logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

55 мошини сабукрави тамғаҳои JAC S3  ва «Пежо», ки ба Душанбе оварда шуданд, дар кӯчаҳои шаҳр хизмати таксиро иҷро менамоянд. Бо интиқоли ин мошинҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон татбиқи қарордод байни ширкатҳои ин кишвар ва Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2000 мошини сабукрав ҷиҳати нав кардани парки таксиҳои шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Мошинҳои мазкур дорои сертификати мутобиқат ва ба тамоми талаботҳои бехатарии пешбинишуда ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи хизматрасонии таксиҳои нав барои 1 км масофа 2 сомонию 50 дирам муқаррар шудааст.
Барои  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии таксиҳои нав дар онҳо  барномаи компютерии ҷавобгӯ ба талаботи  муосир насб гардидааст, ки айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Онҳо, ҳамчунин, болиштҳои бехатарӣ доранд, ки ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нақлиётӣ мусофиронро аз хатар ҳифз менамоянд.
- Ин мошинҳо рӯзҳои наздик дар ҳамаи хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.  Тибқи нақша,  марҳила ба марҳила 1945 адад чунин мошинҳои сабукрав бо мақсади хизматрасонӣ ба сокинони шаҳри Душанбе  ворид  карда мешавад. Самти  асосии фаъолияти ширкати мо хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва мусофиркашонӣ мебошад.  Ширкат айни замон  дорои 39 автобус барои хизматрасонии байнишаҳрӣ  ва 105 мошини сабукрав барои хизматрасонии таксӣ (тамғаи KIA “Optima”  ва  JAC S3)  мебошад, - гуфт Султон Камолов, муовини директори генералии  ҶСП «Холдинги Осиё  гурӯҳи Тоҷикистон».
 Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 927

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед