фарҳанг
МЕҲРГОН БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕШАВАД
Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону меҳмонони ватаниву хориҷӣ Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар ойинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Акбар Турсон академик, Аббосалӣ Ҳасанов, сафири Озарбойҷон ва Франсис Рошер муҳаққиқ аз Фаронса, иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Соҳибистиқлолӣ ба аксари ҷашну маросимҳои миллии мо, бавижа Наврӯзу Меҳргону Сада умри дубора бахшид. Меҳргон низ ҳамчун куҳантарин ҷашни мардуми ориёинажод бо хусусият ва шукӯҳу шаҳомати хеш эҳё гардид. Мо дар оянда нақша дорем, ки дар самти пажӯҳишу тарғиби илмии ин ҷашн ҳиммат гумошта, онро ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардонем, - изҳор дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Мавсуф иттилоъ дод, ки дар ин бора ба дафтари ЮНЕСКО мавод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардидааст ва баъди қабули қарорҳои дахлдор Меҳргон низ ҳамчун арзиши олии инсоният ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ ворид мегардад.
Аббосалӣ Ҳасанов дар мавриди ҷашнгирии иди Меҳргон дар Озарбойҷон ҳарф зада, баъзе вижагиҳо ва муштаракоти онро барои халқҳои тоҷику озар қайд кард. Аз ҷумла, ба ҷашни Анор, ки дар Озарбойҷон ҳамчун як қисмати умдаи Меҳргон таҷлил мегардад, таваққуф намуда, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар эҳё ва ташвиқу тарғиби ин ид дастгирӣ намуд.
Академик Акбар Турсон моҳияти фалсафиву умумиинсонии Меҳргон ва сайри таърихии онро дар аҳди бостон ва осори классикони тоҷику форс рӯшан кард.
- Таҷлили Меҳргон бо Наврӯзи баҳорӣ тавозуни кайҳониро ба вуҷуд овардаанд. Асли ҷашнҳои мазкур ба илмҳои ситорашиносӣ рафта расида, муштаракан илмҳои кишоварзӣ, набототшиносӣ ва хокшиносӣ ва боз чанди бахшҳои хурду бузурги улуми дигарро дар худ гунҷондаанд. Ҳамин гуна арзишҳои баланди ғоявию илмӣ доштанаш сабаб шудааст, ки мардум онро то ба имрӯз ба шаклу суратҳои гунонгун зинда нигаҳ дошта омадаанд,- афзуд Акбар Турсон.
Франсис Рошер ба ҷашни мардумӣ ва сарчашмаи ормону хостаҳои халқ будани Меҳргон ишора карда, қайд намуд, ки дар Фаронса низ чун Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосил ҳамчун рамзи фаровониву шукргузорӣ аз табиат ҳамасола гузаронда мешавад. Аммо Меҳргоне, ки дар байни мардумони Осиёи Марказӣ бо ному шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад, решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Бавижа, вожаи таркибии меҳр (Митро), яъне офтоби зардуҳиштӣ, ки дар номи Меҳргон аст, гувоҳӣ бар он медиҳад, ки пеш аз мелод низ аҷдоди шумо ин идро таҷлил мекардаанд. Баъдтар шоҳони сосонию амирони сомонӣ онро равнақи тоза бахшида, ба мондагории он ҳиссаи шоиста гузоштаанд.
Симпозиум дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ баргузор гардида, ҳозирин, бавижа пажӯҳишгарону меҳмонони хориҷӣ ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ ворид шудани Меҳргонро бо хушнудӣ пазируфтанд ва якдилона ҳамовозии хешро баён доштанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2017 №: 217 Мутолиа карданд: 983