logo

иқтисод

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар сол барои пешгирии таъсири обхезӣ ва сел корҳои зиёдро ба анҷом расонда, сохтмони саддҳо, обгардонҳо, селпартоҳо ва иншооти дигарро ба уҳда дорад.  Самари заҳмати доимии мелиораторон аст, ки ҳар сол садҳо гектар заминҳои кишт, чарогоҳҳо ва иншооти соҳаи кишоварзӣ аз хатари офати табиӣ эмин мемонанд. Сардори бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунии агентӣ Ҳабибулло Маҳмадуллоев оид ба фаъолияти корхона ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин гуфт:
- Моҳҳои охири соли 2016 ва аввали соли 2017 сербориш ва хавфи селу обхезиҳо бештар ба амал омад. Инро ба назар гирифта, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои агентӣ 165,5 тонна сӯзишворӣ, 810 тонна семент, 29,7 тонна арматура, 7640 метр симтаноб, 33255 метри мураббаъ  симтур, 0,4 тонна сими пӯлодин ҷудо карда шуд.
Аз аввали сол бо истифода аз масолеҳи сохтмонию сӯхти дастрас- гардида, ба масофаи 18836 метр корҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиат ба иҷро расонда шудааст. Корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин  Шоҳин, Бохтар, Панҷ, Ашт ва канали Чӯбеки ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба анҷом расонда шуда, садҳо гектар замин, роҳу пулҳо ва иншооти муҳими хоҷагии халқ аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шуд. Давоми сол кормандони иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, маркази татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим», муассисаҳои давлатии лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» ва канали Чӯбек, корхонаи воҳиди давлатии “Селмуҳофизат”, муассисаи давлатии “Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ” ва дигар корхонаҳои тобеи агентӣ фаъолияти густурда доштанд.
Ҳукумати кишвар ба ин мақсад истифодаи дигар сарчашмаҳои маблағгузориро роҳандозӣ намудааст. Чунончи, аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ 2518 метр саддҳо, аз ҷумла дар  шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ишкошим, Рӯшон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сохта шуданд. Дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии кормандон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар мавсими имсола корҳои ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, эмин нигоҳ доштани иншооти хоҷагии халқи мамлакат, манзилҳои зисти аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ натиҷаҳои шоён ба даст оварда шудаанд.
Аз ҳоло мутахассисони мо минтақаҳои нисбатан хавфнокро омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат оид ба андешидани чораҳои судманд пешниҳодҳо ирсол намуда истодаанд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 694

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед