logo

иқтисод

ПИСТА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Бино ба маълумоти Давлат Саидов, корманди масъули муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 21 ҳолати ғайриқонунии хом чидани писта ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 ҳазор гектар пистазор мавҷуд аст. Дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ин майдон наздик ба 90 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2016 32 тонна зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба даврони шӯравӣ бамаротиб кам аст. Солҳои 1985 – 1990 танҳо Вазорати хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ (ҳозира Агентии хоҷагии ҷангал) 700 тонна писта ҷамъоварӣ мекард. Ҳарчанд  солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи беназоратӣ истеҳсоли писта кам гардид, аммо баъди расидан ба сулҳу субот аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои васеъ кардани майдони пистазор, ҳосилнокӣ ва пайвандсозии навъҳои рақобатпазир тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара 15 ҳазор гектар, Панҷ 18,7 ҳазор гектар, Қубодиён 5,9 ҳазор гектар ва Фархор 5597,3 гектар замини ҷангалпӯш дошта, калонтарин хоҷагиҳое мебошанд, ки ба парваришу истеҳсоли писта машғуланд. Онҳо дар асоси шартнома бо аҳолӣ пис-та ҷамъ меоваранд. Ба кори мавсимии пистачинӣ ҷалб кардани аҳолӣ пеш аз ҳама сатҳи зиндагии деҳотро беҳтар сохта, барои иҷрои саривақтии  нақша мусоидат мекунад. Ҷамъоварӣ аз рӯйи тартибот моҳҳои август – сентябр муқаррар шудааст. Вале, дар баъзе маврид чидани писта пеш аз муҳлат, яъне дар моҳи июн сурат мегирад, ки барои зиёдшавии ҳосил ва бо ашёи хом таъмин кардани талаботи корхонаҳои саноатӣ монеа эҷод мекунад. Масалан, хоҷагиҳои пистапарвари ҷумҳурӣ бо иқтидори доштаи пистаашон талаботи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин голд» - ро, воқеъ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара қонеъ гардонда наметавонанд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз коркарди 4 - 5 тонна меваи хушк мебошад.
Сироҷиддин Маҷидов, роҳбари ҶДММ «Грин голд», иброз дошт, ки корхона дар давоми се соли фаъолият ба коркард ва истеҳсоли меваи хушки зардолу ва писта машғул мебошад. Нақша дорад, коркарди бодомро низ ба роҳ монад. Корхона дар ду самт: истеҳсоли донаи писта ва ба хориҷи кишвар баровардани он, ҳамчунин, бо пистаи маҳаллӣ  таъмин  кардани бозори дохилӣ фаъолият намуда, муваффақ аст. - Хом чидани писта ба манфиати корхона нест, - гуфт С. Маҷидов. - Баръакс, бо роҳи самаранок ва оқилона истифода бурдани маҳсулоти ҷангал иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб меафзояд.
ҶДММ «Грин голд», ки бо хоҷагиҳои пистапарварӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад, бо пурзӯр гардондани назорат аз болои ғайриқонунӣ хом чидани писта талаботи истеҳсолии худро то андозае пӯшонда истодааст.
Ҳосили писта дар хоҷагиҳои ҷангал ҳамасола аз тарафи  комиссияи таъсиснамудаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Масалан, соли 2016 ҳосили писта дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор 5 800 кило муайян карда шуд, ки аз ин 1 890 килоро хоҷагӣ ва 3 910 килоро ҶДММ «Грин голд» дар асоси шартнома бо хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор ҷамъоварӣ ва коркард карданд. Имсол ҳосили писта дар ноҳия 6 400 килоро ташкил дод. Аз ин ҷамъоварии 1 920 кило ба хоҷагии ҷангал ва 4 480 кило ба ҶДММ «Грин голд» рост омад. Ҳосили ҷамъшудаи ин ва дигар хоҷагиҳои пистапарвар барои истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулоти ватанӣ нокифоя мебошад.
Вобаста ба ҳосилнокии писта дар ноҳияи Фархор Давлат Саидов гуфт. «Азбаски иқлими ноҳияи гарму хушк аст, тундбоди афғонӣ тез – тез вазида, ба ҳосили писта зарари калон мерасонад, миқдори зиёди ҳосил нобуд мешавад. Риоя накардани тартиботи чиниши дуруст ҳангоми ҷамъоварии писта (махсусан дар ҳолати ғайриқонунӣ чидани он) низ боиси камҳосилӣ мегардад. Ғайр аз ин, ба ҳосилбандии писта ҳар гуна касалиҳо ва ҳашароти зараррасон таъсир мерасонанд. Писта дарахти духонага буда, дарахти модина ва наринаи он дар алоҳидагӣ месабзанд. Тақрибан  дар 65 – 70 дарсади ҷангалзори ҷумҳурӣ дарахтони пистаи нарина рӯидаанд. Барои барқарор кардани баланси меъёри дарахтони нарина ва модина бояд пайванди ниҳолҳо гузаронда шавад. Мутаассифона, дар ин кор мо таҷрибаи кофӣ надорем.
Роҳи дурусти рушди ҷангалпарварӣ ҷалби ҷомеаҳои маҳал ба барқароркунии ҷангал, ҳифзу нигаҳдорӣ ва бунёди шабакаи истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар қаламрави экосистемаҳои ҷангал мебошад».
Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар деҳот қисми бештари аҳолӣ ба нигоҳубини ҷангал, аз ҷумла чидани писта, машғуланд, ки аз ҳар кадоми онҳо масъулияти баланд талаб карда мешавад. Алъон ин масъала барои беҳсозии шароити зиндагии сокинони кӯҳистон хеле мубрам аст. Хусусан рустаниҳои мевагии бисёрсола дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ ва иқтисодиёти деҳот нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар қатори корхонаҳои саноатӣ дар хоҷагиҳои ҷангал бунёд кардани коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти ҷангал ба манфиат буда, барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда таконбахш аст, аз ҷумла истеҳсоли шарбат, мураббо, нӯшобаҳои давоӣ, меваи хушки зардолу ва писта. 
Пистаи тоҷикӣ аз пистаи ба кишвар воридшуда аз ҷиҳати равғаннокӣ ва тамъ фарқкунанда буда, дар хориҷи кишвар харидори зиёд дорад. Бузургтарин истеҳсолкунандаи писта дар ҷаҳон Эрон аст, ки бо содироти маҳсулот иқтисодиёти кишварашро пеш бурдааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба истеҳсол ва содироти пистаи маҳаллӣ бояд бештар бошад. Аз ҳисоби содироти пистаи босифати Тоҷикистон даромади хуб гирифтан мумкин аст.    
Коршиносон бар он назаранд, ки дар сурати гирифтани пеши роҳи чиниши ғайриқонунии писта ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан имконпазир аст. Аз рӯйи маълумоти хоҷагиҳои пистапарвар (ноҳияҳои Данғара ва Панҷ) бармеояд, ки қариб дар ҳама хоҷагиҳо ҳолати ғайриқонунӣ ва хом чидани писта ба қайд гирифта шудааст. Масъулон дар асоси санадҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонуншиканӣ чораҳои зарурӣ андешидаанд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, қонуншиканӣ ҳанӯз идома дорад.
Барои пешгирии қонуншиканӣ зарурати гирифтани пеши роҳи харидуфурӯши пистаи хомро муҳим меҳисобанд. Зеро пистаи пеш аз муҳлат ғайриқонунӣ чидашуда ба шаҳрвандони Афғонистон фурӯхта мешавад. Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбат ба харидуфурӯш ва интиқоли ғайриқонунии писта тадбирҳои қатъӣ андешанд. Ғайр аз ин, тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи ҳифзи ҷангалзор аз ҳар гуна қонунвайронкуниҳо (буриши дарахту буттаҳо, шикори ғайриқонунӣ, чидани меваю ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш ва амсоли инҳо) ба роҳ монда шавад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 830

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед