logo

иқтисод

ДУШАНБЕ – ҚӮРҒОНТЕППА. МАРҲИЛАИ АВВАЛИ ТАРМИМУ НАВСОЗӢ ОҒОЗ МЕШАВАД

Роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа бар асоси як лоиҳа тармиму навсозӣ хоҳад шуд, ки арзиши он бо назардошти саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 96 миллиону 380 ҳазор доллари ИМА ҳисоб шудааст.
Ба манзури татбиқи ин тарҳ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат чанде қабл Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе - Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)» - ро ба тасвиб расонд.
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни муаррифии ин тарҳ дар порлумони кишвар изҳор дошт, ки дарозии роҳ 33,2 километрро ташкил дода, 17,8 километри роҳ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва 11,7 километр дар ноҳияи Хуросон пешбинӣ шудааст. 3,7 километри дигари роҳ ба қисмати Душанбе рост омада, дар роҳ 4 адад пул бо дарозии 630 метр бунёд хоҳад шуд. Ҳаракати нақлиёт дар 4 хат пешбинӣ шуда, паҳноии қисмати мошингузар аз 14 то 24 метр аст. Ҳамчунин, дар роҳи лоиҳавӣ 20 истгоҳ ва 6 гузаргоҳи зеризаминӣ барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар сохта мешаванд.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт, доир ба марҳилаи дуюми лоиҳа, аз ҷониби ширкати машваратӣ - лоиҳакашии олмонӣ «Кокс» корҳои топографӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расида, мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ идома доранд. - Марҳилаи дуюми лоиҳа тақрибан  50  километр роҳ ва сохтмони 1  адад  пули нав  аз болои  дарёи  Вахшро дар ҳамшафатии пули мавҷуда дарбар гирифта, арзиши он пас аз пурра омода шудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани хулосаи Раёсати экспертизаи давлатӣ муайян мегардад. Доир ба маблағгузории марҳилаи дуюм бо Бонки осиёии рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «ЛСА (ҶАЙКА)» машварат идома дорад, - изҳор дошт Худоёр Худоёрзода.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2017    №: 215    Мутолиа карданд: 764

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед