logo

фарҳанг

МЕҲРГОН ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕКИ ИНСОНӢ

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои аҷдодӣ аст, ки аз қадимулайём онро ниёгони мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Пайдоиши Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифтааст, ки  аз басо қадима будани он далолат мекунад. Ҷашни Меҳргон, қабл аз ҳама, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накукорӣ, тантанаи барзгарон буд, ки ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил онро ҷашн мегирифтанд. Дар "Авасто" омадааст, ки  мардум Меҳргонро 6 рӯз ҷашн  мегирифтанд.
Ҷашни Меҳргон иди миллии таърихиву суннатии миллати мо буда, дар баробари Наврӯз ба урфу одат бо гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон алоқаи ногусастанӣ дорад. Оид ба маъно, пайдоиши он ривояту нақлҳои фаровону гуногун мавҷуданд. Аз ҷумла, зикр ёфтааст, ки ориёиҳо солро ба ду фасл тақсим мекарданд: фасли якум зимистон ва фасли дуюм тобистон. Ҷашни Наврӯз дар оғози тобистон ва Меҳргон дар оғози зимистон бо шукӯҳу тантана барпо мешуданд. Пеш аз фасли сармо омадани Ҷашни Меҳргон аз он далолат мекунад, ки он ҷашни табиат аст ва баъд аз бардошти ҳосили кишоварзию боғдорӣ ва чорводорӣ ба хотири шукронаи Офаридгор таҷлил мегардидааст.
Сабаби дар фасли заррини тирамоҳ ҷашн гирифтани Меҳргон мувофиқ омадани номи рӯзу моҳи Меҳр дар тақвими хуршедӣ мебошад. Сабаби дигари баргузории Меҳргон дар тирамоҳ ин аст, ки он фасли фаровонисту ҳамаи дарахтону гиёҳҳо ҷомаи заррин ба бар мекунанд. Гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад. Кишоварзон дар ин фасл ҳосили бо ранҷпарвардаи худро ҷамъоварӣ менамоянд. Себу нок, анҷиру лимӯ ва ғайра, ки ранги зарду норинҷӣ доранд, дар ин фасл пухта мерасанд ва зинатбахши дастархони меҳргонӣ мешаванд. Инчунин, деҳқонону боғдорон ва чорводорон аз корҳои кишоварзӣ ва саҳроӣ нисбатан фориғ шуда, ба зимистон тайёрӣ мебинанд ва аз неъматҳои ҳосилшуда  истифода ва шукргузорӣ мекунанд.
Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ Ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар суханронии хеш бахшида ба 80 - солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Ҷашни ҷумҳуриявии Меҳргон, аз ҷумла зикр намуданд, ки: «Меҳргон чун ҷашни қадима дорои эътидоли кайҳонӣ пазируфта шуда ва дар ин айём баробарии шабу рӯз фаро мерасад, аз ин сабаб номи ин моҳи бахосиятро Меҳр гузоштаанд. Ҷашни Меҳргон сеюмин иди умумимиллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист».
Маҳз сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат мебошад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин дар таҳкими пояҳои худшиносӣ нақши муассире мегузорад. Наврӯз агар оғози кори барзгарон, бедоршавии табиат, ибтидои дарозшавии рӯз, вусъати  шуои офтоб  бошад, пас Меҳргон анҷоми кори  деҳқон, пастравии гармии офтоб, коҳиши нумӯи табиат, дарозшавии  шаб, айёми хазонрез аст. Дар Ҷашни Меҳргон мардум кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, бо либосҳои шинаму зебо ба базмгоҳ меомаданд ва то поёни шаб хурсандию рақсу таронахонӣ менамуданд. Одамон кинаю кудуратро аз худ дур карда, сӯйи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд.
Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх мегустурданд ва дар байни хон гули "ҳамеша шукуфта" мениҳоданд ва гирди он гулҳои дигарро оро медоданд, ки меҳрварзӣ ва муҳаббату дӯстиро ифода месозад. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ ҷоми оташ ё шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва чизҳои дорои бӯйи хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Суфраро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд. Нони махсуси Меҳргон аз омехтаи орди ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд. Инчунин, рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводу хӯрокии болои он рамзи хосси худро дошт. Болои хони ҷашнӣ ҳамагуна меваҷоту шириниҳо ва нӯшобаҳо мегузоштанду маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳоро ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки то анҷоми ҷашн  ба ҷуз  бачагон  дигар касе  ҳақ надошт, ки меваҷоту  мурғи  Меҳргонро  тановул  намояд, зеро  ба қавли ниёгон  танҳо бачагон чун  фариштаҳои осмонӣ аз гуноҳ  ориянду бас. Пас аз он ки аз неъматҳои  дастархони  марди  деҳқон нӯши  ҷон  менамуданд, дастархонро ҷамъ карда, дар ҷашнгоҳ оташ меафрӯхтанд ва ромишгарон созҳои худро ҷӯр мекарданд ва мардум гурӯҳ - гурӯҳ арғушт мерафтанд. Дар охир нӯшбод мегуфтанд ва кинаву кудуратро аз қалбҳо бадар сохта, бо ҳам аҳду паймон мебастанд, бо дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву муҳаббат зиндагии худро идома медоданд.
Ниёгони мо дар ин рӯз ҷомаву пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданду онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Анъанае буд, ки агар дар рӯзи Ҷашни Меҳргон тифле ба дунё ояд, ба ӯ номе мегузоштанд, ки оғозаш бо “меҳр” сар шавад, масалан: Меҳрнигор, Меҳринисо, Меҳрубон, Меҳрангез.
Дар сарчашмаҳо омадааст, ки  Меҳргон - меҳр мазҳари паймон  ва аҳд низ  будааст. Дар қарнҳои  бостон ҳангоми  бастани  қарордод ё паймон ҳалқа (ангуштарин) - и  меҳрро  ба даст  мегирифтанд. Ангуштарине, ки  имрӯзҳо ҳам ҳангоми  бастани ақди никоҳ арӯсу домод  ба дасти якдигар мегузаронанд, ёдгорест аз Меҳргони  бостон.
Ҳамин тавр, Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ бо дастовардҳои шоёну самимияти хосса ид мекунем. Таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ биёрад.
Меҳргон  омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Нек рӯзу нек ҷашну нек вақту нек ҳол.
САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор, узви вобастаи АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 1103

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед