logo

иҷтимоиёт

СПИННЕР. ДАР ОН ЧӢ СИР НИҲОН АСТ?

Баъди пайдо шудани смартфони дорои имконияти саёҳат дар интернет бартарафсозии вобастагии одамон ба блогу гадҷетҳо дар назар душвор менамуд. Вале, бозичаи наве маъмул бо номи “спиннер” то андозае тавонист ин вобастагиро кам созад.  
Бо ду ангушт дилаки бозичаро дошта, қисмати болоиашро тоб додан ҷолиб аст. Гардиш бо риояи тавозун ду дақиқа идома меёбад. Гардиши маҳину ороми он таскинбахш аст. Ба ин хотир, ҳар нафаре, ки онро ба даст мегирад, албатта ба ҳолати тамаркуз меравад. Кэтрин Хеттингери амрикоӣ бори аввал шуда онро барои духтараш, ки гирифтори бемории хастагии мушакҳо буд, ихтироъ кард. Барои кам кардани ранҷи духтар, модар аз рӯйи принсипи гироскоп кор бурда, мини – тренажёр сохт. Ба фикри ӯ, кӯдакони муосир зираку доно ва хеле чолоканд. Онҳо ҳамеша дар ҳаракатанд. Бозичаи офаридаи Кэтрин дар мубориза бо бемории духтараш ёрӣ расонд. Дугонаҳои духтарак низ бо дидани бозичаи ғайриодӣ хостори он шуданд. Ҳамин тавр спиннер дар Амрико шуҳрат пайдо кард. Баъдан Аврупоро фаро гирифт.
 Имрӯз аз бист 17 намуди  бозичаҳои дар музоядаи  Amazon ва Ebay харидори  зиёд дошта намудҳои гуногуни спиннеранд.
- Сирри муваффақияти бозича дар хароҷоти ками неруи зеҳнӣ ва масолеҳ барои истеҳсоли он мебошад, - гуфт Кетрин.   
Спиннер баъд аз нашри маводи тарғиботии рӯзномаи Forbes шуҳрат пайдо кард.
Равоншиносон ҳанӯз нишонаҳои таъсири манфӣ доштаи онро дарёфт накардаанд. Баръакс, дар беҳтарин рӯзномаю маҷаллаҳои Амрико ва Аврупо дар бораи таъсири мусбат он мақолаҳо чоп мекунанд. Масалан, гуфта мешавад, ки спиннер одамро аз ҳамлаҳои ваҳим ва ҳисси ташвиш эмин нигоҳ медорад, тамаркузи диққат ва малакаи дасти бозигарро беҳтар месозад. Спиннерҳо расман ҳамчун воситаи мубориза бо одатҳои бад эътироф шудаанд.  Онҳо ба кӯдакони мушкилоти дарккунӣ дошта барои идора кардани эҳсосашон тавсия дода мешаванд. Аммо омӯзгорон аз хавфи бозича дар ташвишанд. Зеро мактаббачагон ба дарс, кор таваҷҷуҳи камтар зоҳир намуда, бештари вақти холии худро бо он мегузаронанд. Аз блогу гадҷетҳо дида вобастагӣ ба спиннер афзуда истодааст.
Суол ин аст, ки чӣ бояд кард? Чӣ тавр кӯдакони худро аз омилҳои таъсиррасон ба зеҳн ва ирода эмин нигоҳ дорем?
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 1081

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед