logo

фарҳанг

ШОИРЕ САРШОР АЗ ҒУРУРИ НИЁГОН

Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,
Хашму ситези Рустами дастон нуҳуфтааст.
…Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман шикаст,
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо  ҳамин  мисраъҳои  оташин шурӯъ шуд маҳфили ёдбуди ин шоири шаҳир Искандари Хатлонӣ. Ба ифтихори ин шеъри нағз, ки мағз андар мағз саршори ҳувияти миллист, ҳама аз ҷо бархостанд ва бемуболиға, дар чашми баъзе аз иштирокдорон ашк ҳалқа мезад. 

Дар  маҳфили мазкур шоир  ва сиёсатмадори шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулатифи Пидром, адибону рӯзноманигорон, ихлосмандон ва хешу пайвандони шоир иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Искандар ҳанӯз ҷавон буду дар Афғонистон ҳамчун мутарҷим фаъолият дошт, аллакай шеърҳояш байни мардуми афғон маъруфият дошт. Ифтихори онро дорам, ки замоне ҳамдаму ҳамрози ӯ будам. Хушбахтона, маҷмӯаи шеъри ӯ «Садои пойи вожаҳо» ба хати форсӣ дар Кобул рӯи чопро дид ва мисли гаронбаҳотарин мероси шоир барои мо – ҳамзабонону ҳамхунони Афғонистон  боқӣ  монд, - изҳор  дошт  Абдулатифи Пидром.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Искандари Хатлонӣ парвардаи Институти адабии ба номи Максим Горкии шаҳри Маскави Федератсияи Русия буда, ҳаёту фаъолият ва намунаҳои ашъораш ба китобҳои дарсии Русия ва Эрон ворид гаштаанд.
Пешниҳод шуд, ки дар зодгоҳи шоир – шаҳри Кӯлоб мактаб ва ё муассисаи фарҳангие ба номи Искандари Хатлонӣ гузошта шуда, ному осораш ба ин васила пос дошта шавад. Дар ин замина,  Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад пешниҳод кард, ки дастхатҳои Искандар дарёфт гардида, маҷмӯаи мукаммалаш нашр шавад. Аз ҷумла, масъалаи тарҷумаҳои шоирро ба миён гузошта, чопи пурраи осори тарҷумакардаашро аз пажӯҳишгарон ва ихлосмандон хоҳиш намуд.
- Искандар чанд  забон, аз  ҷумла забони русиро бисёр хуб медонист, нозукиҳои забонро эҳсос мекард ва дар ин раванд таҷрибаи нахустинро аз тарҷумаи асари «Двенадцат» («Дувоздаҳ») - и шоири маъруфи рус Александр Блок оғоз кардааст. Аммо имрӯз дастхати тарҷумаи асари мазкур дастрас нест ва ҷустуҷӯву нашри он пеши мутахассисони соҳа вазифаҳои нав мегузорад, - афзуд Абдулҳамид Самад.
Воқеан ҳам, Искандари Хатлонӣ аз пӯёву ҷӯётарин шоирони муосири мо буд. «Барои баёни эҳсос ва андешаҳои худ шеваи мухталифи адабӣ ва паҳлуҳои дастнохӯрдаи суханофариниро интихоб мекард».
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 913

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед