logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАМКОРИИ АРАБӢ БО КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН

16 октябр дар Кохи Сомон таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи толори бошукӯҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар оғози кори форум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи меҳмонони иҷлосияро ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинӣ барори кор орзу карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз таъсис ёфтани форумро воситаи муҳими ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳамияти хосса арзёбӣ намуданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки кори форум ба эҳёи пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун мусоидат карда, барои пешрафти минтақаву кишварҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи роҳбарони ҳайатҳои бонуфузи иштирокдори кори иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абдулғайт ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ - Раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон пеш аз ҳама ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати «дарҳои кушода», фазои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори сипос карданд. Аз рафти татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, ки се сол қабл дар иҷлосияи нахустин дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба имзо расида буд, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Баъди анҷоми кори иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 775

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед