ҳамаи инҳо маблағҳои калон талаб мекарданд. Солҳои охир маросими хатнасурро аз ҷиҳати хароҷот ва ҳашамат аз тӯйи домодиву арӯсӣ қариб фарқ карда намешуд. Аз ин лиҳоз, дар қонуни амалкунанда тартиби нави гузарондани хатнасур пешниҳод гаштааст, ки мувофиқи он ин маросим дар доираи оила, бе хизматрасонии санъаткорон гузаронда мешавад. Худи амалиёти хатна бо розигии падару модар, аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд, дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, анҷом мегирад.
Пеш аз тӯйи арӯсиву домодӣ бошад, чорабиниҳои зиёде, ба мисли хостгорӣ, фотиҳа, қалингирӣ, ҷиҳозгирӣ, баъд аз он никоҳ, тӯй, арӯсбиёрон, рӯбинон, келинталбон, домодталбон, падарталбон бо оростани дастархони пурнозу неъмат ва дар баъзе ҳолатҳо бо додани ду таом баргузор мешуданд. Дар рӯзи тӯй ҳам дар хонаи арӯс ва ҳам дар хонаи домод маъракаҳои бодабдаба доир мегардиданд. Одатан ду намуд хӯрок - шӯрбо ва оши палов пухта, ҳамсоя, хешу табор ва наздиконро зиёфат медоданд. Ҳоло, мувофиқи моддаи 10 - и қонуни амалкунанда, ки тӯйи домодию арӯсиро ба танзим даровардааст, дар баробари як қатор маъракаҳои пештар манъшуда, гузарондани чорабиниҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтозон (роҳбандон) манъ карда шудааст. Инчунин, дар қонун меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда  бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.
Дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, то ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим, маросими дафну азодорӣ аз ҳар ҷиҳат серташвишу серхароҷот гардида буданд.  Масалан, «оши бегоҳи се», «ҳафт», «бист», «чил» ва «сол» чунон серхароҷот ва боҳашамат гузаронда мешуданд, ки ба маъракаҳои хушнудӣ шабоҳат доштанд. Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои ба моддаи 11 - и қонун-«Маросими дафну азодорӣ» воридшуда саривақтӣ  буда, танҳо ба манфиати мардум равона гардидаанд. Мувофиқи ин модда маросими дафну азодорӣ бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.  Инчунин, тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Бахусус, дар маросими «се», «чил» ва «сол», ки барои гузарондани онҳо иҷозат дода шудааст, забҳи чорво ва додани таом манъ гардидааст.
Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молиявии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи ибрат гардид. Мо ба чунин хулоса омадем, ки ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анъанаҳои куҳан ва ғании тоҷикон манша гирифтааст. Бинобар ин, қонуни мазкур заминаи мустаҳкам дошта, бо амалӣ шудани он мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус аҳолии камбизоат ба андозаи чашмрас осон хоҳад гашт.
З. АКРАМӢ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
З. ЮСУФБЕКОВА,  М. ШОВАЛИЕВА, М. МАҲМУДОВА, кормандони институт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 1009

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед