logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИШҚ ВА ТАЪЗИМ
Мавлоно (Ҷалолуддини Балхӣ) – ро яке хабар овард, ки Мавлоно Шамсиддин (Шамси Табрезӣ) – ро дидам. Мавлоно ҳар чи пӯшида буд, ба вай бахшид.
Ба Мавлоно гуфтанд, ки «Дурӯғ мегӯяд ва хилоф аст, ин ҳамаро ба вай чаро бахшидӣ»?
Мавлоно фармуд, ки ин миқдорро ҷиҳати (барои) дурӯғаш додам. Агар рост гуфтӣ, ҷонҳо додаме».
Ишқ ва таъзим, инчунин, бошад, ки хабарҳои дурӯғро чунон атоҳо диҳад ва иродатҳо намояд, бо он ки яқин медонист, ки дурӯғ мегӯяд, зеро ки ӯро он назар буд, ки дурӯғро аз рост медонист.
Баргардони Абдулқодири РАҲИМ


ЯК ПАНД
Сармоядоре бо ҳамсараш танҳо зиндагӣ мекард.  Фарзанд надошт. Чун ба касе ҳам дирҳаме намедод, мардум хасисаш мегуфтанд. Дар шаҳр қассобе низ зиндагӣ мекард. Ӯро бар хилофи сармоядор марди сахӣ мешинохтанд, зеро гоҳ - гоҳе ба мардум бепул гӯшт тақсим мекард.
Рӯзе сармоядор бемор шуду бистарӣ гашт. Касе ба аёдаташ наомад. Рӯзаш буд шуду вафот кард. Мардум ба ҷанозааш ҳам наомад. Ҳамсараш ба танҳоӣ шавҳарро ба хок супурд.
Аммо пас аз фавти ӯ ҳодисаи аҷибе рух дод: қассоб дигар ба касе бепул гӯшт надод. Чун мардум сабаб пурсиданд, чунин гуфт:
- Касе, ки пули гӯштҳои шуморо медод, дирӯз вафот кард...
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ВИМ ХОФ ВА РЕКОРДИ АҶИБИ Ӯ
Таърих бисёр ҳолатҳоеро медонад, ки одамон пас аз тамринҳои гуногун амалҳои фавқулодаро, ки барои дигарон дастнорас аст, анҷом додаанд…
Таваҷҷуҳи шуморо ба далелҳои ҷаззобу ҷолибе, ки Вим Хофи ҳолландӣ бо лақаби «Одами яхин» маъруф мебошад, ҷалб менамоем. Ӯ метавонад ба осонӣ ҳарорати бисёр поини сардиро таҳаммул кунад ва 9 маротиб рекорди ҷаҳониро гузоштааст.
Вим Хоф иқрор шудааст, ки ба чунин натиҷа ба шарофати тамринҳои пайвастааш мушарраф шудааст. Дар 17- солагӣ ӯ дарк намуд, ки умуман сармову сардиро эҳсос намекунад.
Ӯ ҳамеша дар рӯйи барф бо пойи луч мегардад ва дар оби яхин шино мекунад.
Боре барои ӯ лӯлаи шаффофе омода намуда, онро пур аз оби сард, якҷо бо ях пур карданд. Марди ҳолландӣ ба дохили он зарф даромада, яку ним соат худро дар он нигоҳ дошт.
Пас аз чанд муддат ӯ ин рекордашро тағйир дод ва ба 2 соат расонд.
Соли 2011 «Одами яхин» дар марафони биёбони Намиб бидуни ягон грамм захираи об иштирок намуда, давид ва бо ин исбот кард, ки вай ба гармо ҳам тобовар аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ҚАДРШИНОСИИ СТАЛИН
Конструктори системаҳои  артиллерӣ Грабин нақл мекунад, ки дар арафаи соли 1942 Сталин ӯро даъват карда, ситоиш менамояд:
- «Пушка»- и шумо Русияро аз ҳамлаҳои душман наҷот дод. Бигӯед, ки бар ивази матонати бемислатон чӣ мехоҳед: Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ё Ҷоизаи Сталинро?
- Ба ман фарқ надорад, рафиқ Сталин.
Дертар ба Грабин ҳам Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ доданд ва ҳам Ҷоизаи Сталин.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


ЭҲТИРОМ
Вақте хурд будам падарам ба ман ҳамеша аз овони донишҷӯиашон ҳикоят мекарданд. Барои ман шунидани ин қиссаҳо  аҷиб буд.
Аз он замон то имрӯз солҳои зиёде сипарӣ шуданд, аммо якеаш дар хотирам хуб нақш бастааст. «Боре дар автобус нишаста будам,- гуфт падарам. - Дар истгоҳ ба дохили он ховаршинос ва адабиётшиноси шинохта Камол Айнӣ, писари  Садриддин Айнӣ, ворид шуданд. Зуд аз ҷой бархоста, ба ӯ ҷой додам. «Ташаккур, писарам, ман рост меистам, дар ҷоятон шинед», - гуфт ӯ. Чун Камол Айнӣ нанишастанд, ман ҳам  рост истодам. Автобус ба пеш ҳаракат кард. Аҷиб то он даме, ки Камол Айнӣ дар дохили он  буду  рост меис-тод, мусофирони дигар низ аз ҷой хеста рост меистоданд».
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЯК ДАҚИҚА …
Ҳарчанд як дақиқа он қадар лаҳзаи тӯлонӣ нест, вале дар ҳаёти инсонҳо  метавонад  нақши муҳим гузорад. Барои мисол дар як дақиқа 258 кӯдак ба дунё  меояд. 300 миллион ҳуҷайраи тани инсон мемирад. 10 миллион тамоку кашида шуда, 7 нафар аз истифодаи он  мефавтад.  Даромади  Билл Гейтс 15000 доллар меафзояд. 116 нафар оила барпо карда,  144 нафари дигар ба хонаи нав мекӯчад. 360 маротиба  раъду барқ  ба вуҷуд омада, 5 ҳолати заминҷунбӣ  рух медиҳад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЗАНИ ФАРМОНБАРИ ПОРСО
Сарвари ширкати бонуфузе ҳамроҳи ҳамсараш хостанд, ки кори ғайриодие анҷом диҳанд. Барои хӯрдани хӯроки шом ба ошхонае, ки арзиши таомҳояш зиёд набуд, омаданд. Вақте ки онҳо вориди ошхона гаштанд, соҳиби он аз сардори ширкат пурсид, ки оё метавонад бо ҳамсараш суҳбати хусусӣ дошта бошад?
Ҳамсари роҳбари ширкат дар алоҳидагӣ бо соҳиби ошхона суҳбат кард. Баъд аз он мард аз ҳамсараш пурсид, ки чаро ӯ ин қадар муштоқи суҳбаташ будааст?
Ҳамсараш гуфт:
- Соҳиби ошхона иброз дошт, ки дар ҷавониаш девонавор ошиқи ман будааст.
Сипас, соҳибширкат гуфт:
- Агар ту бо ӯ издивоҷ мекардӣ, ҳоло соҳиби ин ошхона будӣ.
Ҳамсараш дар ҷавоб гуфт:
- Агар ман бо ӯ издивоҷ мекардам, ҳоло ӯ сарвари ширкати бонуфузе мебуд, ки шумо ҳастед.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


УСУЛИ НАВ. ЧӢ ТАВР БО МЕҲМОНОНИ САЙЁРАИ ДИГАР ДАР ИРТИБОТ БОШЕМ?
Як дастаи инженерҳои амрикоӣ аз коркарди усули нави иртиботи худ бо одамони сайёраи дигар иттилоъ додаанд. Онҳо лазери махсусеро кашф намудаанд ва аз тариқи он алангаи шуълаҳои кӯтоҳмуддати дар атмосфера ба вуҷуд меомадаро медоранд, ки бо ёрии он одамони сайёраи дигар метавонанд ба мо сигнал бифиристанд,- нигоштааст сомонаи Metro.
Ба гуфтаи таҳқиқгарон то замонҳои наздик чунин меҳисобиданд, ки намояндагони тамаддуни ғайризаминӣ ҳамеша метавонанд бо мо дар суҳбат бошанд ва фақат лозим аст, як асбоби пурқудратеро бояд сохт, ки имкони «шунидани» ин иттилоъро дошта бошад.
«Ба назари мо бо одамони сайёраи дигар (инопланетянҳо) ҳамеша дар эфир будан зарур нест. Онҳо метавонанд дар як сол ва ё зудтар аз он ба мо то ҳадди имкон лаҳзаҳои иттилооти кӯтоҳро, ки зарур аст, бифиристанд.
Дастгоҳи мо нисбат ба дастгоҳҳои пештара нозук ва мушкил аст. Он имкони боздоштани ингуна шуълаҳоро дорад», - изҳор медоранд амрикоиҳое, ки рӯи тарҳи «Laser Seti» кор мекунанд.
Алҳол командаи инженерон аз ИМА барои ба анҷом расондани ихтирооти худ маблағ ҷамъоварӣ менамоянд. Ба онҳо барои ин кор 100 ҳазор доллар лозим аст.
Таҳияи И. РАҶАБАЛӢ


МАРД ВА ГУРБА
Марде аз он, ки занаш ба гурбаи хона бештар аз ӯ таваҷҷуҳ мекард, нороҳат буд. Рӯзе гурбаро бурда, чанд хиёбон дуртар раҳо кард, вале ҳамин ки ба хона расид, гурбаро дар оғӯши занаш дид. Ин кор чандин маротиба такрор шуд. Марди ба хашм омада як рӯз гурбаро дар мошин савор карда, дар як мавзеи хеле дур раҳо намуд. Охири шаб мард ба хона занг зада бо овози хаста мепурсад:
- Ҳамон гурбаи аҳмақ боз гашта омад?
Занаш гуфт:
- Оре.
- Чӣ хел? Девонавор бонг зад мард.
- Намедонам.
Баъди лаҳзае хомӯшӣ мард гуфт:
- Беҳтараш гӯширо ба ӯ деҳ, ман роҳгум задам.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


МУҲАББАТ САРҲАД НАДОРАД
Чжоу Ю Ай,  шаҳрванди Чин, 57 сол боз парастории зани худро, ки ба бемории фалаҷ гирифтор аст, ба зимма дорад. Онҳо соли 1959 хонадор шуда буданд. Баъд аз панҷ моҳи арӯсиашон ҳамсараш бемор шуда, қобилияти ҳаракат карданро аз даст медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки «рафиқонам борҳо ба ман тавсия доданд, ки аз баҳри арӯси маризам баромада, зани дигар гирам. Аммо ман аз ишқам гузашта натавонис-там. Аз нигоҳубини ҳамсари 57 солаам  хаста нашуда,  умедамро накандааму бовар дорам, ки давои ин дардро меёбем», - мегӯяд Чжоу.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
Шараф
Маросими истиқболи  варзишгари ғолиб боиси ифтихор ва шарафи тамоми сокинони шаҳри ӯ мегардид. Замоне ӯ аз бозиҳо бармегашт, вайро чун қаҳрамон пешвоз мегирифтанд ва варзишгар  то абад имтиёзҳои зиёдеро  дарёфт мекард.
Ба хотири маъруфияти худ варзишгар ҳақ дошт муҷассамаи худро гузорад. Ғайр аз ин, ӯ метавонист ба шоир муроҷиат намояд то вай дар бораи шуҷоату қаҳрамониаш шеър нависад. Гоҳо ба хотири ёди варзишгари қаҳрамон ва шинохташ дар тамоми Юнон бо ҳисси ифтихор аз ҳамшаҳрии худ сокинони шаҳр акси ӯро дар рӯи сиккаҳо ҳаккокӣ мекарданд.

Ҷоизаҳо дар зӯрозмоиҳои маҳаллӣ
Ҷоизаҳое, ки дар зӯрозмоиҳои маҳаллӣ тақдим мегардиданд аз лиҳози модӣ бамоҳияттар буданд. Ба ғолиб аксар вақт кӯзаи пур аз рӯғани зайтунро ҳадия мекарданд. Дар он замонҳо равғани зайтун арзиши баланд дошт, ҳатто аз пул ҳам болотар дониста мешуд. Ҷавоҳироти дигар, ба монанди кӯзаҳои калони сепоядор, сипеҳрҳои биринҷӣ ва ё ҷомҳои нуқрагин низ чун ҷоиза тақдим мегардиданд.
Вале тоҷи хоксоронаи ифтихорӣ аз баргҳо дар олами юнонӣ баарзиштарин ҷоиза ба шумор мерафт, чунки дорандаи он дар миёни аҳолӣ обрӯю  ифтихор ва эҳтироми хоссаро касб мекард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ДРАКУЛ
Дар тафаккури мил-лионҳо одамон ин ном бо образи манфии вампири Трансилвания – кишвари торику хафакунанда ва пурмуаммо пайванд аст. Рӯзона ба ҷисми мурда табдил меёфту шабона ба шикори одам мебаромад ва ин соли 1897 рух дод. Маҳз дар ҳамон сол вай маъруф шуд ба шарофати романи ваҳшатзойи нависандаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Брэм Стокир.
Вале на ҳама медонад, ки персонажи намирандаи Стокир воқеан ҳам чор аср пеш аз нашри китоб дар Трансилвания зиста буд. Ҳарчанд вай ба маънои аслиаш хунхӯр набуд, аз худ овозаи мағшуш боқӣ гузошт. Зеро нисбат ба мардуми кишвараш беҳад бераҳму золим буд. Ва ин Дракули воқеӣ соли 1430 ё 1431 дар шаҳраки Сигишоараи Трансилванияи куҳна чашм ба дунёи равшан кушод ва писари дуюми Влади II - князи Валахия ба ҳисоб мерафт. Ҳукумати падарро ба мерос гирифта Влади III шуд, аммо худро Дракул меномид. Чунки падараш узви сектаи католикии Дракон (аждаҳо) буд. Он замон аждаҳоро аз насли иблис ҳисоб мекарданд.
Дракул ҷанговари ҷасур буд, аммо ӯро ҳеҷ фаҳмида намешуд, гоҳе тарафи давлати ҷанубиро мегирифту баъд ҷонибдори кишвари шимолӣ мешуд, гоҳе зери парчами католикҳо буду гоҳе бар зидди онҳо меҷангид, зери парчами ислом бо туркҳои усмонӣ бар зидди маҷорҳо ҳам шамшер зад. Се бор Валахияю Трансилвания -  қисми ҷанубии Руминияро аз даст доду боз гирифт. Соли 1448 бо ёрии туркҳо ба тахт нишаст. Дар асрҳои XIV-XV куштани рақибони сиёсӣ кори муқаррарӣ буд. Дракул нисбат ба рақибон беҳад бераҳм буд. Ҳисоби қурбониёни ӯро таърих намедонад. Аз ин рӯ, Дракул ҳамчун синоними ҳукмрони золиму хунхор шинохта шудааст ва ӯро вампир – хуношом номидан воқеият дорад.
Оё дар замони мо вампир ҳаст?
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
4. Гейтсхед
Ҷоизаи асосии меъмории Британия ба ин иншооти одӣ, базеб ва нодир насиб гашт, ки бинокорони пулҳои навоварона бо харҷи 44 миллион доллар сохтанд. Гейтсхед, ки соли 2001 ба истифода дода шуд, ду равоқ дорад: яке худи пул, дигаре такягоҳ аст, ки онҳо меҳвари умумии даврзанӣ доранд.
Пул барои гузаштани киштиҳо боло мешавад ва ҳамин ҳаракати даврзанӣ тамоми конструксияро ба равоқи ягона табдил медиҳад. Маҳз ҳамин лаҳза ниҳоят ҷолиб аст, чунки дар ин асно пул пилки оҳиста болою поинмешудаи чашми азимро ба хотир меорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
12. Димоғаи Челюскин 
Димоғаро соли 1742 экспедитсияе, ки роҳбариашро Семён Челюскин, баҳрнавард ва пажӯҳишгари шимоли Русия, ба уҳда дошт, кашф намуда, номи онро Шарқиву шимолӣ мегузорад. Танҳо пас аз сад сол – 1842, ҳангоми ҷашнгирии 100 - солагии ин экспедитсия, димоға ба номи муҳаққиқи бузурги рус гузошта мешавад. 
Димоғаи Челюскин дар қисмати дуртарини шимоли нимҷазираи Таймир ҷойгир буда, аз дигар мавзеъҳо бо сардиҳои шадидаш фарқ менамояд.  Фасли зимистони димоға басо тӯлонӣ буда, барфаш қариб ки об намешавад. Ҳарорати ҳавои он моҳҳои июл – август, одатан, аз +1С° гармтар нест. Соли 1932 дар димоғаи Челюскин пойгоҳи қутбӣ ва пас аз чанде расадхона бунёд карданд. Алҳол пойгоҳи қутбӣ ба пойгоҳи метеорологӣ табдил дода шуда, дар он даҳ нафар фаъолият мебарад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


ФИЛ. ЧАНД ФАКТИ АҶИБ!
Филҳо қобилияти муайян намудани обҳои зеризаминиро доранд.
Ҳарорати муқаррарии бадани фил ба 39,9 С0 баробар аст. Вай дар як дақиқа 12 маротиба нафас мекашад. Вазни дили фил ба 12 килорамм баробар буда, дар як дақиқа 40 маротиба тапиш медиҳад. Умри миёнаи филҳо ба 30 – 40 сол мерасад.
Дар хартуми фил 40000 мушак мавҷуд аст. Он қудрати аз реша канда партофтани дарахтро дорад. Ин ҷонвар обро аз дурии 5 километр ва филҳои дигарро аз дурии 3 километр ҳис карда метавонад.
Дар як шабонарӯз 75,7 литр об менӯшад. Ҳамчунин, ҳар рӯз 18 - 20 соати умрашро бо хӯрокхӯрӣ мегузаронад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМӢ


ҶАМОЛУНГМА – ҚУЛЛАИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Кӯҳи Ҷамолунгма дар қаторкӯҳҳои Ҳимолой қомат афрохта, баландии он 8848 метрро ташкил медиҳад. Қисматҳои ҷанубии он дар сарҳади Непал ва вилояти худмухтори Тибет (Чин), қисмати шимолиаш дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст. Қулла шакли пирамидаро дошта, хамии ҷанубиаш азимтар мебошад. Аврупоиҳо онро Эверест ном мебаранд.
Соли 1852 математик ва топографи ҳинд Радҳанат Сикдар аввалин шуда дар асоси ҳисобҳои тригонометрӣ муайян намуд, ки Ҷамолунгма баландтарин қуллаи олам аст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2017    №: 218    Мутолиа карданд: 1012

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед