logo

иҷтимоиёт

ҲАТТО ХАНДААШ МАЗМУНИ ОДАМИЯТ ДОШТ

Абдуҷабори АЗИЗ


Инсони дарёдил буд ӯ. Дилаш ҳамеша майли некӣ кардан дошт. Дасти саховаташ кушода буд ва ҳамеша меандешид, ки ба барҷомондагон чӣ гуна ёрмандӣ расонад. Гӯиё маҳз барои некӣ кардан ба дунё омада буд. Як ҷаҳон нақшаҳои нуҳуфта дошт дар дил. Аз баъзеи онҳо андак – андак ишора мекард, он ҳам бо таъбирҳои латифу зебову ҷолиб. Овози нарму дилкашаш ҳамсуҳбатро ҷонибаш ҷалб мекард. Чунин муносибати хоксорона барои ҳар як ҳамнишину ҳамсуҳбаташ дарс буд, дарси одамият ва шинохти ҳақиқату рисолати инсонӣ.

Ҳамеша суҳбаташ дар бораи одаму одамгарӣ, футуввату ҷавонмардӣ ва хайру саховат буд. Мегуфт, ки нахустин бор маънову шарҳу тавзеҳи одамиятро аз падараш - бобои Раҳмон шунидааст. Ҳамин мазмунро бо завқ ва дилгармии хос ба дӯстонаш нақл мекард ва мақсадашро идома дода, ишора мекард, ки «Падарам бо тамкину тааммули хос таъкид менамуданд, ки инсондӯст бошем, ба қадри хурду бузург бирасем, тафовут дар миёни одамон нагузорем, дар ҳама ҳол дасти афтодагонро бигирем, ба ниёзмандон ёрӣ бирасонем».
Ин суханҳои пур аз ҳикмати падар раҳнамои зиндагияш шуданд. Ӯ таъкидҳои қиблагоҳашро дар гӯшаш абадӣ ҷой кард ва дар ҳар як рафтору гуфтор ва пиндори оқилонааш аз онҳо истифода менамуд. Гӯё раҳнамою асои рӯзгораш гардида буданд гуфтаҳои падар. 
Вай бо муҳаббат аз зиндагии одиву хоксорона ва ҳиммати баланди қиблагоҳаш ёдовар мешуд. Дар чунин ҳолатҳо ҳангоми нақл дилаш шайдои меҳри падар мегашт, оҳанги суханаш ширинтар мешуд ва дар лабонаш табассуми нозук пайдо мегардид. 
Дар зиндагиаш ҳар як ҳикмати падар ва таъкиди модарро ҳамчун суннати ниёгон риоя мекарду онҳоро сармашқи рӯзгораш намуда буд. То лаҳзаҳои охирини ҳаёташ чун забарҷад ва дурри ноёб ин мероси падарро ҳифзу нигаҳдорӣ мекард. Мехост он ҳама расму анъанаҳои неки қиблагоҳаш идома ёбад ва ин чароғи афрӯхта ҳеҷ гоҳ хомӯш нагардад. Вақти ба ёд овардани чунин нақлҳо вуҷудашро ҳасрати дидори падари қадрдону лафзи хуши модари дилбандаш тасхир мекарду боз ширинтар табассум менамуд.
Мисли падар меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва хонааш ҳамеша пур аз меҳмон буд. Ҳамаи меҳмонҳо барояш қадру манзалати хос дошт. Бо табъи болидаву чеҳраи кушода ҳамаро мепазируфт ва баъд гусел мекард. Аз иҷрои ин расму одоби меҳмондорӣ ҳай ҳаловат мебурд.
Ба касбу кор аз бачагиаш дилбастагӣ дошт. Ҳамин меҳнатдӯстӣ ӯро соҳибэҳтиром гардонда буд. Касбашро беҳад дӯст медошт. Ҳамеша пеш аз он ки дар назди чанбараки трактор менишаст, аз қиблагоҳаш - бобои Раҳмон ва модараш – момаи Марям дуо мегирифт. Ба кор барвақт мерафт, ба ҳангоми субҳи солеҳон ва дер бармегашт  - як поси шаб.
Ёд надошт, ки нафаре корафтода ба дари хонаи онҳо омадаву ҷавоби рад шунида бошад. Ҳаргиз. Ҳатто хотираи қавиаш ёд надорад. Агар гоҳе ҳам аз рӯи дилсӯзиву меҳри бепоён модараш мегуфт, ки «писарам, нав омадӣ, андаке дам гир, баъд рав», бо сухане ё ишорае ӯро розӣ мекард, то он корафтодаро аз худ ва ҳамаи аҳли оила розӣ бинамояд. Ӯ дар дил мегуфт, ки одами корафтода набояд аз дари хонаи кас ноумед баргардад. Боз дар таги дилаш мегуфт, ки агар нафаре ноумед баргардад, он дар баста мешаваду хонаро баракаташ кам мешавад. Дар ин гуна ҳолат чеҳрааш мисли арғувон сурх мешуду дар пиндораш ниҳоли накукорӣ мева меовард.
Баъзе шабҳоро дар кӯҳу камар рӯз менамуд ва аз паси шудгор хобро аз худ дур карда буд. Аз як деҳа ба деҳаи дигар об мебурд, ҳосили ба ранҷ парвардаро ҷамъ меовард. Ҳангоми ғалладарав бошад, ҳафтаҳоро сари чанбари комбайну трактор мегузаронд, аммо изҳори хастагиву дилшикастагӣ намекард.
Аз падар ин суханҳоро дар ёд дошт, ки меҳнати ҳалол ва садоқат ба он одамиро обрӯ мебахшаду дар миёни мардумон соҳибэҳтиром мегардонад. Заҳмат ва бо арақи ҷабин рӯз гузарондан ба мисли падараш ӯро дар миёни деҳотиён обрӯманд карда буд. Вай аз кор наметарсид, маъвои дилаш шуда буд заҳматкашӣ. Аз ҳамаи корҳои кардааш шукрона мекард. Агар ягон лаҳзаи корияшро ба ёд меовард, ҳатман бо табассум қаноатмандӣ менамуд.
Солҳо гузаштанду ӯ роҳбари хоҷагӣ гардид. Вай усули роҳбарии худашро дошт. Ҳамеша бо мардум буд. Дар шодиашон мисли хешовандони наздик ҳамроҳӣ мекард, дар ғамашон шарик мегирифт худро. Барои ёрияшон дар ҳар ду ҳолат хешро масъул медонист ва онро дареғ намедошт.
Чун солҳои пешин саҳар барвақт аз хона мебаромад. Аз дидани ҷӯякҳои ҳосилхези пахтааш шод мешуд. Худаш низ бо шукуфтани пахтаҳо мешукуфт. Доимо ҳосили хуб мегирифт, зеро ба қадри замин мерасид. Мегуфт, ки замин ҳеҷ гоҳ ба инсон хиёнат накардааст, ӯро фиреб надодааст. Дӯсташ бидорӣ, дӯстат медорад. Якаш бидиҳӣ, даҳу садат мебахшад. Бо замин гоҳҳо мисли одам гап мезад, роз мегуфт. Дар ин ҳангом андешаҳои неки ободию созандагӣ бо ташаббусҳои наҷиб тавлид мешуданд. Саъй мекард, кӯшиш ба харҷ медод, то онҳоро амалӣ бигардонад ва низ ба орзуҳояш ҷомаи амал бипӯшад.
Мешунид, ки мегуфтанд: «Офарин, сад офарин ба бобои Раҳмон, ки тавонистааст писарҳоро мисли худаш, дуруст тарбия бикунад». Аз ин рӯҳи тоза мегирифт, шукр мекард.
Андешаи боғдорию бунёди боғҳо дар ҳамин ҳолатҳо, ба ҳамин ҳангом пайдо шуда буд. Талу теппаҳоеро, ки шояд садсолаҳо шодоб нагардида буд, шодоб кард ва пур аз дарахт. Агар ҳам кас надидаву тасаввур бинамояд, ҳароина он зебост. Оре, ба баракати раҳмонӣ  чи хуш аст ба замини ташналаб об мебаранд ва баргу шохаҳои зебои дарахтон бо сояи худ онро аз сӯхтанҳо ҳифз мекунад.
Пасон хумори обчакорияш гирифт. Камари ҳимматро ин бор ҳам сахт маҳкам баст. Нахуст помидор, баъд бодиринг ва дигар навъҳои сабзавотро парвариш карду аз ранҷи кашидааш ҳосили хуб ба даст оварду шукрона намуд.
Не, ин заҳматҳо  барояш  камӣ кард. Дар пайи бунёди боғи ангур шуд. Ангурбоғ бунёд намуд. Аввалин ангурҳои кишмишии ҳиротиро ӯ овард ва дар талу теппаҳо шинонд. Бо усули аҷдодӣ нигоҳубинашон кард. Мисли фарзандон дӯсташон дошт. Ҳосили зиёд гирифт, ширину шаҳдбор буданд, мисли суханонаш, ҳикоятҳояш. Аз панҷаҳои нармаш ангур панҷа зада, талу теппаҳои хоҷагиро ангур гирифт.
Баъдан ба лимӯпарварӣ машғул шуд. Он ҳам ҳосили хуб дод.
Бо меҳр ба парвариши парандаҳои зебову хушхон низ машғул мешуд. Ҳамеша аз таҷрибаҳои андухтааш дар парвариши онҳо бо шавқ мегуфт. Ба ин ҳангом низ нахуст табассуми зебо дар лабонаш пайдо мегардид ва баъд ширин механдид.
Ба василаи иқдому ташаббусҳои некаш садҳо нафар ҷойи кор пайдо карданд ва ба рӯзгорашон беҳбудӣ бахшиданд.
Аз таомҳои миллӣ, хушлаззат бисёр ёд мекард. Мегуфт, ки ба насли нав бисёре аз ин таомҳои фаромӯшшударо ёд бояд дод. Ҳар гоҳ ки сухан аз навъи таомҳо пеш ояд, вай беихтиёр модари кадбонуашро пеши рӯ меовард. Аз умочу гардсӯзу пиёваву шӯрбои болаззати тайёркардааш ёд мекард. Изҳор медошт, ки таҳмолҳои модарашро дӯст медорад ва гоҳҳо аз ҳад зиёд хумории хӯрокҳои лазизи модараш мешавад.
Бо завқ ба лаби дегдону танӯр ҳезум кашиданҳояшро ва бо шавқ хӯрокпазию нонпазиҳои модарро якҷо дар сари танӯр сер кардани фарзандҳоро чун хоби ширин ёд мекард. Бо эҳсоси зиёд ва муҳаббати хос аз рӯзҳои рафта ёд менамуд.
Нонпазӣ ва хӯрокҳои болаззати модарашро бо зикри неки ёди волидааш пеши рӯ меовард. Аз шарбату нашоистаи модар серӣ надошт. Бо шунидани нақли дилкаши ӯ даҳони ҳамсуҳбаташ об мегирифт. Вале ӯ беист чунон нақл мекард, ки гӯё ҳозир ҳам дар даҳонаш модар навола мегузорад. «Ҳай дареғ!» - мегуфт дар ин ҳолатҳо ӯ.  
Аз гузашта, аз умри рафта низ мегуфт. Ин зикру ёдҳо як навъ изҳори қаноат ва шукр маҳсуб мешуд. Хаста набуд, хастагиро эҳсос намекард. Дилаш ҳамчунон лабрези шӯри ҷавонӣ буд.
Аз ободонӣ, бунёдкорӣ, ҷавонмардӣ, ҳимматбаландии ҳамдиёронаш, ҳам-ватанонаш  шод мегашт. Аз  иҷрои  ҳар амали хайрхоҳонаи ҳимматбаландони кишвар, ки мешунид, хурсанд  мешуд ва ба онҳо офарин мегуфту тавсифашон мекард.
Бо лутфу суханони зебову дилнишин аз хоҳару бародаронаш  ёд  меовард. Махсусан, даврони кӯдакиву наврасиашро  бо меҳр хотировар мешуд. Аз дунёи бачагиашон серӣ надошт. Ҳатто бародарашро бо ҳама бузургиаш на аз рӯи вазифааш, балки чун нури дидааш, ба мисли гулқанд нафису ширин дӯст медошт ва ҳамон давраи кӯдакиашонро, навозишу дӯстдории падару модарашро бо ҳавас ёд мекард. Аз фарзандони худаш, додараш ва хоҳараш ифтихор мекард. Онҳоро низ бо самимият дӯст медошт. Дар ин ҳолатҳо дилаш фараҳ мегирифт, саршори меҳр мешуд ва аз сарнавишту тақдири некашон шукр мекард. Ӯ аз меҳри додару хоҳараш, хешу наздиконаш серӣ надошт. Ҳангоми нақли бачагӣ ва наврасӣ дилаш меларзид, метапид, навозишаш ба мисли ҳарфҳои нӯги забонаш рақс мекард ва табассуми ширин аз ӯ дур намегардид. «Ҳай дареғи умр!» мегуфт дар ин ҳолатҳо ӯ.  
Дареғо, сад дареғо. Ҳамчунон ки ҳикоятҳояш, суханони ширинаш банохост ба поён расиданд, умри пурбаракаташ низ баногоҳ ба поён расид.
Дар ин пойизи зебо, фасли хазони дилкаш, ҳавои гарми тирамоҳ дар рӯзи бисёр хуб дар дили пайвандону наздикон ва дӯстдоронаш ашки ғамро боқӣ гузошту рафт, таъҷилӣ рафт, бо дарду ҳасрат умедҳояшро боқӣ монду рафт. Бо рафтанаш қалби ҳама ғам гирифту чашмонашон нам. Оне, ки ҳеҷ шитоб надошт, ин бор дар сафар ба роҳу манзили охират шитоб кард.
Аз дидаҳо агар рафт, аз дил ҳеҷ гоҳ намеравад. Вай аз худ нишонаи одамияту одамгарӣ, ҳимматбаландию саховатпешагӣ гузошту рафт. Аммо чеҳраи нурониаш, қалби саршор аз меҳраш, нигоҳи гармаш, чашмони пур аз шодиаш, табассумҳои ширини дилкашаш бо пайвандону наздикон, дӯстону ҳамсуҳбатон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, боқӣ монд, монд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 1023

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед