logo

сиёсат

АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

Дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 19 - уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР)  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори агентӣ, генерал-майори адлия Тоҳир Нурзода ширкат варзид. Иштирокдорони ҷаласа аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон ва  Қирғизистон перомуни фаъолияти ниҳодҳои назорати молиявӣ дар муқобала бо коррупсия, фаъолияти мақомоти тафтиши молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои аъзо  ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба ғанигардонии буҷет, кам кардани талафи маблағҳои буҷетӣ, ҳамкориҳои байниидоравӣ дар ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои андоз ва молия, дар бораи муассисаҳои пойгоҳҳои таълимии давлатҳои аъзо оид ба тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо барои мақомоти андоз ва тафтиши молиявӣ, муқовимат бар зидди маблағгузории терроризм ва экстремизм мубодилаи афкори судманд доир карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, инчунин, ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия доир гашт. Дар он намояндагони мақомоти ваколатдори Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, ки ба Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия имзо гузоштаанд ва ҳайати намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.   Муовини якуми прокурори генералии Федератсияи Русия дар бораи таҷрибаи давлати худ дар самти муқовимат бо коррупсия ва роҳбари котиботи шӯро доир ба корҳои анҷомдодаи кишварҳои аъзои ИДМ ба иштирокчиён маълумот ироа  намуданд.  Давлатҳои иштирокчӣ муваззаф гардиданд, ки иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсияро дар муҳлати муқарраршуда таъмин намуда, оид ба корҳои анҷомдодаашон ба котиботи шӯро ахбор пешниҳод намоянд.
Додоҷон  РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2017    №: 215    Мутолиа карданд: 740

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед