logo

иқтисод

СУҒД. СОҲИБКОРОН АЗ ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

Соҳибкорони Суғд аз мулоқоти  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон зимни истиқболи сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон, аз ҷумла дар самти  истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва воридотивазкунанда, изҳори хушнудӣ ва сипосгузорӣ карданд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки ҷиҳати кушодани баъзе муаммоҳои мавҷуда бевосита ба Сарвари давлат пешниҳоди хешро манзур намоянд. Ин мулоқотро коршиносон беҳтарин роҳи  ҳалли масъалаҳои рушди соҳа арзёбӣ намуданд. 
Аловаддин Низомов, сардори  раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд то аввали моҳи октябри соли равон шумораи соҳибкорони инфиродӣ  31,5 ҳазор ва бо шаҳодатнома  фаъолияткунанда  кариб 67 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6 ҳазор мебошад. Зиёд гардидани шумораи соҳибкорон ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ дар минтақа такони ҷиддӣ бахшид. Саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят давоми 9 моҳи соли ҷорӣ   15,5 дарсадро дар бар мегирад, ки нишондиҳандаи  назаррас ба ҳисоб меравад.
Баробари зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, инчунин, бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо ташаббуси соҳибкорони вилоят самари пешрафти соҳа дар ин диёр аст. Дар  ин давра дар шаҳру навоҳии минтақа  таъсиси корхонаи истеҳсолӣ 7,  иҷтимоӣ 8, тиҷоратӣ 2 ва хизматрасонӣ 15 ададро дар бар мегирад. 
Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваи “Баракат Исфара” дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни  Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги бахши соҳибкории вилоят маҳсуб меёбад. Корхонаи мазкур дар  асоси  ҳамкориҳои  судманд  бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Русия бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳ барои 70 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида,  маоши онҳо  аз 700 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд дастовардҳо дар самти фаъолияти соҳибкорӣ чашмрасанд, рафъи баъзе мушкилиҳои соҳа тадбирҳои саривақтиро тақозо менамояд. Таҳлилҳо вобаста ба риояи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” нишон доданд, ки мақомоти санҷишӣ дар маҳал талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба таври зарурӣ намедонанд. Ҳангоми гузарондани санҷиши фаъолияти соҳибкорон онҳо аксаран ба хатоиҳо роҳ медиҳанд. Бинобар ин, раёсат якҷо бо ташкилоту идораҳои масъул корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни соҳибкорон ва кормандони   мақомоти санҷишӣ пурзӯр намуд. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 717

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед