logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Таърих собит сохта, ки нобиғагони илму адаби тоҷик бо тафаккури офоқии худ бори гарони рисолати саодатмандсозии инсонҳоро бар дӯш доштаанд. Сарнавишти ин миллати тамаддунофар он қадар пур аз печу фароз аст, ки бо ақлу фаросати ҷаҳонсозиаш муддатҳо барои дигар халқу миллатҳо чун роҳнамову ҳодӣ ва гоҳо бар асари нотавонбинии душманону бадхоҳонаш як қадам дур аз вартаи нобудӣ қарор доштааст. Дар даҳаи охири садсолаи бистум, ки бори дигар соҳибистиқлолӣ муяссараш шуд, душманону бадхоҳон ноором шуданд ва аз нав бо ин миллат бозии басо хатарнокро роҳандозӣ карданд. Раванди ҳодисаҳои хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ аз он лиҳоз бисёр хатарбор буд, ки мехостанд моро бо дасти худамон маҳв намоянд. Бо ин ҳадафи шум мардуми кишвари моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини тоҷикон анҷумани сарнавиштсоз ба шумор меравад, ба марҳалаи нави давлатсозӣ асос гузошт. Ба бахти мардуми тоҷик дар ин иҷлосия нафаре зимоми сарварии давлатро ба даст гирифт, ки ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум менамуд. Баъд аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аркони давлатдорӣ зина ба зина эҳёву истеҳком ёфт. Бо ҷонбозиҳо, гузаштҳо ва эътимодбахшиҳои сарвари тозаинтихоби кишвар вазъи ноороми ҷумҳурӣ ба эътидол омад. Акнун   бояд ба оламиён собит мешуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар  кишвари  мо  ҷанги  таҳмилӣ ва бо дасти дигарон тарҳрезӣ шуда буд, дар асл мо миллати мутамаддин, соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановате ҳастем, ки он на танҳо ба мо - тоҷикон, балки ба кулли башарият тааллуқ мегирад.
Таҷлили санаҳои таърихӣ, пос доштани хотири абармардони миллату арҷгузорӣ ба заҳамоти онҳо аз зумраи ҳамин гуна иқдомот буд. Мо барои эҳё, рушду густариш, ҳифз ва ба насли оянда ба мерос гузоштани фарҳанги хеш, ки бозгӯкунандаи ҳувияти мост, камари ҳиммат бастем. Бо табдили номи даҳҳо шаҳру навоҳию хиёбону кӯчаҳо бо номҳои таърихию аслии миллӣ ва номи фарзонагони гузаштаи халқамон, такмил ва дар шакли нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”   ва ба ин васила бозгӯ кардани ҷойгоҳи баланди забони ноби тоҷикӣ эълом доштем, ки мо аз нав ба асли хеш баргаштем. Чунин амалкард боз бадхоҳони моро ба ташвиш оварду бо истифода аз роҳу усулҳои нав саъй карданд, ба рушди ҳувияти миллии мо халал ворид созанд. Нашри мақолоти иғвоангез дар матбуоти зарди хориҷию сомонаҳои интернетӣ, арзи ҳастӣ кардани равияҳои тундрави мазҳабӣ, ба фаъолияти густурда шурӯъ кардани мубаллиғони дигар адёну мазоҳиб, таблиғи либоспӯшии ғайритоҷикона, ҷалби ҷавонони ноогоҳи мо ба сафи гурӯҳҳои даҳшатзо ва ғайра аз ин шумор буд, ки дар ибтидо то ҷое ба ҳадафи хеш расиданд.
Халқи шарафманди тоҷик бо зоҳир сохтани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҷилави онҳоро гирифт ва рисолати мо - имрӯзиён аз он иборат аст, ки ба фарҳангамон, фарҳанге, ки бозгӯкунандаи ҳувияти миллии мост ва назир надорад, арҷ гузорему бо корбурди ақли созанда, онро боз ҳам таҳким бахшем. Ҳифзи ҳувияти миллӣ ба мо дар сурате муяссар мегардад, ки агар фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси баланди худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба сарватҳои фарҳангиамон тарбият намоем. Барои тақвияти назари хеш ин ҷо иқтибос овардани сухани пандомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маврид медонам:  “Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд”.
Дар фароварди сухан гуфтанием, ки ҳувияти миллии мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Он дар даврони соҳибистиқлолӣ камол ёфту боло гирифт. Ҳувияти миллӣ барои тавлиди тафаккури офоқӣ замина фароҳам меорад. Бидуни ҳувияти миллӣ расидан ба тафаккури фаромиллӣ имконнопазир аст. Барои ҳар як тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки гузаштагони илму адаби мо шурӯъ аз устод Рӯдакӣ то Фирдавсию Саъдӣ ва Ҷалолуддини Балхию даҳҳо пайравони онҳо соҳиби тафаккури баланд буданд ва маҳсули зеҳни онҳо моли тамоми башарият аст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 760

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед