logo

иҷтимоиёт

ТИБ БА СТАНДАРТҲОИ ҶАҲОНӢ МУТОБИҚ МЕГАРДАД

Таъсиси озмоишгоҳи миллии референсиро мутахассисон аз дастовардҳои муҳими соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Ин озмоишгоҳ, ки чанде пеш дар ҳудуди шаҳраки «Шифобахш» бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, бо таҷҳизоти наву замонавии ҷавобгӯ ба  талаботи рӯз муҷаҳҳаз гардидааст.
Вазифаи аслии озмоишгоҳ гузарондани таҳлилҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ мебошад. Таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳо дақиқ, бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бошанд. Қаблан бо сабаби набудани чунин озмоишгоҳ ниёзмандон барои муайян намудани баъзе бемориҳо бо харҷи маблағи зиёд ба хориҷи кишвар мерафтанд.  Бо ба фаъолият  пардохтани  муассиса ин мушкили мардум ҳалли худро ёфт. Зеро,  ба гуфтаи коршиносон озмоишгоҳ дар вақти кӯтоҳ зиёда аз 236 намуди ташхисро бо сифати  баланд мегузаронад ва аз озмоишгоҳҳои машҳуре, ки имрӯз дар Олмон, Ҳиндустон, Эрон ва Русия  мавҷуданд, камӣ надорад.
Дар он таҳлилҳои умумии хун, аз ҷумла лахташавии он ва пешоб,  ташхисҳои иммунологӣ, гепатитҳо, муайян намудани сатҳи ҳормонҳо, сурхча, таксоплазмол, ситомегаловирус, скрининг, хламидиоз, трихоманиаз, уреаплазма, вируси герпес ва папиломаи одам, таҳлилҳои ситологӣ ва гистологӣ,  бактериологӣ, барангезандагони бемориҳои гуногуни сироятии рӯда, брутселлёз, ревматизм, ҳамчунин намудҳои гуногуни бемории саратон гузаронда мешавад.
- Қаблан  хуни ҳар як бемор дар алоҳидагӣ таҳлил  мегардид,  акнун бо истифода аз  таҷҳизоти наву муосир метавон якбора хуни 60 беморро дар як соат таҳлил намуда, натиҷа ба даст овард, - мегӯяд Дилшод Давлатов, директори озмоишгоҳ.
Ба иттилои ӯ агар як бартарии озмоишгоҳ дар   дақиқ ташхис намудан ва фаврияти кори он арзёбӣ гардад, бартарии дигараш дар махфияти амалиёт ва нигоҳ доштани сирри беморон аст. Кормандон ба ҷойи навиштани ному насаби беморон ба ҳар як мизоҷ коди махсус гузошта, онро ба система ворид менамоянд. Бемор метавонад аз хона коди худро ворид намуда, ба воситаи интернет аз натиҷаи ташхис огоҳ гарданд. Ин намуди хизматрасониро коршиносон қулай ва осон низ арзёбӣ   мекунанд.
Бунёди беморхона ва марказҳои гуногуни тиббӣ дар шаҳру навоҳии  кишвар идома дорад. Мақсад аз  сохта ба истифода додани беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани соҳа  ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1233

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед