logo

фарҳанг

АЗ МЕҲРГОН ТО МЕҲРГОН

Меҳргон дар радифи Ҷашни Наврӯз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мардуми ориёитабор, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.  Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва бештар ҷашни кишоварзон аст.

Адиби машҳури форсу тоҷик Масъуди Саъди Салмон гуфтааст:
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба Меҳргон умри дубора бахшид. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2009 Меҳргон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки Меҳргон дар қатори ҷашни ҳосилу кишоварз иди касбии олимони соҳа низ ба шумор меравад. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ  аз Меҳргон то Меҳргон пурсамар  фаъолият намуда, ба дастовардҳои муайян соҳиб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 марти соли 2017 дар қитъаи намоишии олимони академия оид ба технологияи муосири  кишт ва парвариши пахтаи зери плёнка ва бо усули обёрии қатраӣ дар ҶДММ “Агросаноат”-и шаҳри Турсунзода шинос гардида, дон пошиданд. Аз рӯйи ҳисоби пешакӣ, дар қитъаи якгектара зиёда аз 50 сентнер ҳосил мавҷуд аст. Аз чинаки якум ба ҳисоби миёна 27,5 - сентнерӣ пахта ба даст омад.
Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзӣ 7 навъи пахта, гандум, офтобпараст, юнучқа ва картошка минтақабоб гардида, ба комиссияи мазкур барои санҷиш ва минтақабобсозӣ 21 навъу дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 7 навъи пахта, 6 навъи ғалладона, 2 навъи зироатҳои хӯроки чорво ва 6 дурагаи сабзавот супурда шуд.
Навигарии дастовардҳои олимони академия бо 19 ҳуҷҷати ихтироъкорию навоварӣ, аз ҷумла 11 патент ва 5 гувоҳномаи ҳуқуқи селексионер, тасдиқ гардидааст.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби олимони академия 6 пешниҳод оид ба ҷобаҷогузории зироати пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, боғу токзорҳо дар заминҳои ғайри обёришаванда, зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат, интихоби зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, кишти зери плёнкаи пахта бо усули обмонии қатраӣ ва истифодаи манбаъҳои маъдандори маҳаллӣ дар хӯроки чорвою паранда ирсол карда шуд.
Аз Меҳргон  то Меҳргон аз ҷониби олимони  мо лоиҳаи “Барномаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории брутселлёзи  ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021” таҳия гардида, лоиҳаҳои “Стратегияи рушди пахтапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва “Барномаи давлатии рушди истеҳсол ва коркарди зироатҳои равғандиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021” такмил дода, ба вазорат пешниҳод гардиданд.
Тибқи супоришҳои Ҳукумати кишвар бо мақсади омӯзиши имконияти парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ дар шароити баландкӯҳи мавзеи Канаски дараи Ромити шаҳри Ваҳдат (2300 - 2500 метр аз сатҳи баҳр) ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ (3500 - 4000 м) бори аввал аз ҷониби олимони академия қитъаҳои таҷрибавӣ ташкил карда шуд ва дар онҳо зиёда аз 40 навъу намунаҳои зироатҳо кишт ва 5 намуди дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ шинонда шуда, таҳқиқот дар ин самт идома дорад.
Нуралӣ АСОЗОДА,
президенти  АИКТ,  доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 972

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед