logo

иҷтимоиёт

«НУРАФЗО». ТАШХИСИ ДАҚИҚ КАФОЛАТИ ШИФО

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маркази ташхисии Нурафзо» бештар аз 6 сол аст, ки ба беморон ва ашхоси ба табобат ниёздошта хизмат мерасонад.
Дар ин муддат бештар аз 70 ҳазор мизоҷ ба  марказ  муроҷиат карда, аз муоинаю ташхиси табибон гузаштаанд.
Ҳоло дар марказ беморони гирифтори бемориҳои ҷигару талхадон, меъдаю рӯда, гурдаю роҳҳои пешоб, шушу узвҳои нафаскашӣ, дарди сахти сар, буғумдарду сутунмуҳра, дилу рагҳои хунгард ва саратони узвҳои гуногун аз ташхис мегузаранд. Марказ дар нав-бати худ имкон дорад, ки аз ҳамаи минтақаҳои кишвар беморонро бо роҳхати табибон ва ҳам ба тариқи озод қабул карда, ташхис намояд. Ба марказ бештар беморони асабу ҷарроҳии асаб, шикастабандӣ, гурдаю роҳҳои пешоб, меъдаю рӯда, саратону узвҳои гуногун ва шушу узвҳои нафаскашӣ муроҷиат менамоянд.
- Мақсади мо табибон сари вақт пайдо кардани бемориҳо мебошад, ки беморон зуд шифо ёбанд, - мегӯяд Мурод Шаропов, сарвари марказ, номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ. – Ташхиси дақиқ ин оғози табобати кафолатноки бемориҳост, ки  табибон бо такя ба он беморонро шифо мебахшанд. Яке аз мушкилии маризон дар ҷумҳурӣ камбуд будани технологияи наву замонавии тиббию ташхисӣ мебошад, ки онҳо ба он хеле ниёз доранд. Аз ин рӯ ҳадафи мо ин аст, ки бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон ва соҳибкасбони варзида ба беморон хидмати шоиста расонем. Ҳамчун табиб зикр карданиям, ки ташхиси дурусту дақиқ кафолати табобати босамар ва шифоёбии беморон мебошад.
Дастгоҳҳои дар марказ насбгардида дастоварди охирини илм - дастгоҳҳои муосири шуоӣ ҳастанд. Чунончи, томографияи магнитӣ - резонансии «Магнитом С» айни замон дар ҷумҳуриамон ангуштшумор аст. Ҳамчунин дастгоҳи томографӣ – компютерӣ, ки мутахассисон ҳангоми ташхиси бемориҳо истифода мебаранд, беҳамтост. Яке аз афзалиятҳояш ин аст, ки дар 1 сония 16 ҳолати узви бадани одамро аксбардорӣ мекунад.
Дар «Барномаи ҳифзи саломатӣ барои солҳои 2015-2020» пешгирии бемориҳоро яке аз масъалаҳои ҳалталабу мубрами рӯз унвон кардаанд. Аз ин хотир мо бо кормандони марказ тасмим гирифтаем, ки дар иҷрои ин дастур саҳми худро гузорем. Ашхоси дар бадани худ дардеро эҳсос карда хуб мешуд ба маркази мо муроҷиат карда аз ташхис гузаранд ва дардашон куҳна нашуда сари вақт шифо ёбад. Зеро солимию тандурустии аҳли ҷомеа бақодорию пойдории давлат аст.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1031

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед