logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДУ ПАҲЛУИ ЯК РӮЙ
Пиразане бо алам назди хирадманде омад ва гуфт:
- Писарам, ки имрӯзҳо чиҳилсола аст, ҳанӯз ҳам ба ман ва ҳамсару фарзандонаш дағалона муносибат мекунад, ба сарамон фарёд мезанад. Ин ё он кор каме дер ёзад, бонг зада, лаб ба дашном мекушояд. Ин аз харобии асабҳои писарам бошад, ё ягон бемории дигар?
Хирадманд ҳамоно посух дод:
- Ин ҳаргиз аз асаб ва ё беморие нест. Бонгу фарёди ӯ аз ниёзҳои худхоҳиву такаббури ӯ бармеоянд. Писарат чӣ мушкиле дар пеш дорад?
Пиразан ҷавоб дод:
- Ӯ аз бозаргони маҳаллаи дигар қарздор аст.
Хирадманд бозаргонро бо хоҳиши он ки аз қарзи писари пиразан гузарад, розӣ карда, ӯро назди ҷавонмарди худхоҳу беадаб бурд. Вақте ӯ бозаргонро дид, чунон ҳам боодобу нармгуфтор шуд, ки аҳли оилааш ҳаргиз ӯро чунин надида буданд. Тозон омада, бозаргонро ба садри хона даъват кард ва дастони ӯро бо рамзи эҳтиром бӯсид. Хирадмандро ба гумони он ки аз наздикони бозаргон бошад, гарм ҳолпурсӣ кард. Гӯё ӯро сад сол боз мешинохта бошад.
Хирадманд ва бозаргон нанишаста гуфтанд: «Писар, ту аз қарзи чандинсолаи бисёрат озодӣ. Аммо ба ивази ин, дигар ҳаргиз бо аҳли оилаат, бавижа бо модари пират дуруштӣ макун ва аз асби ғуруру ҷаҳолат фуруд о!»
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


БАХИЛ БЕҲ ЗИ КАРИМ?
Ба ин пурсиш шояд аксари хонандагон ҷавоби рад бидиҳанд ва акси онро тасаввур бикунанд. Яъне, бахил ҳеҷ гоҳ аз карим беҳтар нест, баръакс карим беҳ зи бахил аст. Аммо, агар дар ҷустани посухи дурусту изҳори он шитоб накунем, беҳтар мебошад. Пас, биёед, аломати савол ё пурсишро бигирем ва мутмаин бигардему бахилро беҳ зи карим бидонем. Албатта, ин  на амр, балки як пешниҳод аст. Аз ин рӯ, бо фаҳму дарки дуруст онро қабул бинамоед ва ё метавонед напазиред. Шуморо ба шубҳа ин ҳақиқат водор месозад, ки бухлро беҳ зи карам хондаанд ва он ниёз ба исбот надорад. Оре, агар чунин аст, пас ҳатман бояд карим беҳ зи бахил бошад, на бахил беҳ зи карим. Бузургон, ниёгони мо фармудаанд, ки карам зи бухл беҳ мебошад, аммо бахил беҳ зи карим аст. Чӣ гуна? Карим ба ин  сифате, ки дорад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи ниёзмандон қарор дорад ва мехоҳад саршумори онҳо зиёд бошад, то бештару бештар ба ин гурӯҳ карам бинамояд. Агар ниёзманд наёбад, мехоҳад ин тоифа пайдо шавад, ки амали некаш қатъ нагардад. Бахил, хушбахтона, ҳаргиз дар ин андеша нест. Мехоҳад, ки ҳеҷ гоҳ ниёзманде вуҷуд надошта бошаду пайдо нашавад. Оре, дар ин сурат ба ӯ дасти ниёз дароз намекунанд.
Ба андешаи инҷониб танҳо ба ҳамин маънӣ бахил беҳ зи карим аст. Вале боз ҳам ба яқин, интихоб дар дасти шумост. Аммо, воқеан, бахил беҳ зи карим нест?
Абдулқодири РАҲИМ


СИРРИ ШАМОЛ
Агар назди тирезаи пӯшида, ки ягон сӯрохӣ надорад, каме истед, нафаси  шамоли сардро эҳсос менамоед. Дар назари аввал ин аҷиб менамояд, вале агар дурусттар фикр кунем, ин ҷо ягон сирре ниҳон нест.
Чуноне ки медонед, ҳавои хона қариб, ки ягон лаҳза ором намеистад: ҷараёни ба чашм ноаёни  ҳавои сарду гарм доимо дар ҳаракат аст. Аз таъсири гармӣ ҳаво тунук шуда, сабук мешавад. Аз таъсири хунукӣ бошад, зарраҳои ҳаво ба ҳам зич гардида, дар натиҷа вазнаш меафзояд. Ҳавои сабуки гарме, ки аз батарея ё печи гарм мевазад, аз таъсири фишори ҳавои вазнини хунук ба боло, ба сӯи шифти хона ронда мешавад. Ҳавои вазнин бошад, баръакс, қад - қади тиреза ва девор ба поён (сӯи фарш) ҳаракат мекунад.
Барои он ки ҷараёнҳои ҳаво дар чашм намоён гардад, мо  пуфакеро аз ҳаво пур карда, ба он пораи чӯб ё чизи сабуки дигареро мечаспонем, то он озодона ҳаракат карда тавонад. Пуфакро агар аз назди печ ё танӯри гарм ба ҳаво сар диҳем, зери таъсири ҷараёни ноаёни ҳавоӣ афтида, фазои хонаро давр мезанад. Яъне, аз назди бухорӣ ба шифти хона ҳаракат карда, аз он ҷо ба сӯи тиреза мепарад, қад - қади шишаи он поён фуромада, боз ба назди бухорӣ бармегардад.
Барои ҳамин, мову шумо дар фасли зимистон ҳангоми дар назди тиреза истодан ҳис мекунем, ки аз он шамоли хунук вазида истодааст.
Таҳияи М. ТАБАРОВ


ҲАҶВ
СТАЛИН ВА НАФСИ ГЕНЕРАЛ
То ғалаба рӯзҳои башумор монда буд.  Як генерал - полковник ба Сталин дар бораи вазъи корҳо дар фронт ҳисобот медод. Сарфармондеҳи Олӣ басо хушҳол менамуд ва мамнунона сар меҷунбонд. Сталин ҳис кард, ки генерал боз чизи дигар ҳам гуфтан мехоҳад, вале ҷуръат надорад. Бинобар ин, пурсид:
- Боз чизе гуфтан мехоҳед?
- Бале, рафиқ Сталин. Аз Олмон баъзе чизҳои барои худ муҳимро оварда будам, вале дар дидбонгоҳ иҷозат нест гуфта, мусодира карданд. Хоҳишмандам агар мумкин бошад, онҳоро ба ман баргардонанд.
- Албатта. Шумо дархост нависед, ман амр медиҳам.
Генерал-полковник аз кисааш дархости пешакӣ навиштаашро бароварда, ба Сарфармондеҳи олӣ дод. Сталин ба он амрнома навишта, баргардонд. Генерал - полковник аз ғояти шодӣ изҳори миннатдорӣ мекард.
-Ҳоҷат ба миннатдорӣ нест, - гуфт Сталин.
Чун генерал ба амрнома чашм давонд, ки дар он омада буд: «Ба полковник куҳнаколоҳояшро баргардонед»,  рӯ ба Сарфармондеҳ овард:
- Рафиқ Сталин дар амрнома иштибоҳ рафтааст. Ман на полковник, балки генерал-полковникам. 
- Не, он ҷо ҳамааш дуруст аст, аз ин пас шумо полковникед, - гуфт Сталин. 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


АСРИ БЕНЗИН ГУЗАШТ?
АКНУН МОШИНҲО БО ҲАВОИ ФИШУРДА ҲАРАКАТ МЕКУНАНД

Автомобили  “AIRPod”, ки онро яке аз муҳандисони Формула - 1 ихтироъ намудааст, бо ёрии ҳавои фишурдаи сарди фишораш аз фишори атмосфера 300 маротиба баланд ҳаракат мекунад.
Ҳаво баъди гарм шудан ба силиндри муҳаррик фиристода мешавад. Барои неру додан ба “AIRPod” ҳамагӣ 3 дақиқа вақт сарф мегардад. Нархи қувватдиҳӣ аз 3 доллар камтар аст.
Тибқи иттилои “Zero Pollution Motors” фурӯши автомобили “AIRPod” дар ҳудуди ИМА аз ҳамин сол оғоз мегардад.
Таҳияи  Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


БОНУ МИЛЛИАРДЕРҲО
Сюзана Клаттен, духтари собиқ пулдортарини Олмон Йохан Кландт роҳбари ширкати автомобилии  «BMW»,  ширкати дорусозии «Altana»  ва ширкати истеҳсолгари муҳаррикҳои шамоли «Nordex» буда, 50 дарсади аксияи ширкатро баъди марги падар ба даст овард. Вай соҳиби 17,4 миллиард доллар мебошад.
Энн Кокс – Чемберс, фарзанди  собиқ роҳбари чанд ширкати калони воситаҳои ахбори омма  COX Enterprises буда, баъди марги падар ӯ низ роҳбарии ин ширкатҳоро  ба даст овард ва ин бону чун медиа – магнат ба рӯйхати занҳои пулдортарини олам дохил гашт, ки дороияш 15,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


«ТИТАНИК» ИН БОР ДАР ЧИН
Дар парки нави фароғатии  шаҳри Сунини  Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 150 миллион доллари ИМА нусхаи киштии «Титаник» - ро сохта истодаанд. Дарозии киштӣ 269, паҳнояш 28 метр хоҳад буд.
«Титаник» - и  нав дар баҳр шино намекунад, балки барои ҷалби сайёҳон пешбинӣ шудааст. Баъди анҷоми сохт-мон киштиро дар бандари дарёи Дайин Кии шаҳри Сунин нигоҳ медоранд.
Барои он ки мусофирон худро дар соли 1912 эҳсос намоянд, ҳар як ҷузъи он ба киштии машҳури «Титаник» монанд карда шудааст. Ороиш ва ҳатто рӯйхати хӯрокҳо низ ба он замон монанд аст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ ба мусофирон, ҳамчунин, шоу - барномаҳои дар сабки ҳамон замон буда, пешкаш хоҳад шуд.
Ёдовар  мешавем, ки  «Титаник» дар соли 1912 ғарқ шуда, ҷони 1500 нафарро рабуда буд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
3. Фемарн – Белт
Муъҷизаи 19 – километраи заковати муҳандисӣ соли 2018 сохта шуда, ба равуои серхароҷот бо киштии гузора байни ҷазираи олмонии Фемарн ва ҷазираи Лолланди Данияро хотима мегузорад. Арзиши сохтмони пул 2,2 миллиард доллар мебошад.
Фемарн - Белт аз се пули танобии овезон иборат хоҳад шуд, ки 725 метр тӯл мекашад. Онро чор сутуни бузург, ки баландии ҳар кадом 279 метр аст, рӯи «китф» хоҳад дошт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
11. Ҷазираҳои Фаддей
Ҷазираҳои Фаддей ба номи кашшофи қитъаи Антарктида – Фаддей Беллинсгаузен гузошта шуда, дар соҳили шарқии нимҷазираи Таймир воқеанд. Ин ҷазираҳоро иштирокдорони Экспедитсияи бузурги шимолӣ – гурӯҳи муҳаққиқ ва қутбшиноси рус Василий Прончишев соли 1736 кашф кардаанд.
Инчунин, фарзияе вуҷуд дорад, ки ин гурӯҳи ҷазираҳо соли 1689 аз ҷониби аввалин пажӯҳишгари нимҷазираи Таймир Иван Толстоухов кашф гаштааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузарондани таҳқиқот киштии муҳаққиқ ба садама дучор меояд.  Бино ба гуфтаи олимон, ҳайати киштӣ ҷон ба саломат мебарад ва дар яке аз ҷазираҳо барои худ сарпаноҳ сохта, чанде дар он зиндагӣ мекунад. Аммо онҳо ба сардиҳо тоб наоварда оқибат ба ҳалокат мерасанд ва ин мӯҷиби он мегардад, ки то экспедитсияи Прончишев дар бораи ҷазираҳо маълумоте вуҷуд надошт.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
(Идома аз «Шоми шанбе» - и гузашта)
Ҷоизаҳо: тоҷҳо, лентаҳо ва шохаҳои дарахти нахл
Дар бозиҳои муосири олимпӣ ба варзишгароне, ки мақомҳои аввалу дувуму сеюмро ишғол менамоянд, мутаносибан медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ тақдим мегардад. Дар бозиҳои Панэллини танҳо як нафар ғолиби мутлақ дониста, бо гулчамбар ё тоҷи сохта аз баргҳо мукофотонида мешуд.
Дар ҳар маҳали баргузории бозиҳо тоҷи ифтихорӣ аз баргҳои дарахтони гуногун омода мегардид:
- дар Олимпия – тоҷи ифтихорӣ аз баргҳои дарахти худрӯйи зайтун;
- дар Делфа – аз баргҳои дарахти ҳамешасабзи ғор;
- дар Коринф – тоҷ аз шохаҳои дарахти коҷ;
- дар Немей – тоҷ аз шохаҳои дарахти худрӯйи карафс мураттаб мешуд.
Ҳамроҳ бо тоҷи ифтихорӣ ғолиб бозубанди пашмини сурхро дарёфт мекард.
Муҷассамаи машҳури ҳайкалтарош Поликлет (дар нимаи дуюми қарни 5 то эраи мо) навраси ғолиберо, ки дар сар бандинаи барандаро дорад, инъикос намудааст. Муҷассама «Диадумен» ном дорад. Нусхаи биринҷии он дар даромадгоҳи Музейи олимпӣ дар Лозана гузошта шудааст.
Ғолиб, инчунин, боз аксар вақт чун рамзи як пирӯзӣ шохаи дарахти нахлро дар даст мегирифт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


СОАТИ «ҲУШМАНД»
Ҳолиё бастани соати «ҳушманд» дар дасти кӯдакон маъмул шудааст. Тариқи ин соат волидон на танҳо аз вазъи саломатии фарзандон бохабар мешаванд, балки ба куҷо рафтани онҳоро низ зери назорат хоҳанд гирифт. Барои мисол: агар кӯдак дар ҷои хатарнок бошад, бо пахши як тугма метавонад ба телефони наздикон паёмак фиристад. Дар ин гуна соатҳо аз 3 то 15 рақами телефон сабт мешавад.
Хубии дигари ин соат дар он аст, ки GPS дорад ва макони ҳузури кӯдакро муайян мекунад. Дар ҳолати аз минтақаи муайян берун шудани фарзандатон ба шумо паёмак меояд. «SeTracker» барномаи асосиест, ки соати «ҳушманд» - ро ба телефони волидон пайваст мекунад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


ОЁ МЕДОНЕД?
Сагро бори аввал 40 ҳазор сол пеш шикорчиёни соҳили дарёи Янсизии Чин ром кардаанд.
***
Дар Англия қонун буридани гӯшу думи сагро манъ кардааст.
***
Сагҳои чанаккаш чунон боқувватанд, ки то ду шабонарӯз дам нагирифта, ҳаракат мекунанд.
***
Агар чашмони саг баста ва ё нобино шуда бошад ҳам, соҳибашро бехато аз байни ҳазорон нафар мешиносаду меёбад.
***
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон 70 ҳазор саг иштирок кардааст.
***
Инсон метавонад, ки дар як вақт ду намуди бӯйро эҳсос кунад, аммо сагҳо бошанд, дар як вақт 20 намуди бӯйро фарқ мекунанд.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ


РЕКОРДИ НАВ ДАР ДАВИДАН БО ПОШНА
Оё шумо медонед, ки чанде қабл рекорди нав-батии ҷаҳонӣ гузошта шуд? Танҳо он аз рӯи  кадом намуд? Тааҷҷуб накунед – ин намуд  давидан бо пошна мебошад. Дар он 100 зебосанами австралиягӣ ва 1 мард ширкат намуд. Марафони аҷиб дар шаҳри Канберр доир гардид.
Эстафетаҳо на танҳо мароқангез, балки хандаовар ҳам буданд. Барои мисол, бонувон ба масофаи 80 метр давиданд ва натиҷаи беҳтарини бадастомада  1 дақиқаву 4 сонияро ташкил дод, ки он аз натиҷаи қаблан дар «Китоби рекордҳои Гиннес» воридшуда афзалият дошт. Барои он ки пирӯз гарданд, бархе аз духтарон даст ба чораҳои истисноӣ заданд. Масалан, ширкаткунандае туфлиашро ба хотири аз пояш набаромадан бо скотч баста буд.
Аммо ҳамаи чораҳои андешидашуда бонувони зеборо аз ҳаракати нобоб ва афтиданҳои хандаовар ҳифз накард.
Барандагони марафон Ҷессика Пенни, Лаура Ҷулифф, Кейси Хоҷес ва Бритни Макглоун соҳиби 10 ҳазор долларии австралиягӣ гардиданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


МАНОРАИ ЭЙФЕЛ ЧАРО БАЛАНДИИ ОН КАМУ ЗИЁД МЕШАВАД?
Агар аз Шумо пурсанд, ки баландии манораи Эйфел ба чанд мерасад, пеш аз 300 метр ҷавоб додан, як ҳолати муҳими дигарро муайян намоед: дар кадом вазъи боду ҳаво?
Охир, баландии чунин манораи бузурги оҳанӣ дар ҳар гуна вазъи боду ҳаво метавонад тағйир ёбад. Мо хуб медонем, ки стержени манора ҳангоми 1 дараҷа гарм шудани ҳаво ба андозаи 3 миллиметр дароз мегардад. Тахминан ба ҳамин андоза (3 мм) баландии манора ҳангоми 1 дараҷа сард шудани ҳаво паст мешавад. Дар ҳавои гарм асоси оҳанини манора то + 400С метафсад. Пас, маълум мешавад, ки баландии манораи Эйфел вобаста ба вазъи ҳаво (3 х 40 = 120 мм) то 12 сантиметр фарқ мекунад.
Ҳисобҳои чандинкарата собит намуданд, ки манораи Эйфел ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво бештар ҳассосият дорад. Яъне, бо тафсидани ҳаво қадаш дарозтар мешаваду баръакс. Асоси металлии он нисбат ба ҳаво бештар метафсад ва, баръакс тезтар сард мешавад. Таъсири яку якбора ва ба таври ногаҳонӣ пайдо шудани офтобро дар рӯзҳои боронӣ, пеш аз ҳама, ҳамин манора эҳсос менамояд. Олимон ин нишондиҳандаро бо ёрии сими аз хӯлаи махсуси пӯлодии никелдор сохташуда муайян сохтаанд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


200 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БАРОИ ФУТБОЛ
Нефтемагнатҳои араб барои гузарондани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2022 дар Қатар мегузарад, ният доранд 200 миллиард доллар сарф намоянд. 
Вазири иқтисоди Қатар Алӣ Шариф ал - Имодӣ чанде пеш иброз дошт, ки барои гузарондани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳеҷ гуна маблағро дареғ нахоҳанд дошт, то ба чемпионат омодагии хуб бинанд. Ӯ гуфт, ки «Қатар ҳафтае барои омода кардани варзишгоҳ, роҳу дигар иншоот 500 миллион доллар сарф карда истодааст». Ин маблағ нисбат ба маблағи маъмулии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол то  ҳашт баробар бештар аст. Аммо ин миқдор маблағ танҳо барои варзишгоҳҳо набуда, бо он фурудгоҳ, роҳҳои пиёдагарду нақлиётӣ, метро, беморхона ва, умуман, як шаҳри нав сохта мешавад. Бозиҳои финалии чемпионат дар ҳамин шаҳр баргузор мегарданд. Барои босамар истифода бурдани ҳар динор назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар аввал Қатар хостори сохтани 12 варзишгоҳ буд, аммо бо дархости ФИФА бо 8 варзишгоҳ иктифо карданд. Дар ҳолати лозимӣ Қатар омода аст теъдоди варзишгоҳҳоро зиёд кунад.
Ал - Имодӣ гуфтааст, ки «намехоҳем ҳангоми омадани мардум машғули рангубори деворҳо бошем, балки мақсад дорем тамоми сохтмонро пеш аз муҳлат ба итмом расонем».
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 972

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед