logo

иқтисод

ПАНҶАКЕНТ. СИМОИ НАВИ ДИЁРИ КУҲАН

Ислом ЗИЁЗОДА,
раиси шаҳри Панҷакент

Ҳар субҳу шом вақте аз кӯчаҳои шаҳр мегузарам ё ба ҷамоатҳои деҳот меравам, беихтиёр нахустин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент пеши назарам меояд.
Сарвари давлат дар боғи канори роҳи мавзеи машҳури Қавола бо мардум мулоқот оростанд. Тоҷикистон ҳанӯз дар банди кашмакашҳо буд, вале Сарвари давлат бо умеди қавӣ ба ояндаи нек дар бораи пойдории сулҳу салоҳи комил, ободкорию созандагӣ сухан мекарданд ва ин боварию умед кулли сокинони  ин куҳандиёри тоҷиконро ба меҳнати созанда, ба сарҷамъӣ  атрофи Ҳукумат раҳнамун месохт.
Ҳоло бо гузашти солҳо ба ободию шукуфоии Панҷакент ва ҳама манотиқи мамлакат нигариста, ба ин итминони  Пешвои муаззами миллат бори дигар тан медиҳам.
Тӯли солҳои баъди Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло ба 25 - умин солгарди баргузории он омодагӣ  мебинем, Панҷакент симои худро куллан дигар намуд ва ҳамаи инро  мо натиҷаи сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат медонем. Ба фаъолият пардохтани  корхонаи муштараки «Зарафшон», ки ҳоло дар соҳаи саноати маъдани кӯҳии мамлакат, ғанӣ гардондани буҷети шаҳр саҳми бориз дорад, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори  1150 - солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, зиёда аз ин, таҷдиди роҳи Айнӣ - Душанбе ва бунёди хати баландшиддати барқ, ки ҳоло сохтмонаш идома меёбад, ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгории беназири 5500 - солаи шаҳраки бостонии Саразм маҳз бо дастур ва фотиҳаи неки Пешвои миллат амалӣ  гашта, ба рушди ҳама соҳаҳои иқтисоди шаҳр заминаи боэътимод гузоштаанд.
Таҳлилҳо ҳокӣ бар онанд, ки шаҳр рӯ ба рушд дорад ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ афзуда, сатҳу сифати  хизматрасонӣ боло меравад. Ин буҷети шаҳрро ғанӣ гардонда,  барои ҳалли  масъалаҳои иҷтимоӣ замина мегузорад.
Давоми нуҳ моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷет 127,4 фоиз  таъмин гардид, ки ин 38, 4 миллион сомонӣ аз воридоти маблағ ба буҷети соли гузашта бештар аст. Ин имконият фароҳам овард, ки имсол дар деҳаҳои дурдасттарини Ҳафтрӯд, ки дар канори Ҳафткӯли машҳур воқеъ аст ва Рукнобод мактабҳои нав, барои оилаҳои аз офати табиӣ зиёндидаи деҳаи Амондара 10 манзили истиқоматӣ бунёд намоем. Ба ифтихори Соли ҷавонон сохтмони Маркази ҷавононро бо тарҳи зебо ва гулгашт, ки он ҷо муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ бо намои нав ҷой мегирад, оғоз намудем. Воқеан, соли гузашта бо маблағгузории буҷети шаҳр дар назди осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин гулгашти зебо бо айвонҳои мунаққаши кандакорӣ ва фаввораҳои хуштарҳ сохта шуданд, ки ҳоло ба ҷойи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонон табдил ёфтааст.
Соли равон ду бинои хуштарҳи истиқоматӣ, ки дар қабати якумашон марказҳои савдо, коргоҳҳои дӯзандагию қаннодӣ ҷойгиранд, бо ҷалби сармояи соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифт. Зимнан, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба рушди соҳибкорӣ, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо соҳибкорони мамлакат таъкид намуданд, аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳранд.
Ҳоло соҳаи бору мусофиркашонӣ, тиҷорат, таъмини бозори истеъмолии шаҳр, қисмати бештари сохтмони иншооти гуногун бар дӯши соҳибкорон аст ва ҳиссаи онҳо дар  ғанӣ  гардондани  буҷети  шаҳр  сол то сол меафзояд. Бо ҷалби сармояи соҳибкорон бунёди 17 иншооти таъйиноти гуногун тарҳрезӣ шуда, то охири сол онҳо мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар мулоқот бо намояндагони 7700 соҳибкори шаҳр мо вазъи соҳаро ҷиддан таҳлил намуда, бори дигар таъкид доштем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр омода аст ҳар иқдоми онҳоро, хосса дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, ҳамаҷониба ҷонибдорӣ ва ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат намояд.
Дар иқтисоди шаҳр саҳми соҳаи саноат, хосса корхонаи муштараки «Зарафшон», калон аст. Дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли равон бори нахуст ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба беш аз 1,1 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124, 5 фоизро ташкил дод.
Чанд сол муқаддам Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони шаҳр ба ҳосили  майдони картошка таваҷҷуҳ карда, барои зиёд намудани истеҳсоли ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ дастур дода буданд.    
 Соли гузашта истеҳсоли картошка ба беш аз 72,9 ҳазор тонна ва то ин муддати соли равон ба 66,7 ҳазор тонна расонда шуд. Соли оянда  майдони кишти картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба панҷ ҳазор гектар расонда, Панҷакент  ба  яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли ин зироат  дар мамлакат табдил хоҳад ёфт. Дар ин росто, сохтори кишти зироат бозбинӣ шуда, майдони кишти ҷаву гандум ва зироатҳои дигар, ки дар иқлими мо ҳосили баланд намедиҳанд, кам карда мешавад. Дар баробари ин, мо ба зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, сабзавот , бунёди боғҳо, хосса боғҳои интенсивӣ, гармхонаю сардхонаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳем. Ҳоло дар шаҳр беш аз 5000 хоҷагии деҳқонӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд.
Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, аз қабили шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, аз ҷумла Ҳафткӯлу Кӯли Калон, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифтааст. Ҳоло дар шаҳр 11 ширкат ба пазироии  сайёҳони хориҷӣ машғул буда, солҳои охир бо бунёди меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ташкили хатсайрҳои кӯҳӣ инфрасохтори соҳа беҳ мегардад. Мутмаинам, ки соҳа дар оянда як манбаи ғанигардонии буҷет ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ мешавад.  
Тавассути бунёди коргоҳҳои хурди атласу адрасбофӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ташкили хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ва рушди соҳибкорӣ дар нуҳ моҳ  беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё  карда шуд.
Чанде пеш гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат дар ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адибону олимон ҷиҳати тарғиби тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз Панҷакент боздид намуда, дар шаҳр ва ҳама ҷамоатҳои деҳот бо мардум мулоқот карданд. Хулосаи ин ҳайати бонуфуз он буд, ки сокинони шаҳри Панҷакент иқдоми Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ мекунанд ва барои татбиқи он талош меварзанд.
Хуллас, имрӯз сокинони Панҷакент бо шукргузорӣ ва ифтихор аз фазои сулҳу  субот ва созандагӣ дар Ватани азиз ба 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16 – уми  Шӯрои Олии мамлакат, ки роҳи тоҷиконро ба ояндаи нек боз намуд, омодагӣ мегиранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2017    №: 218    Мутолиа карданд: 864

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед