logo

фарҳанг

ОСОРХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОН

Ҳарчанд раванди таъсисёбии нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар ҷумҳурии мо дар миёнаи солҳои 30 – юми асри XX шурӯъ шуда бошад ҳам, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат дар минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон осорхонаҳои зиёде бунёд шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд.
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию  кишваршиносии ноҳияи Файзобод, осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, осорхонаи таърихии вилояти Суғд, осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, осорхона – мамнӯъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, осорхона – мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии “Ҳулбук”, Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ва осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Имрӯз осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд. Ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ, шаҳрвандони худогоҳи кишварамон аз осорхонаҳо боздид ба амал оварда, аз таърихи дирӯзу имрӯзи он бохабар мегарданд.
Забони возеҳу гӯёи осорхонаҳо ашёи таърихие ҳастанд, ки дар намоишҳои осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Таърихи куҳан, бурду бохт, пирӯзиву комёбиҳои миллати мо дар мисоли ашёи нодире, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ ва ё гирдоварии маводи таърихӣ ба даст омадаанд, дар пеши назарамон ҷилвагар мешаванд.
Дар осорхонаҳо ҳангоми ҷобаҷогузории ашёи намоишӣ ва таҳияи намоишҳо аз матнҳои эзоҳӣ ба таври фаровон истифода мебаранд. Матнҳои эзоҳӣ, ки дар зери ҳар як ашёи намоишӣ гузошта мешаванд, оид ба мансубияти таърихии бозёфтҳо маълумоти мушаххасу фишурдаро ироа мекунанд. Аммо дар фаъолияти густурдаву рӯзмарраи осорхонаҳо мавҷудияти матнҳои эзоҳӣ басанда нест, зеро ба сабаби бисёр кӯтоҳу фишурда будани онҳо тамошогарон ҳангоми боздид ба роҳбаладон ниёз доранд. Ин аст, ки роҳбаладон ҳамчун тавзеҳдиҳандаи ҳаводиси таърихӣ дар осорхонаҳо нақши муҳимро мебозанд. Аз ин лиҳоз, роҳбаладон дар баробари донистани таърихи кишвари худ бояд забонро ҳам хуб донанд ва мафҳуму моҳияти воқеоти таърихӣ, рӯйдодҳои фарҳангӣ, дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеаи худро ба таври возеҳу равшан баён созанд. Забони тоҷикӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, дар баробари ҳар як ашёи таърихии халқамон арзиши зиёд дорад.
Бо ташаббуси маъмурияти Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар назди муассиса шуъбаи табъу нашр таъсис шудааст, ки ба нашри роҳнамо, брошура, буклет ва “Ахбори осорхонавӣ” ба забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) машғул аст. Кормандони илмӣ ва роҳбаладони осорхона ҳангоми гузарондани сайрҳои илмӣ ва боздиди тамошогарон аз осорхона аз маводи тарғиботиву ташвиқотии нашршуда фаровон истифода мебаранд.  Набояд фаромӯш сохт, ки бо забони шевои тоҷикӣ возеҳу рӯшан баён намудани ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷолибу хотирмон гузарондани сайрҳои илмӣ мардумро хештаншиносу худогоҳ мегардонад.
Мақсудҷон ВАСИХОВ,
корманди илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1006

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед