logo

фарҳанг

ОЗМУНҲОИ “ҶУМҲУРИЯТ” ПАДИДАҲОИ ТОЗААНД

Хеле ҷолиб аст, ки рӯзномаи пешсафи кишварамон “Ҷумҳурият” чандест иқдому ташаббусҳои неку хушояндро пайгирӣ менамояд. Бидуни шубҳа, яке аз ин иқдомҳои шоиста ташкили озмунҳоест, ки вақтҳои  охир роҳандозӣ намудааст. 

Озмунҳо  бар  сари  худ  нав  нестанд, аммо озмунҳои “Ҷумҳурият”, воқеан, падидаҳои тоза ва навоваронае дар ҳаёти қаламкашон ва нашрияҳои моянд, зеро онҳо бо иштироки фаъолона ва бевоситаи мақомоти маҳаллии давлатӣ, бо ҷалби доираи васеи адибон, олимон ва хабарнигорони кишвар, хонандагон дар худи маҳалҳо, дар байни мардум барпо мегарданд. Чунин  доираи васеъро фаро гирифтану бо ҷалби мақомотҳои маҳаллӣ гузарондани озмунҳо падидаи нав аст. Чандин озмуне, ки гузаронда шуд, аз ҳадафмандӣ ва комёб гардидани ташаббускорони озмун дарак дод. Мо шоҳиди он шудем, ки мақомотҳои маҳаллӣ ва худи хонандагони рӯзнома ин падидаро хеле хуш пазируфтанд.
Банда бо ширкат дар ду озмуни барпогардида ба  ду ноҳияи кишвар ҳамроҳ бо иштирокчиёни дигар ва масъулони рӯзнома сафар кардаам ва бардошти хеле хубе дорам. Ҳам дар ноҳияи Рашт - дар ҷамъбасти озмун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва ҳам дар ноҳияи Айнӣ- дар ҷамъбасти озмун бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва бузургдошти устод Садриддин Айнӣ ва ифтитоҳи муҷассамаи ӯ ҷамъбасти ин озмунҳо ба падидаи фарҳангӣ ва иди мардумӣ табдил ёфтанд. Худи ҳамин далели муваффақ шудани ташкилкунандагони озмун мебошад.
Озмунҳои барпогардида чанд ҳадафи некро пайгирӣ намуданд. Аввалан, ба шарофати ин озмунҳо дар мавзӯъҳои эълонгардида, аз ҷумла дар мавзӯи ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, дар мавзӯъҳои забони тоҷикӣ, мақоми таърихии он, саҳми устод Садриддин Айнӣ ва Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи дубораи забон, мақоми таърихиву имрӯзии он, пажӯҳишу таҳқиқотҳои ҷолиби тоза ба вуҷуд омаданд. Сипас, бо ширкати беҳтарин адибон, олимон ва қаламнигорони кишвар як муҳити ҷолибу самарабахши эҷодӣ ба вуҷуд омад, ки ин хеле муҳим аст. Савум, доираи васеи аҳолӣ дар маҳалҳо аз ширкат дар ин ҷамъомадҳо, ки воситаи хуби тарғиботи фарҳанг дар байни ҷомеа ҳастанд, баҳраманд гардиданд. Чаҳорум, ба ин васила таваҷҷуҳ ва ҷалби мақомоти маҳаллӣ ба масъалаҳои фарҳанг ва худшиносиву ватандӯстии аҳолии кишвар бештар гардид. Барои худ кашф кардам, ки имрӯз дар ноҳияҳои мо сарварони ҷавони ватандӯсту фарҳангпарвар ва ташаббускор дар сари коранд, ки ин моро ба ояндаи неки ноҳияҳои кишварамон хушбин мегардонад. Ҳам  раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода ва ҳам раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода тавонистанд дар ҳамкорӣ бо маъмурияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” ин ҷамъомадҳоро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ барпо намоянд.
Ахиран, дар қасри фарҳанги ноҳия базми бошукӯҳ ба тариқи ширу шакар, яъне бо иштироки аҳли ҳунар, барпо гардид. Он субҳ пеш аз оғози ҷамъбасти озмун, зиёрати мақбараи шоири номдори тоҷик Нақибхони Туғрал ва боздид аз хона - музейи ин бузургвор хеле ба маврид ва таъсирбахшу хотирмон буд. Хеле ҷолиб буд, ки маъмурияти рӯзнома ба ғайр аз ғолибони озмун теъдоди зиёди иштирокчиёни онро низ бо худ бурданд ва ҳар якеро сазовори ҷоизаҳои махсус ва ифтихорномаҳои нашрия гардонданд. Лаҳзаи ҷолиб дар ин сафар боз ифтитоҳи муҷассамаи зебои устод Садриддин Айнӣ буд. Бадоҳатан дар ҳамон рӯзҳо  дар ситоиши мардуми меҳмондӯст ва табиати бемисли ҳар ду ноҳия шеърҳо гуфтаам, ки ба табъ хоҳам расонд.
Умедворам, ки ин иқдомҳои неку шоиста, хусусан ташкили озмунҳоро дар мавзӯъҳои мухталиф барои эҷодкорон,  рӯзномаҳо, созмону идораҳои дигари мо низ идома медиҳанд, зеро яке аз василаҳои хуби  тарғиби ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ,  забони тоҷикиву каломи бадеъ ва  дастгирӣ аз эҷодкорону ҳавасмандгардонии онҳо хоҳад буд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизадори озмунҳои “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 219    Мутолиа карданд: 1222

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед