logo

сиёсат

ҲАДАФ ЯК АСТ: РУШДУ ШУКУФОИИ ВАТАН

Омодагии соҳибкорон, доираҳои соҳибкорӣ ва масъулони ин бахши муҳими кафили рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ба таҷлили Рӯзи соҳибкорон, хусусан вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол бори сеюм баргузор мегардад, вусъат мегирад. Соҳибкорони мамлакат ба истиқболи ин вохӯрии пураҳамият ба ҳам омада, ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои нави рушди соҳибкорӣ, аз байн бардоштани садду монеаҳо, таъмини самаранокии фаъолият, рушди шукуфоӣ ва ба кишвари пешрафтаи саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб пешниҳод менамоянд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, пурсамар гузарондани вохӯрӣ ва таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар мамлакат  кумитаи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию ҷаҳонӣ созмон дода шудааст. Чанде пеш таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири мамлакат, ҷаласаи якуми кумита баргузор гардида, дар он гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба вохӯрӣ мавриди гуфтугузори ҷиддӣ қарор гирифт.
 Ба истиқболи ин вохӯрии муҳим ва Рӯзи соҳибкорон тадбирҳои зиёд пешбинӣ шуда, айни ҳол амалисозии онҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар Душанбе бо иштироки соҳибкорон, кормандони мақомоти андоз, гумрук, ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо фасод дар мавзӯи «Бонувон ва тиҷорат» мизи мудаввар, дар шаҳру навоҳии кишвар вохӯриҳои соҳибкорон бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти андоз, гумрук ва ҳифзи қонун баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бо раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода соҳибкорон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ барои онҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шаванд.
Дар вохӯрии аъзои Шӯрои ҷамъиятию машваратии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва масъулони бахши соҳибкорию сармоягузорӣ, тавре аз маркази матбуоти хадамот ба «Ҷумҳурият» хабар доданд,  масъалаҳои содагардонии расмиёти тиҷорат, тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумрук ва истифодаи системаи идоракунии хавфҳо мавриди баррасию мубоҳиса  қарор ёфтанд.
Ба истиқболи Рӯзи соҳибкорон дар толори муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» дар мавзӯи «Роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир шуд. Намояндагони ширкатҳои хусусӣ, консалтингӣ, иттиҳодияҳо, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди бахшҳои нассоҷию дӯзандагии кишвар андешаҳои хешро баён доштанд. Файзалӣ Раҷабов, раиси Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, иброз намуд, ки айни ҳол рақобати солим дар бахши нассоҷию дӯзандагӣ дар бозори тиҷоратии Осиёи Марказӣ хеле шиддат гирифтааст ва мо барои истеҳсоли моли рақобатпазир бояд аз тамоми имкониятҳо истифода барем. Барои ин ҳамкории густурдаи корхонаҳо, ширкатҳо, ниҳодҳои давлатӣ, назоратӣ ва молиявӣ зарур аст.
Саймумин Камолов, роҳбари Маркази тиҷоратии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки соҳаи нассоҷию дӯзандагии кишвар бо назардошти ашёи хоми босифати ватанӣ имкониятҳои фароху истифоданашудаи зиёд дорад. Барои истеҳсоли моли рақобатпазири содиротӣ ҳамкории корхонаҳои ватанӣ бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва иштирок дар намоишҳои байналмилалии маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Рушди соҳа ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан барои бонувон, хеле хуб мусоидат мекунад. Тайи се соли охир корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии кишвар дар беш аз 20 намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат варзида, бо ҳамтоён паймони ҳамкорӣ ва бо муштариёни хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 30 миллион доллар шартномаҳои содиротӣ бастаанд.
Имрӯз дар остонаи Рӯзи соҳибкорон дар ноҳияи Данғара Форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Данғара – 2017» баргузор мегардад, ки дар он имконоти истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории вилояти Хатлон, хусусан минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», рӯнамоӣ мешаванд. Ба ин ҳамоиши иқтисодӣ беш аз 250 сармоягузору соҳибкор аз кишварҳои хориҷӣ, назири Чин, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват шудаанд.
Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон аз соли 2014 сар карда, 14 октябр ҷашн гирифта мешавад ва чун анъана дар ин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамояд. Дар мулоқоти имсола сармоягузорону соҳибкорони зиёди хориҷӣ низ ширкат меварзанд. Мавзӯи асосии гуфтугӯ ҳамкорӣ дар бахшҳои  давлатию хусусии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, молияву бонк, инфрасохторӣ ва татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Ҳадаф як аст – рушди  саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  аълосифати бозоргир  ва ивазкунандаи воридот.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 300 ҳазор соҳибкор фаъолият дорад, ки 27 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 1010
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед