иқтисод
НАМОИШГОҲИ "МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН" ДАР ТОШКАНД
Айни ҳол робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон сатҳи тоза касб менамоянд. Намоише, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо дастгирии ҳукуматҳои ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя дар «Маркази намоишгоҳии Ӯбекистон» - и шаҳри Тошканд таҳти унвони «Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон» баргузор гардид, ба рушди ин робитаҳои судманд, тавсеаи муносибатҳои байниҳукуматӣ ва боло рафтани гардиши бору хизматрасонӣ такони тоза хоҳад бахшид.
Дар он намояндагони беш аз 150 корхонаю ширкати истеҳсолӣ аз тамоми гӯшаю канорҳои кишвар маҳсулоти беҳтаринро ба намоишу фурӯш гузоштанд ва иқтидори истеҳсолии худро рӯнамоӣ карданд.
Меҳмонон - мутахассисон, соҳибкорон ва тамошогарону харидорон дар павилйонҳои сершумори намоишгоҳ бо номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳибкорони тоҷик, лавҳаҳои муаррифии иқтидори корхонаҳои маъруфи бахшҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, дастовардҳо, молҳои олисифати содиротии дар бозорҳои ҷаҳонӣ эътирофшуда, аз ҷумла дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истихроҷи маъдан, коркарди металл, саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи бинокорӣ, имконоти сайёҳӣ, ошно шуданд.
Дар рафти намоиш, ки дар он намояндагони беш аз 500 ширкату корхонаҳои калонтарини минтақаҳои гуногун ҳузур дошт, имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд» муаррифӣ гардида, соҳибкорони тоҷику ӯзбек бо нақшаҳои кории ҳамдигар шинос шуданд ва ҷиҳати роҳандозии робитаҳои мустақими истеҳсолӣ гуфтугузор карданд. Соҳибкорони тоҷик ба мардуми Ӯзбекистон маҳсулоти баландсифат, аз ҷумла сементи навъҳои баланд, профил, ноқил ва асбобҳои алюминӣ, дару тиреза ва лӯлаҳои қутрашон гуногуни пластикӣ, ҷавоҳирот, сангҳои ороишию қиматбаҳо, шоколаду ширинӣ, обҳои маъданӣ, намак, хушкмева, маҳсулоти консервӣ, ширӣ ва гӯштӣ, бофандагию дӯзандагӣ, чармӣ ва полиграфӣ, дастгоҳу таҷҳизоти тиҷорат, лампаҳои диодӣ, қолин, атласу адрас, ҳадияҳои сайёҳӣ, хизматгузориҳои сайёҳӣ, истироҳатӣ ва табобатиро пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ соҳибкорони ду кишвар байни ҳам беш аз 20 қарордоди додугирифт ва оид ба истеҳсоли муштараки молҳои бозоргир 6 санади ҳамкорӣ бастанд, аз ҷумла «Корхонаи истеҳсоли консерв ба номи Ҳасанов», «Ғаюр семент», «Кедр», «Элегант» ва ширкату корхонаҳои дигари Тоҷикистон бо ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонии Ӯзбекистон оид ба фурӯши семент, маҳсулоти консервӣ, кишоварзӣ ва пластикӣ ба мувофиқа расиданд. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Палатаи савдою саноати кишвар, соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон байни ҳам ба маблағи беш аз 50 миллион доллар шартномаю қарордодҳои корӣ ба имзо расонданд.
- Мо аминем, ки ин ҳанӯз оғози марҳилаи навини муносибатҳои судманди иқтисодию тиҷоратист, – зикр шуд дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар, ки давоми рӯзҳои намоиши «Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар рафти ҳамин ҳамоиш байни палатаҳои савдою саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯрои кории тиҷоратию иқтисодии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» ба имзо расид. Ин шӯро барои ҳамкории мустақими соҳибкорон ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ёрӣ мерасонад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2017 №: 216 Мутолиа карданд: 751