logo

иҷтимоиёт

ОИЛА. ОНРО ҲАМЧУН АСОСИ ҶАМЪИЯТ БОЯД ҲИМОЯ КАРД!

Оила рукни муқаддаси ҷомеа аст ва онро бояд ҳифз кард. Пойдории оила, пеш аз ҳама, омили таъминкунандаи суботи ҷомеа, устувории пояҳои ахлоқию маънавии он, тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпараст ва дар маҷмӯъ шахсиятҳои комил ба шумор меравад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзи мо аз ҳам пошидани оилаҳо ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои ташвишовар боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи мамлакат, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сабти расмии бекор кардани ақди никоҳ 5040 ҳолатро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 516 ҳолат зиёд аст.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки феълан мушкили аз ҳама ташвишовар талоқи зудҳангом дар байни ҷавонон аст, ки роҳи ҳал мехоҳад. Зарринаи 22 - сола, ки ҳамагӣ баъди ду моҳи оиладорӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст, дар ин масъала бо таассуф чунин мегӯяд:
- Ман донишҷӯи соли 5 - уми факултети молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шавҳарам хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ буд. Дар ибтидо  ба  ҳамдигар муҳаббат доштем. Вале дар ин муддати кӯтоҳ бо дахолати пайвандони шавҳарам муносибати ӯ тамоман дигар шуд. Аз рӯзи аввал хонумҳои хона ба ман таъна зада, мегуфтанд, ту табақи чӯбии калон, гӯшвору гарданбанди тилло наовардӣ, барои мо туҳфа надодиву қадрамон накардӣ. Ҳамин боис мегашту ҳар вақте шавҳарам аз кор меомад, моро ҷанг меандохтанд. Оқибат, шавҳарам бо маслиҳати хушдоманам маро талоқ дод. Аз бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия хоҳиш кардам, ки ба ман ёрӣ расонанд. Онҳо бо ӯ суҳбат карданд, вале ягон натиҷа надод…
Заррина аз ҷумлаи даҳҳо духтарони дар зиндагӣ ноком аст, ки маҳз ба дахолати нафарони сеюм аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд. Ҳарчанд аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ вобаста ба устувории оилаҳо беш аз пеш тадбирҳои судманд андешида шуда, дар байни ҷавонон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маслиҳатҳои инфиродӣ роҳандозӣ мегарданд, мутаассифона, хушунату ҷудошавӣ баръакс рӯ ба афзоиш дорад, ки боиси нигаронист.
Назокат Маҳмадова, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, низ бар ҳамин назар аст, ки дар пошхӯрии оилаҳо на танҳо худи ҷавонон гунаҳгоранд.
- Ҷудошавии оилаҳо дар бештари маврид аз дахолати шахсони сеюм сарчашма мегирад. Ин мушкилест, ки барои ҳалли он бояд дастаҷамъона амал намоем. Дар ҷудошавии оилаҳои ҷавон калонсолон низ гунаҳгоранд. Онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро бинанд ҳам, дар роҳи ҳаллашон камтар мекӯшанд. Пештар, агар дар ягон оила нофаҳмӣ ба вуҷуд меомад, раиси маҳалла бо ҷавонон, падару модари онҳо ҳамсуҳбат шуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро мегирифт, - иброз дошт ӯ.
Ин ва даҳҳо мисолҳои дигар собитгари онанд, ки вайроншавии оила мушкили танҳо як оила набуда, мушкили тамоми ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бояд дар мавриди устувории оилаҳо аз ҷониби ҳамаи сохторҳои давлатӣ, кумитаҳои маҳалливу ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хосса худи падару модарон чораҳои муассир андешида шаванд.
Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1161

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед