logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вобаста ба пайвастшавии муассисаҳои таълимии пойтахт ба низоми ягонаи гармидиҳӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.
- Аксарияти муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириро ҷиҳати қабули гармӣ дар фасли зимистон дар дохили биноҳо ба анҷом расондаанд. Аммо ба қисми дигари онҳо бо сабаби аз хати магистралии оби гарм дур будан ва таъмирталаб шудани қубурҳои асосии оби гарм хатҳои обгузар нагузаштаанд, - иттилоъ дод Аҳрориддин Бобиев, сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илм.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар муддати шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 115 муассисаи таълимии пойтахт ба хатҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст гардида, аз онҳо 88 муассиса (40 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 46 кӯдакистон, 1 маркази рушди истеъдодҳо ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур) барои гармӣ гирифтан пурра омода мебошанд. Системаи гармидиҳии дохилии 27 муассисаи дигар (14 мактаб ва 13 кӯдакистон) омода шудаанд, аммо маркази гармидиҳӣ гармӣ дода наметавонад. Муассисаҳои боқимонда (86 мактаб, 66 кӯдакистон, 3 шуъбаи маориф ва 7 маркази рушди истеъдодҳо ҷамъ 162 адад) бо сабаби аз хати гармидиҳӣ дур ҷойгир будан имкони пайваст шуданро надоранд.
Чуноне ки маълумот доданд, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф низ корҳои дохили бино пурра ба охир расида, аз санҷиши гидравликӣ гузаронда шудааст. Муассиса зимистони гузашта пурра бо энергияи гармӣ таъмин буд. Бинои асосӣ ва матбааи вазорат низ бо шабакаҳои гармидиҳӣ пайвастанд.
Ҳамзамон, биноҳои таълимии «Шаҳраки донишҷӯён» - и ДМТ ба шабакаи Маркази барқу гармидиҳӣ - Душанбе - 2 пурра пайваст шудаанд. Биноҳои таълимии донишгоҳ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир мебошанд (бинои марказӣ, биноҳои таълимии № 2, 3, 5, 6, 7, 8, 9) ба МБГ - 1 пайваст буда, шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст. Корҳои таъмир дар биноҳои дигари донишгоҳ идома доранд.
Биноҳои таълимии донишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ қисман бо гармӣ таъмин буда, дар Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъмири хати оби гарм дар бинои асосӣ ба анҷом расидааст.
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия  ва  филиали   Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ба шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст буда, дар давраи тирамоҳу зимистон гармиро аз муассисаи мазкур истифода мебаранд.
- Консерваторияи миллии Тоҷикистон соли 2014 ба хати шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст шуд. Мутаассифона, бо сабаби таъмири роҳ ва ивази қубурҳо дар кӯчаи Ш.Ҳусейнзода Консерватория дар зимистони солҳои 2014 - 2015 аз он истифода бурда натавонист. Муассисаи мазкур дар зимистони солҳои 2015 - 2016 ба нақшаи гармидиҳӣ дохил нашуда, боз бо гармӣ таъмин нагардид.
Аз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаҳри Душанбе коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба шабакаи гармидиҳии дохилӣ (бойлер) пайваст ҳастанд, - афзуд Аҳрориддин Бобиев.
Аз 8 литсейи касбии боқимонда танҳо Литсейи касбии маъюбони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, бо сабаби дар таъмири асосӣ будани биноҳои таълимии литсейҳои касбии сохтмон ва дӯзандагии шаҳри Душанбе пайвастани онҳо  ба шабакаи гармидиҳӣ то охири соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайвастани муассисаҳои таълимӣ босуръат идома дорад. Масъулон кӯшиш доранд, ки ниҳодҳои боқимондаро низ шурӯъ аз зимистони соли ҷорӣ ба системаи мазкур ворид намоянд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 955

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед