logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ НАВРӮЗУ МЕҲРГОН

Ин нукта ҳақиқати баҳснопазир аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ ҳимоятгар ва ҳидоятгари халқи тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон ва дар бобати худшиносию худогоҳии миллӣ, зинда гардондани расму ойинҳои ниёгон, бозгашт ба саргаҳу сарчашмаи анъанаҳо пешоҳанг аст. Маърифатпешагӣ ва ҳақиқатандешии ӯ дар муносибат ба ду ҷашни бузурги мардуми ориёитабор – Наврӯзу Меҳргон баръало ба назар мерасад.
Маҳз таъкидҳо ва азму талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, аз ҷумла аз минбарҳои баланди дунё бо забони ноби тоҷикӣ Наврӯзи оламафрӯз  хусусияти аслӣ, умумиинсонӣ ва умумиҷаҳониро касб намуд. Сарвари давлат дар ҳамаи мавридҳое, ки аз Наврӯз сухан оғоз мекард, ҳатман аз Меҳргон ёдовар мешуд: «Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо, тоҷикон, аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд».
Бо ташаббуси бевоситаи ӯ Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  3 ноябри соли 1995 дар радифи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ дохил карда шуд.
Дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон қисми таркибии он ба ҳисоб мерафт, ҳатто ба ном гирифтани ин ҷашни зебою дилорои гузаштагонамон ҷуръат намекардем, онро бо номи иди деҳқон, иди ҳосилот ва ё тирамоҳи заррин ёд мекардем, вале халқи куҳанбунёд расму оини онро дар амалкардаш, дар хонаи дидаву дил мепарварид. Бинобар ҳамин, Сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани Меҳргонро чун иди миллии давлатӣ ба расмият даровард ва дар силсилагуфторҳояш ба ин муносибат халқияту ҳақиқат, саодату баракати онро таъкид намуда, асолати онро дар зеҳну устухони мо нишонд.
Ҳангоми суханронӣ дар ҷашни 80 - солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо қатъияти тамом чунин дастури оқилона дод: «Иди бостонии Меҳргон ҳар сол чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати ҳаммонанди Наврӯзи хуҷастапай таҷлил гардад».
Дар ин фармудаи Сарвари давлат чандин нуктаи муҳим оид ба Меҳргон зикр ёфтааст: ҷашни бостонӣ будан, хусусияти миллӣ доштан, иди давлатӣ ва ҳамрадифи Наврӯз шуморидан, бо шукӯҳу шаҳомат гузарондан.
6 июли соли 2017 дар мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф (дар шаҳри Душанбе) Пешвои тоҷикони ҷаҳон пешниҳоди аҷибе кард: «Ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон, дар моҳи октябри соли равон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад».
Ин пешниҳоди оқилона ва дурбинона имконият фароҳам меоварад, ки Меҳргони Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва минбаъд ҷаҳонӣ касб намояд. Он рӯз дур нест, ки Меҳргон монанди Наврӯз ҷаҳонафрӯз хоҳад шуд.
Ҳасани МУҲАММАДӢ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2017    №: 218    Мутолиа карданд: 1045

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед