logo

ҳуқуқ

ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи форум баёнгари омодагӣ ва рағбати Тоҷикистон ҷиҳати густариши бештари робитаҳои мутақобилан судманд мебошад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври рӯшану возеҳ роҷеъ ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташвиқи сармоягузориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак сухан ронда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои воқеӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ омили ягонаи ҳалли мушкилиҳои на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад. 
Ин нуктаро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 октябр, дар нишасти матбуотии вазорат оид ба натиҷаҳои иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баён намуд. Вазири корҳои хориҷӣ иброз дошт, ки таъсиси форум ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи собиқи Арабистони Саудӣ шодравон Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд буд.
Иҷлосияи якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молия зери шиори «Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва мубодилаи тиҷоратӣ», 14 майи соли 2014, дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир шуд. Кишварҳои ширкаткунанда масъалаҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратиро баррасӣ намуда,  Эъломияи Риёзро ҳамчун санади ниҳоӣ қабул карданд. Гузашта аз ин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба имзо расид, ки ин санадҳо ба рушди ҳамкориҳои дарозмуддату мутақобилан судманди байни кишварҳо заминаи воқеӣ гузоштанд.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии кишвар, мақсади асосии форуми дуюм ройзаниҳои сиёсӣ ва баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву илмӣ мебошад. Чорчӯбаи форум имкон медиҳад, ки кишварҳои олами арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷудаи минтақаро, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, коркарди нафту газ, гардишгарӣ, илму фарҳанг баррасӣ ва лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намоянд.
Дар ҳамоиш ба ташаббуси Тоҷикистон доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 баҳои баланд дода шуд. Ҳозирин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои энергетика, муҳити зист ва иқтисодиёти сабз дар яке аз кишварҳои арабӣ баргузор шавад.
Сироҷиддин Аслов зикр намуд, ки ҳарчанд форум бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошт, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва амниятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш буд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1080

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед