logo

иҷтимоиёт

ФАРЁД ЗАНАД ФАЛАК...

Субҳи рӯзи ҷумъа буд, ки хабари фавти Ҳабибуллоҳи Бекмуҳаммад (машҳур бо номи Гурги Бек) ба гӯшам расид.  Боварам намеомад, ки воқеан, чеҳраи нуронӣ, лабони пурханда, овози дилнишину гӯшнавоз ва қаду қомати паҳлавононааш аз назари мухлисони бешумораш ғайб мезанад. Интихоби табиии шеъру сурудашро ҳама эътироф карда буд. Бо овози ширадораш пайваста моили эҷоди дилнишин мегашту касро ба олами тахайюлоти ширин раҳнамун месохт.
Мавридшиносиву мавқеъпазирии хос дар эҷоди таронаҳояш бараъло, равшану возеҳ падид меомад. Вобаста ба завқу дарки шунаванда чӣ гуна суруд хонданро хуб медонист. Сурудҳояш, ки бештар аз мардум ва лаҳни ширини кӯҳистон маншаъ мегирифт, дарҳол ба дилҳо роҳ меёфт. Зуҳури ӯ дар саҳнаи ҳунар бозёфти нодир аст. Мисли ҳунармандони дигар ба сони оташак дурахшида, зуд нопадид нагашт.
То охирин нафас дар мақоми баланди ҳунару эҷод пойдору устувор монд. Ҳама паҳлуҳои эҷодаш саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватани маҳбуб, садоқату самимияти ёру диёр, сулҳу суботи кишвар ва некиву накукорӣ буд. Ҳангоми сурудани таронаҳои мардумӣ ҳама зарфиятҳои пешниҳоди эҷодро ба ҳаводорони санъати волояш эҳдо мекард. Талаффузи вожаҳои халқиро ба оҳанг мутобиқ месохт ва бо ҳаракатҳои ба худ зебандааш ба дилҳо сурур мебахшид. Думбраи сари дасташ бо ӯ ҳамовоз мегашту соиши ангуштонаш ба торҳои дутори чӯби хушк маъниҳои оҳанги дилошӯбро ҳувайдо мекард. Ашъори нобиғаҳои адабиёти оламшумули классикиро бехатову гӯшрасу дилрас замзама менамуду тобишҳои мазмуни баландро бо нигоҳҳои ба худ хосаш ишора мекард. Махсусан, аз ашъори Мавлонои Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бо завқу салиқаи баланд месуруду  худро бо дарку эҳсоси амиқи хунёгарӣ омезиш медод. Чун ба саҳна мебаромад, аз ҷалбу таваҷҷуҳи мухлисон рӯҳи тоза мегирифт.
Ӯ дар жанри фалак сабку услуби махсуси худро дошт. Ба касе тақлид намекарду эҷодаш аз дигар фалаксароён ба куллӣ фарқ менамуд. Ҳарчанд ки ӯ дер ба рӯи саҳнаи бузург омад, аммо ба зудӣ дар қалби мухлисон ҷой гирифт ва ҷовидона хоҳад монд.
Дар қатори дӯстони бешумор ва ҳазорон ҳаводоронаш камина низ бо шодравон ҳамкории эҷодӣ доштам ва аз суҳбату мулоқотҳои судмандаш баҳравар гаштаам. Марсияи мазкурро ба хотираи неки ӯ эҷод намудам:

Қарзи худ кард адо пеши ҳама,
Ҳар чи Ҳақ дар хати тақдир навишт.
Рафт ӯ бар сафари эҷодӣ,
То кунад шод дили аҳли биҳишт.

Ончунон дод вуҷудаш ба ҳунар,
Ҳама фаслаш ба ҳунар буд баҳор.
Тоб н-овард ба авҷи овоз,
Канда шуд тори дилу тори дутор...

Сари тобут, ки рӯяш рахшид,
Молиши рӯй буд аз дасти фалак.
Гурги Бек аст агарчи бо ном,
Дар ҳунар гашт вале Шери Фалак.

Давлат САФАР, шоир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1174

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед